Аз бомдоди таърих миллати тоҷик дорои мактаби хоси комилҳукуқ ва тамомиёри худсозиву шахсиятсозӣ будааст. Ин мактаби дар чанд сатҳ амал намуда, ҳадафи ниҳоии он тарбияи инсони ормонӣ ва муқовим буда, аз муҳити хонаводагӣ оғоз мегардидааст. Шароити сахти қӯҳистонӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ, ки тоҷикҳо дар тӯли таърих бо ин мушкилот дасту панҷа нарм мекарданд, тақозо менамуд, ки рушди шахсиятҳои баробарвазн ва ҳамсон ба ин таҳдидҳо ва чолишҳо обутоб ёбанд. Тарбияи инсони боиродаву қавӣ аз рукнҳои аввалин ва нахустунсури ин мактаби худсозӣ будааст. Мактаби худсозии миллӣ бар пояи маърифати анъанавӣ ва тамаддуни қадимӣ устувор мебошад.
Мактаби худсозӣ ва эътибори худсолориро метавон ба чанд марҳила тақсим кард. Таъкидамон дар ин мақола ба 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамчун улгу ва намунаи боризи худсозӣ ва намоди шахсиятсозӣ мебошад.
Ҳамин аст, ки матни суханронии Пешвои миллатро ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ коршиносони вафодори сохти дунявӣ нишонаи эҳёи рисолати тамаддунӣ дар паҳнои Ориёнои таърихӣ унвон карданд. Мақому мартабаи Президенти Тоҷикистонро коршиносон дар миёни форсизабонони ҷаҳон, ки аз 150 млн.бештаранд, ба сифати шахсият ва Раҳбари фавқулода хирадманд бо доштани фарҳанги мудирияти воло баҳогузорӣ намуд. Ба ақидаи онҳо, бо назардошти буҳрони фарогири кишварҳои форсизабон, Раҳбари давлати тоҷикон ташаббусро рӯйи даст гирифта, амалан ягона муҳофизи хотираи таърихӣ ва арзишҳои илман асосноки ориёӣ мебошад. Ба шарофати Пешвои миллат, имрӯз шаҳри Душанбе нақшеро ифо намуда истодааст, ки дар гузашта марказҳои тамаддунии тоҷикон дар Хуросон ва Моваруннаҳр иҷро мекарданд.
Ҳадди аксари олимони соҳаи сиёсатшиносӣ муътақиданд, ки тасмимҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи дипломатияи фарҳангӣ, ки онро коршиносон комёбии «неруи нарм»-и сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонанд, таҷлили бозёфти ёдгориҳои таърихӣ, ҷашни шаҳрҳои қадимӣ ва шахсиятҳои шинохтаи илму адаби тоҷик-форс ва дигар расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, ва Сада шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда, заминаи омӯзиш ва муаррифии ин рӯйдодҳои таърихӣ мусоид шавад. Ҳамин бардошти мусбати Президенти Тоҷикистон сабабгор шудааст, ки тарафдорони ин мактаби илмӣ дар хориҷи кишвар маркази тоҷикшиносиро таъсис дода, дар бораи таърих, забон, адабиёт, давлатдории тоҷикон ва мақоми онҳо дар минтақа асарҳои илмӣ ба забонҳои хориҷӣ нашр намоянд.
Тоҷикони бурунмарзӣ боварманд ҳастанд, ки суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Истиқлоли давлатӣ стратегияи мукаммал ва нуктаи такягоҳии масъалаҳои таърихӣ ва таърихнигории муосири тоҷик аст, зеро дар он дар бораи эҳё кардани тамаддуни ориёӣ таъкид гардидааст, ки масъулияти на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки кулли форсизабонони дунё мебошад. Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки Тоҷикистон ягона кишвари форсизабони дорои сохтори дунявӣ дар ҷаҳон аст.
