Имрӯз дар толори МТМУ рақами 2 ноҳияи Панҷ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Иброҳимиён А. К., ва аъзоёни Шӯро сардори ШВКД Шамсуллозода Б. С., сардори Шуъбаи РКДАМ Муродалиев Д. А., Сардори бахши Хадамоти иҷро Салимзода Н. ва сардори нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ Файзуллозода Х. баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди давлатии об, нақлиёт ва алоқа ҳамчунин пешгирии худсарона ва ғайриқонунӣ ишғол намудани қитъаҳои замин ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт баррасӣ гардид. Дар ҷаласа аз тарафи раиси Шӯрои ҳамоҳангсози прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 Зувайдуллозода М. Дастурҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии тамоми қонунвайрокуниҳо дар ин самт ба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи идораи замин, сармеъмор ва дигар масъулини соҳа дода шуд. Аз аъзоёни Шӯро ҷиддан талаб карда шуд, ки баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти замин ва дар умум бар зидди ҷинояткорӣ бояд ҳама самаранок фаъолият намоянд. Доир ба ҷаласа қарори дахлдор қабул гардида вазифагузорӣ карда шуд.

