9-уми июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, котиботи он, роҳбарону кормандони муассисаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳо, кормандони шабакаи барқи ноҳия ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Ҷаласаи Шӯроро прокурори ноҳия М.Зувайдуллозода ҳусни кушоиш […]
Хабарҳо
Истифодабарандагони неруи барқ аз талаботи конунгузории имрӯза бояд бохабар бошанд
Ба наздикӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки кулли фаъолон прокурори ноҳия муҳтарам М. Зувайдуллозода тағйироту иловаҳоро, ки ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқ ва гармӯӣ ворид гардидаанд, шарҳу тавзеҳ дод. Аз кулли иштирокчиён даъват ба амал овард, ки риояи […]
Ободониву созандагӣ вусъат ёфта истодааст
Имрӯзҳо дар тамоми мавзею маҳаллаҳои ноҳия ба шарафи истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва тозакориҳо вусъати тоза гирифта истодааст. Мардум ба хубӣ дарк мекунанд, ки тозагию озодагии муҳити зист яке аз омилҳои асосии саломатии инсон ва хушбахтии он мебошад. Бинобар ин бо ташаббуси кумитаҳои маҳалла ва корхонаю ташкилотҳо, муассисаю маҳаллаҳо […]
Барқ – воситаи муҳими зиндагии инсон
26 майи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолону масъулин ҷамъомад гузаронида шуд. Дар ҷамъомад, ки онро муовини раиси ноҳия И.Хоҷазода ҳусни оғоз бахшид, ёрдамчиии калони прокурори ноҳия Т.Шодизода баромад кард. Мавсуф дар баромади худ ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба кодексҳо […]
Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ
13 марти соли равон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати ҳафтум) баргузор гардид, ки дар он вакилони навинтихобшуда, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва дигар масъулин иштирок доштанд. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: -ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии […]
Сафари кории муовини Сарвазир ва Вазири кишоварзӣ ба ноҳия
21 январи соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, инчунин як қисм меҳмонони сатҳи ҷумҳуриявӣ ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом доданд. Меҳмононро раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода дар даромадгоҳи ноҳия истиқбол намуд. Меҳмонон ба кору бори аҳли заҳмати ноҳия шинос шуда, сипас дар […]
Пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ
Тибқи Амри раиси вилояти Хатлон аз 6 феврали соли 2025, №3 ва Амри раиси ноҳияи Панҷ аз 11 феврали соли 2025, №18 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода […]
Пешгирии хавфи офатҳои табиӣ
Шуъбаи Раёсати Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ дар асоси супориши раис-сардори мудофиаи гражлании ноҳия ва муовини раиси Кумитаи ҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон як қатор корҳоро ба сомон расонид. Ҳамзамон, дар асоси Амри раис-сардори мудофиаи […]
Соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд
10 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи роҳбарон ва фаъолони ноҳия, инчунин муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой иштирок карданд. Дар ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Ҳ.Нидозода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар […]
Паём ва ҳадафҳои асосии он
28 декабри соли 2024 дар толори нави Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Сарвари мамлакат дар Паёми навбатии худ оид ба қайд намуданд, […]