Соли равон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Ин сана дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад, зеро қабули Қонуни асосӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд замина гузошт. Аз ин рў, ҳамасола 6 ноябр дар мамлакат Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Оғози солҳои 90-уми асри ХХ барои Тоҷикистон давраи бисёр ҳассосу пурошӯб буд. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, кишвар ба мушкилоти сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Фаъолияти мақомоти давлатӣ халал ёфта, ноустуворӣ дар ҷомеа авҷ гирифт ва ниҳоят, ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Дар чунин шароит барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини қонунияту тартибот ва ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ ба масъалаҳои ҳаётан муҳим табдил ёфтанд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ин раванд аҳамияти таърихӣ дошт. Ин иҷлосия барои барқарор кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати таҳияи Қонуни асосии нав замина гузошт. Пас аз интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ ҳамзамон роҳбарии Комиссияи конститутсиониро ба уҳда гирифт. Бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ, барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия таҷрибаи давлатҳои пешрафта омӯхта шуд. Аъзои комиссия ба кишварҳои гуногун сафар карда, роҳҳои ташкили давлатдорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии онҳоро баррасӣ намуданд. Дар тули ду сол андешаҳои гуногун омӯхта шуда, лоиҳаи Конститутсия барои муҳокимаи умум пешниҳод гардид. Пешниҳодҳои сокинон дар такмили лоиҳа нақши муҳим бозиданд ва он ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ёдоварӣ аз он рӯзҳои тақдирсоз чунин гуфтаанд: «Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи амалкунанда ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд. Дар муддати як сол таҳти фишори гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ ду Президент ва панҷ Ҳукумат ба истеъфо рафт ва ин раванд боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар он марҳалаи тақдирсоз барои ба эътидол овардани вазъият, таъмин намудани суботи ҷомеа ва расидан ба ризоияту ваҳдати миллӣ зарур буд, ки сохти конститутсиониро барқарор сохта, қонунияту тартибот таъмин карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шавад. Амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ оғоз гардид».
Ҳамин тавр, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.
Дар моддаи 5 инсон, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд. Ин меъёрҳо таъкид мекунанд, ки давлат ва сохторҳои он бояд барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фаъолият намоянд. Конститутсия, инчунин, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона муайян кардани муносибаташ ба дин кафолат медиҳад. Ин муқаррарот ба озодии виҷдон ва эҳтироми интихоби шахс замина фароҳам меорад. Ҳамзамон, Қонуни асосӣ на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон, балки уҳдадориҳои онҳоро низ муайян мекунад. Риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва ҳифзи Ватан аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд мебошанд. Пайванди ҳуқуқу уҳдадориҳо барои пешрафти ҷомеаи масъулиятшинос ва устувор аҳаммияти калон дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи маънои таърихӣ ва ҷойгоҳи ин санад чунин гуфтаанд: «Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид»
Қонуни асосӣ асосҳои ҳуқуқии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳифзи якпорчагии мамлакат ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷиро муайян мекунад. Он барои ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қабули қонунҳое, ки ба талаботи замон ҷавобгӯянд, замина фароҳам меорад. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсия ба ҷомеа имкон медиҳад, ки рушди худро дар доираи қонун ва бо такя ба принсипҳои умумии давлатдорӣ амалӣ созад.
Яке аз тағйироти муҳим дар низоми ҳуқуқии кишвар эътирофи гуногуншаклии моликият ва кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 12, асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии онҳоро кафолат дода, барои фаъолияти соҳибкорӣ шароити ҳуқуқӣ муҳайё мекунад. Ин меъёрҳо барои ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва рушди иқтисоди бозорӣ аҳаммият доранд.
Конститутсия, инчунин, барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Маориф, тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоӣ дар беҳбудии зиндагии мардум нақши муҳим доранд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз самтҳое мебошанд, ки ба рушди ичтимоии кишвар мусоидат мекунанд. Натиҷаи фаъолияти ин соҳаҳо танҳо бо мавҷудияти меъёрҳои ҳуқуқӣ не, балки бо татбиқи пайгиронаи онҳо вобаста аст.
Забони тоҷикӣ дар Конститутсия забони давлатӣ эълон гардидааст. Ин меъёр барои таҳкими мақоми забони давлатӣ ва истифодаи он дар коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ аҳаммияти махсус дорад. Ҳамзамон, рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти мамлакат эътироф шудаанд. Эҳтироми забон ва рамзҳои давлатӣ ҷузъи муҳими эҳтиром ба истиқлолият ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар давоми 32 соли баъди қабули Конститутсия Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоӣ ва фарҳангӣ марҳалаҳои гуногуни рушдро паси сар кард. Барқарор шудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ барои пешрафти минбаъдаи мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Қонуни асосӣ дар ин раванд ҳамчун санади роҳнамо ва заминаи ҳуқуқии давлатдорӣ хизмат мекунад. Рӯзи Конститутсия фурсатест барои андеша дар бораи арзиши қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва зарурати ҳифзи сулҳу ваҳдат. Эҳтиром ба Конститутсия маънои эњтиром ба ҳуқуқи инсон, истиқлолияти давлатӣ ва ояндаи кишварро дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст муқаррароти онро бишиносад, қонунҳоро риоя кунад ва дар пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низ ҳамчун пояи ҳуқуқии соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва давлатдории миллӣ аҳаммияти худро нигоҳ медорад. Таҳкими қонуният, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эҳтироми арзишҳои миллӣ барои рушди босуботи кишвар нақши ҳалкунанда доранд.
Зувайдуллозода М.М.,
прокурори ноҳияи Панҷ,
мушовири адлияи дараҷаи 1