Бо илҳом аз суханронии Пешвои муаззами миллат корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ёдовар мешаванд, ки ҷавҳари аслии мавзуи суханҳои Президенти Тоҷикистон на таҳдиду хатарҳои рӯзафзуне, ки тоҷикон дар тӯли зиёда аз 35 сол бо онҳо дасту панҷа нарм мекунанд, мебошад, балки дарки иқтидори худӣ ва такя ба неруи дохилӣ ёфтани роҳҳали масъалаҳои калонмиқёси минтақавӣ мебошад. Ин неруи худӣ иборат аст аз хислати волои роҳбарии Президент-ҳукумати кишвар, равшанфикрони пешоҳанг ва ҷавонон, дар маҷмуъ халқи шарифи Тоҷикистон. Аз ин нуқтаи назар Тоҷикистон сипари боэътимоди минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад, зеро сарҳади давлатии Тоҷикистон – марзи тамаддунӣ ва ҳомиву муҳофизи арзишҳои дунявимадори кишварҳои ҷаҳон ва тамаддуни тоҷикон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии оқилонаи Пешвои миллат давраи Эҳёи рушду ва тараққиро гузаронида истодааст. Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои дуру наздик ҳамчун намунаи ибрат баромад карда, дар тамоми соҳаҳои пешбурди иқтисоди миллӣ ва тамаддуни тоҷикӣ пешоҳанг аст.
Сулҳҷӯӣ ва ҷонибдорӣ аз ҳамзистии осоишта, ки дар меҳвари суханронии Ҷаноби олӣ қарор дошт, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшидааст.
Маънавиёти миллати тоҷик аз аҳди қадим ҳамвора аз инъикосу пиёдасозии арзишҳои дунёмадорӣ, шахсиятсозӣ, давлатмеҳварӣ, ҳунарварзӣ, андешамандӣ, инсонпарварӣ, ҳаётдӯстӣ, шаҳрнишинӣ, арҷгузорӣ ба кору пайкор, авлавияти илму пажӯҳиш, рӯҳияи солим ва иродаи қавии шикастнопазир дар муқобили мушкилоти рӯзгор саршор будааст.
Сайри такомули инсонсозӣ ба як мактаби комилҳукуқ ва тамомайёр ниёз дорад. Мактаби дорои омӯзгори ҳақиқӣ – таҷриба. Инсонро баъзе пажӯҳишгарон «мавҷуди ношинохта» унвон кардаанд, вале агар ҳакимона ва бо усули фалсафӣ ба умқи масъала зеҳн ронем ва ба ин масъала одилона бархӯрд кунем, ба шинохти инсон ба осонӣ ва суҳулат метавон дарёфт, агар Ӯ рисолатасос, ҳадафмадор ва серталош бошад. Дар ин ҷо масъалаи «инсони ормонӣ» рӯ мезанад, ки дар тасвири симои инсони заҳматкаш ва бовиқор инъикос ёфтааст.
Ба гуфти нависандаи тоҷик М.Шукурзода инсони солор, ҷавонмард ва таъбири дигаре аз ин вожа, айёр дорои се сифати аслист:
1.Сахо, яъне саховат дар андешаи ҷавонмардон ба ин маънист, ки инсон аз молу маноли рӯзгор он чӣ ба даст оварад, бояд дар роҳи осоиши халқ сарф кунад.
2. Сафо: ин сулук ҷавонмардро водор ба покизагии ботин менамояд: яъне инсони ворастаро зарур аст, қалби хешро аз ҳирс ва кина тоза ва тамиз нигоҳ дорад, ва дар ин ҷода базлу бахшоиш низ сафои ботин маҳсуб мешавад.
3. Ва ниҳоят: Вафо: тибқи ин ойин ҷавонмард бояд барои дӯсти ҳақиқӣ ва ҳатто маҷозӣ ҳатто ҷонфидо бошад, аз худ бигзарад ва дар масири дӯстӣ аз марг наяндешад, ба фармуди орифе тоҷикигӯй:
Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.
Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд ва тамаддунофар ба қавли Ҳофизи бузург чун «булбул ба шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ, мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ» рисолати инсонсозӣ, равшанфикрӣ ва талқини ҷавҳари биниши илмандӯзиро ба дигарон манзур медоштанд, то ки ҷаҳли мураккаби афкорӣ ва таассуби камёфти рафторӣ дар ҷомеа бар ақлҳо мусалат нагардад.
Умед Назаров,
номзади илмҳои таърих
