Хабарҳо

НОҲИЯИ ПАНҶ. БА ОИЛАИ АФСАРИ ҲАЛОКШУДАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ТАҚДИМ ГАРДИД

 

Имрӯз, 6 ноябр, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иҷтимоии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуданд.

Зимни суҳбат раиси вилоят таъкид карданд, ки дастгирии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус наздикони онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, чунин иқдомҳо нишонаи қадршиносӣ аз садоқату шуҷоат ва фидокории ҳомиёни Ватан мебошанд.

Афсари Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Бегматов Темурмалик Ҷумаевич моҳи январи соли 2026 ҳангоми адои хизмат ва иҷрои вазифаи ҳарбӣ дар ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари ҳамлаи сарҳадшиканон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбар ба ҳалокат расидааст.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии оилаи марҳум ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди манзили истиқоматӣ 205 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар натиҷа хонаи наву замонавӣ бунёд карда шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни тақдими калиди хона ба модар ва ҳамсари марҳум — Рауфзода Арафа изҳор доштанд, ки хизмату ҷоннисории фарзандони далери Ватан ҳамеша қадр карда шуда, хотираи неки онҳо дар қалби мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Ин иқдоми хайрхоҳона нишонаи равшани ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ буда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба наздикони муҳофизони Ватан равона гардидааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *