Хабарҳо

ПАНҶ: РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ДОХИЛИ ДЕҲАИ СЕЛГАҲ БОЗДИД НАМУДАНД

Имрӯз, 6 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ бо рафти корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳаи Селгаҳи деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут шинос гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани кӯчаву роҳҳои маҳаллӣ, бо ташаббус ва саҳми сокинони деҳа корҳои ободонию созандагӣ вусъат гирифтаанд.

Дар доираи ин иқдом мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳа ба масофаи 2 километр бо маблағи умумии 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои созанда дар беҳтар гардидани вазъи роҳҳои маҳаллӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва сокинон, инчунин ободонии муҳити зист нақши муҳим доранд.

Раиси вилояти Хатлон бо сокинони деҳа суҳбат намуда, барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ изҳори сипос карданд. Раиси вилоят чунин иқдомҳои ватандӯстонаи сокинонро намунаи ибрат барои дигар маҳалҳо ва омили муҳими рушди инфрасохтори деҳот арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки идомаи чунин корҳои созандагӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Сокинони деҳа низ изҳор доштанд, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ минбаъд низ дар ободонии маҳалли зист ва татбиқи ташаббусҳои созанда саҳми худро мегузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *