Сиёсат

Тундгароии динӣ ва гумроҳӣ

  Тундгароии  динӣ  дар доираҳои  алоҳида  таҳти  номҳои гуногун ва дар шаклҳои   мухталиф  дар ҷомеаҳо аз замонҳои гузашта зуҳур карда, то инҷониб омада  расидааст. Мақсади муосири  тундгароии динӣ барҳам додани  таъриху фарҳангҳо ва  маданияти  башарият аст ва он аз хушунат бераҳмона ҳам гузаштааст. Қисмҳо, ҷиходҳо, тафруқаҳои мазҳабӣ, ихтилофоту ситезаҳои динии сиёсиолуда, ҷангҳои  шадид, зулму шиканҷа, […]

Экология

Тағйирёбии иқлим пайомадҳои нохуш дорад

  Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти  таҳдидовари Сайёра маҳсуб меёбад. Аслан, чунон  ки  иқлимшинсону коршиносон пайваста таъкид мекунанд, гармшавии глобалии Замин раванди табиӣ буда, ҳарорати умумӣ торафт тағйир ёфта истодааст. Дар зарфи якуним асри охир суръати гармшавии Сайёра аз сабаби вусъат ёфтани пешрафти техника ва сӯхтани навъҳои […]

Фаъолияти Шӯроъ Хабарҳо

Дар Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия

  9-уми июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид, ки дар он  аъзоёни Шӯро, котиботи он, роҳбарону кормандони муассисаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳо, кормандони шабакаи барқи ноҳия ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Ҷаласаи Шӯроро прокурори ноҳия М.Зувайдуллозода ҳусни кушоиш […]

Сиёсат

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм-омили муҳими амнияти миллату давлат

  Ба наздикӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он кормандони прокуратураи ноҳия, ҳайати котиботи Шӯро, раиси суд, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳои маориф, занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи муҳити зист, сартабиби […]

Вохӯри бо ҷамоат

Боздиди раиси ноҳия аз ҷамоатҳои деҳот

Санаи 10.07.25 Тибқи накша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ ва коркарди агротехникаи зироатҳои кишоварзӣ, махсусан пахта, иҷрои нақшаи ҳаққи хизматрасонии оби полезӣ бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут ва Намуна раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К  вохури баргузор […]

Хабарҳо

Истифодабарандагони неруи барқ аз талаботи конунгузории имрӯза бояд бохабар бошанд

Ба  наздикӣ дар  толори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки кулли фаъолон прокурори ноҳия муҳтарам М. Зувайдуллозода тағйироту  иловаҳоро, ки  ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи сарфакоронаю самараноки  неруи барқ ва гармӯӣ ворид  гардидаанд, шарҳу  тавзеҳ дод. Аз  кулли иштирокчиён  даъват ба  амал  овард, ки риояи  […]

Сиёсат

Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!

  6 майи соли  равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади судманде  баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода  Нусратулло Неъмат, раиси ноҳия  муҳтарам  Иброҳимиён Акмал Комилзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони бахшу  шуъбаҳо, рохбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои […]

Сиёсат

Терроризм ва экстремизи- хатари сартосарии ҷаҳони муосир

  Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 34-солагии онро дар фазои суботи сиёсии […]

Хабарҳо

Ободониву созандагӣ вусъат ёфта истодааст

  Имрӯзҳо  дар тамоми мавзею маҳаллаҳои ноҳия ба шарафи истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва тозакориҳо вусъати тоза гирифта истодааст. Мардум ба хубӣ  дарк мекунанд, ки тозагию озодагии муҳити зист яке аз омилҳои асосии саломатии инсон ва хушбахтии он мебошад. Бинобар ин бо ташаббуси кумитаҳои маҳалла ва корхонаю ташкилотҳо, муассисаю маҳаллаҳо […]

Сиёсат

Заволи коррупсия – таҳкими ҷомеа ва давлат

  Дар бораи мубориза  алайҳи зуҳуроти  коррупсионӣ ва дигар падидаҳои номатлуби замон бисёр гуфтаему  навиштаем,  вале гумон  мекунем, ки  то пурра  решакан  кардани ин  зуҳуроти номатлуб боз бисёр гӯему нависем, дар ҳамоишу ҷаласаву  ҷамъомадҳо чораҳои боз ҳам муқавворо роҳандозӣ намоем,  ташвиқу таргӣб кунем. Хусусан  коррупсия яке  аз  зуҳуроти   номатлубу  даҳшатноке барои ҷомеа  ва  давлат  маҳсуб […]