Миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик аз бомдоди таърих масири паҳновар, вале мушкилгузару пурпечутоберо тай намуда, дар ҳама марҳилаҳои мураккабу душвор ин итиҳони таърихро сарбаландона паси сар кардааст. Ҳанўз аз аҳди қадим фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик роҳи фарҳангу маърифат ва илму донишро равшан карда, дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррасе гузоштанд. Хушбахтона, дар тамоми лаҳзаҳои ҳассос, […]
Month: September 2026
Мактаби худсозӣ ва ҷавҳари огоҳии миллӣ
Аз бомдоди таърих миллати тоҷик дорои мактаби хоси комилҳукуқ ва тамомиёри худсозиву шахсиятсозӣ будааст. Ин мактаби дар чанд сатҳ амал намуда, ҳадафи ниҳоии он тарбияи инсони ормонӣ ва муқовим буда, аз муҳити хонаводагӣ оғоз мегардидааст. Шароити сахти қӯҳистонӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ, ки тоҷикҳо дар тӯли таърих бо ин мушкилот дасту панҷа нарм мекарданд, тақозо менамуд, […]
Нақши Пешвои миллат дар эҳёи таърих ва гиромидошти бузургони тоҷик
Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ба миён меоянд, ки сарнавишти давлат ва мардумро ба самти мусбат тағйир медиҳанд. Чунин шахсиятҳо на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва эҳёи миллӣ мегарданд. Барои халқи тоҷик чунин шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Номи […]
Хираду дониш дар муқобили терроризм
Пайдоиши падидаҳои терроризм ва экстремизм, ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми башариятро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии […]
Душанбе – муаррифгари мероси таърихию фарҳангӣ ва маркази давлатдории муосири тоҷикон
Шаҳр ҳамчун шакли мураккаби ташкили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии ҷомеа дар низоми давлатдорӣ мавқеи муҳим дорад. Пойтахт бошад, на танҳо маркази маъмурии давлат, балки маркази асосии фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мақомро шаҳри Душанбе иҷро менамояд. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]
Салафия ва Муҳаммадиқболи Садриддини ҳарис
Исбот шудааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба хотири манфиати шахсиаш якбора ба чанд равияю созмонҳои ифротии динӣ иртибот дорад ва аз онҳо фоида мебардорад. Аммо вай аслан як салафии тундгаро мебошад ва бо истифода аз ин мавқеъ аз доираҳои динии хориҷӣ пештар ҳам маблағи зиёд гирифтааст. Яке аз сабабҳои асосии дар гузашта ба ӯ нафрат […]
Оила ‐ донишгоҳи аввалини таълиму тарбия
Лозим ба ёдоварист, ки тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Кӯдак дар оила ба воя расида, ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон, меҳру шафқат нисбати ҳамсолону дӯстон ва рафтори дурустро дар ҷомеа дар ҳамин ҷо меомӯзад. Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару […]
Ифротгароӣ хоси табиати Гуруҳи 24
Ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» дар давоми фаъолияташ танҳо бо ифротгароӣ, ҷинояткорӣ ва авбошӣ шинохта шудааст. Аъзоёну саркардаҳояш то ҳадде авбошанд, ки ҳатто зимни барномаҳои онлайниашон ин гуна рафтори ғайриинсониашонро пинҳон карда наметавонанд. Ҳар замон дар фазои маҷозӣ иғвогарию ҳангомасозӣ, тафриқаандозӣ ва туҳматпароканиҳои ин туда ошкор шуда меистад. Аз ҷумла чунин амали яке аз саркардаҳои ин […]
Афзалияти тарбия дар ҷомеа ва зиндагии инсон
Тарбия яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор рафта, аз он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст. Аммо тарбияро аз овони хурдсолӣ, яъне аз оила ва кӯдакистон бояд шуруъ кард. Мураббиёни кӯдакистонҳо бояд мунтазам биомӯзанд, донишу маҳорати худро такмил бахшанд ва аз усулҳои таълиму тарбияи муосир васеъ […]
Истиқлоли давлатӣ: масъулиятшиносӣ ва тавонмандии фикрӣ (Андешаҳо дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ)
Дар оғоз кулли ҳамватанон ва тамомии тоҷиктаборони ҷаҳонро ба ифтихори 35-умин солгарди ҷашни бошукӯҳи миллӣ – Истиқлоли давлатӣ шодбош мегӯем ва умед мекунем, ки истиқлолу ваҳдати миллӣ ҷовидонӣ бошад. Муҳимтар аз ҳама, истиқлолу озодӣ, дар баробари ҳаёту зиндагӣ ва донишу хиради фардию ҷамъӣ, аслу арзиши калидии инсонист ва танҳо миллату халқиятҳое ба дараҷаи истиқлолу озодӣ […]
