Хабарҳо

Табрикоти раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президент» ва 34-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамдиёрони азиз!
Дар нахустин рӯзҳои соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик барои гузаштан аз имтиҳонҳои сахту сангини таърихи давлатдории навини тоҷик рӯ ба рӯ гардид.
Дар он солҳои даҳшатбор хатари парокандашавии миллат, заволи давлат ва гузашта аз ин ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омада буд. Бо дасисаву иғвои душманони давлату миллати тоҷик дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан пойтахти он шаҳри Душанбе ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуда, тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардиданд. Миллионҳо нафар инсонҳо Ватани худро тарк гуфта, ба кишварҳои хориҷ паноҳ бурданд.
Ҳамзамон ҳазорҳо нафар дар ин ҷанги даҳшатбор ҷони худро аз даст дода, чандин ҳазор кӯдак ятиму бепарастор монд. Модарон дар фироқи фарзандон ва занон ба ёди шавҳарону бародарон нолаву фиғон карданд.
Ба бахти ин миллати тамаддунофару куҳанбунёд баргузо-рии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 12 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар таърихи ин миллат ҳамчун “Иҷлосияи тақдирсоз” ном гирифта мешавад саҳифаи наверо боз намуд. Зеро дар ин Иҷлосияи тақдирсоз бо ҳамовозӣ ва якдилии вакилони вақти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзона ва сарсупурдаи ин миллат, меъмори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбариро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда гирифт.
Ин фарзанди фарзона аз рӯзҳои нахустини роҳбариаш кори худро аз барқарории сулҳу субот ва оромӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, барои миллату давлаташ ҳатто тайёр буд ҷони худро ҷавонмардона аз даст диҳад.
Ин нуктаро ҳангоми савганд ёд намуданаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шеваи ҷавонмардона ва далеронаву иродаи мустаҳкам чунин баён доштанд: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам!”.
Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид ба фаъолияти шабонарӯзӣ ва роҳбарии хирадмандонаву оқилона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, дар таърихи ин миллати соҳиби тамаддуни чандинҳазорсола ва масири давлатдории навини тоҷик бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Инҷо як нуктаро мехоҳем баён дошта бошем. Соли 1994 ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории мулоқот бо роҳбарияти мухолифини ҳамонвақтаи тоҷик ба Хосдеҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар мекард, дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе вақти боло шудан ба тайёра бо ҳамроҳони худ чунин хитоб намуд: “Касе аз ҷони худ гузашта бошад, ҳамроҳи ман ба тайёра боло шавад!”.
Таърих гувоҳ аст, ки дар он замони басо ҳассосу мураккаб ва муташанниҷ ин хитоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамроҳон, танҳо як огоҳӣ не, балки далели ошкори ҷавонмардӣ, шуҷоат, нотарсӣ, сарсупурдагӣ ва барои миллату давлати худ ҷони худро дареғ надоштани шахсе буд, ки давлату миллати худро дуст дошта, барои барқарории сулҳу субот ва оромиаш ҳатто ҷони худро ба каф гузошта буд. Гузашта аз ин барои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он лаҳзаҳо ба ҷуз барқарории сулҳу субот, оромӣ ва амнияти сартосарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пештару беҳтар аз ҳама харчи зудтар хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, дигар чизе арзиш надошт.
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буд: “Ман ба иродаву матонат ва далериву шуҷоати Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорам, ки ӯ барои давлату миллаташ сулҳу оромӣ меорад. Дар таърихи башарият чунин роҳбар назир надорад”.
Ҳозирини арҷманду гиромӣ!
Таърихи миллати тоҷик баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми самтҳо гардид. Ин аст, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол санаи 16-уми ноябр ба хотири гиромидошт ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷлил карда мешавад.
Ба муносибати ин сана тамоми мардуми ноҳия ва Шумо ҳозирини гиромиро самимона табрик намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, хушбахтӣ, суботу оромӣ, рӯзгори босаодату комёбии ҳамешагиро таманно дорам.
Воқеан хизматҳои шоистаи шахсияти беназир, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарории ҳокимияти сиёсию давлатӣ ва Истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунии сохтори фалаҷ-гардидаи ҳокимият беназир аст.
Хизматҳои арзандаву шоистаи меъмори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсияти воқеан таърихӣ ва беназири миллати тоҷикро, ки дар саҳифаи таърихи миллат бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 бо унвони Олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” қадрдонӣ намуд.
Тавре шоири ватандӯст ва шинохтаву маъруфи адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзода гуфта буд:
Ҳар онки боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯву ҳар хонаро зебанда мегардад.
Ҳозирини арҷманд!
Адибону шоирон ва нависандагону суханварони даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик дар оини хизматҳои арзандаи Пешвои маҳбубу муаззам ва мукаррами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори манзуму мансури худ андешаҳои худро борҳо баён доштаанд, ки он ҳоло ҳам барои ин шахсияти таърихии миллат кам аст.
Бинобар ин мо бояд дар роҳи таҳкими сулҳу субот, тамомияти арзӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бо қалби саршор аз муҳаббат ба ин Ватан ва Пешвои он дар атрофи сиёсати хирадмандонаву оқилона ва инсонпарваронаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сарҷамъ омада, дар ин роҳ устувор бошем.
Дар баробари ин аз гузаштаи худ, хизматҳои арзандаи шахсиятҳои таърихи ин миллат, махсусан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору сарбаландӣ ёд намуда, дар рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талош намуда ва ба қадри гаронбаҳотарин неъматҳои таърихи миллат, Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат бирасем.
Бо нияти амалишавии ин нияту ормонҳо Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни «Рӯзи Президент» ва 34-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, саодату хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда, сарбаландӣ ва фараҳу шодиро таманно дорам.
Ҳамеша сарбаланду тансиҳат бошед ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *