Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
| Аз « 22» октябри соли 2026 № 958 н. Панҷ
|
Дар бораи гузаронидани озмун барои
ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– мудири бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳия;
– сармутахассис –ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;
– сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Озодагон;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассиси (заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассис (омор)-и ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассиси заминсози ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– мутахассиси пешбари нозири мизи бақайдгирии Ҷҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– сармутахассис (омор)-и ҷамоати деҳоти Намуна;
– мутахассиси ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида шавад.
| 2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 7 июли соли 2026, №496 аз эътибор соқит дониста шавад. |
Раиси ноҳия: Иброҳимиён А.К.
