Day: September 3, 2026
ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ.
Имрӯз, 3 сентябри соли 2026 бахшида ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагӣ иборат аз 8- синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √24 воқеъ дар деҳаи Сомонкати Ҷамоати деҳоти Намуна бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ифтитоҳ […]
Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Иброҳимиён А.К ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027 (1.09.26)
Устодону омўзгорони арҷманд, хонандагони азиз! Бо сипарӣ гардидани 35 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар соҳаҳои мухталифи кишвар барои боз ҳам хубтару беҳтар ва ба сатҳи замони муосир баланд намудани донишу малакаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии […]
ВОХУРИҲОИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН.
Дар асоси ва нақшаи тасдиқгардидаи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 24 август то 2 сентябри соли 2026 бо интихобкунандагон баркузор карда мешавад. Имрӯз тибқи нақшаи тасдиқгардида, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз […]
МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК.
Санаи 5-уми августи соли равон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Ироҳимиён Акмал Комилзода бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шуд. Тақдими ин медал бори дигар қадрдонӣ, маҳбубияту самимият ва эҳтиром гузоштани Пешвои маҳбубу муаззами […]
