Дар оғоз кулли ҳамватанон ва тамомии тоҷиктаборони ҷаҳонро ба ифтихори 35-умин солгарди ҷашни бошукӯҳи миллӣ – Истиқлоли давлатӣ шодбош мегӯем ва умед мекунем, ки истиқлолу ваҳдати миллӣ ҷовидонӣ бошад.
Муҳимтар аз ҳама, истиқлолу озодӣ, дар баробари ҳаёту зиндагӣ ва донишу хиради фардию ҷамъӣ, аслу арзиши калидии инсонист ва танҳо миллату халқиятҳое ба дараҷаи истиқлолу озодӣ расидаву мерасанд, ки пеш аз ҳама, огоҳӣ ва истиқлоли фикрию зеҳнӣ дошта бошанд. Шинохт аз худ ва дигарон, ташхиси мушкилоти фикрию зеҳнӣ, шиносоии уқдаҳои сириштию ботинӣ ва мунтаҳо, огоҳӣ аз равандҳои дохилию хориҷӣ миллатро ба сатҳи озодию истиқлол мерасонад ва дар баробари таҳдиду хатарҳои дохилию минтақавию глобалӣ муқовим месозад.
Ба ин маъно, истиқлоли фикрӣ нахустзаминаи истиқлоли сиёсию давлатист. Дар зимн, ба даст овардани истиқлол дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бавежа, истиқлоли фикрӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли башар маҳсуб ёфта, ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демократӣ ва мардумсолорист. Бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои мавзуи “Истиқлоли давлатӣ: масъулиятшиносӣ ва тавонмандии фикрӣ”, андешаҳоямонро дар қолиби ёздаҳ нуктаи иҷмолӣ ироа медорем:
Якум. Нахуст аз мафҳум ва калидвожаи истиқлол шуруъ мекунем. “Истиқлол” вожаи арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо”, “мустақил будан” (ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. –Теҳрон: Сухан, 1383. –С.55); “озодӣ ва худмухтории кишвар” (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. –Теҳрон: Фарҳон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар маънию мазмуни “озодӣ дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” инсиҷом меёбанд. Озодӣ ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти сиёсию давлатӣ расиданро нишон медиҳад.
Дувум. Истиқлоли фикрӣ, қабл аз ҳама, бо огоҳӣ ва масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ тавъамӣ дорад ва бешубҳа, масъулият аст, ки пояҳои истиқлолро дар ҳар шаклу мазмуне ва самту сӯйе ҳифз мекунад. Мазмуни истиқлоли фардӣ ва ҷамъӣ дар саъю талошҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, фикрӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва маданӣ, ҳамкории беғаразонаи табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, баҳамойӣ, ҳамбастагӣ ва дар маҷмуъ, ҳамшарикӣ дар ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Шароити масъулиятмандӣ ва ҳавзаи пурсишгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлоли фикрӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, ҳунари пурсишгарӣ ва масъулиятписандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар ҳама давру замон бар мабнои муҳити озоду мустақил ҷомеаҳо рушд мекунанд ва танҳо дар натиҷаи дарёфту касби истиқлоли фикрӣ ҳаллу фасли саривақтии мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва равонӣ имконпазир мегарданд.
Севум. Истиқлоли фикрӣ истиқлоли андеша ва тафаккур аст ва он ба се категорияи фикрию ахлоқӣ – огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ:
Ҷисми озодист истиқболи фикр,
Ҷони озодист истиқлоли фикр,
Бахти парвоз аз қаноту боли фикр,
Умри мо вобасти тули соли фикр,
Ин ҳама рушду тараққӣ моли фикр,
Ҳосили омоли фикр.
Ба ин маъно, фарде, ки огоҳ нест (донишу маърифат надорад) ва муҳимтар аз ҳама, аз хирад бебаҳра аст (хирад аз “xrat”-и паҳлавӣ буда, ба маънои ақл, ҳуш, қувваи дарёфту идроки ҳусну қубҳи аъмол ва тамйизи неку бади умур далолат мекунад – ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди дувум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1004), дар ҳукми мурда мебошад. Ин хирад аст, ки инсонро зинда нигоҳ медорад, ҷуръату ҷасорат мебахшад, тавону неру медиҳад ва озодию озодагӣ ато мекунад. Бинобар ин, ҳар ҷое, ки хирад ҳузуру нуфуз дорад, он ҷо озодию истиқлол ва шукӯҳу шаҳомат ҳукмфармост.
Истиқлоли фикрӣ бо андешидан оғоз меёбад ва андешидан бо худии худ ҷараёни саҳлу осоне ҳам нест. Агар андешидан ва дар ин замина тасмим гирифтан осонтарин амал мебуд, дар дунё оромӣ, субот ва сукути комил ҳукмфармо мегардид. Андешидан ва фикр кардан аз мушаххасоти ҳувиятӣ ва шахсиятии нафарони ангуштшуморест, ки зарфияти баланди зеҳнӣ ва эҷодӣ доранд. Масъалаи андешидан ва фикр кардан то он дараҷа ҳассос ва муҳим буда ва ҳаст, ки донишманд ва ҷомеашиноси маъруфи ғарбӣ Ҷорҷ Бернард Шоу дар ин замина ишораи ҷолиб ва дар айни замон ҷиддие кардааст: “Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд” (ниг.: //Бедорӣ. Конуни хирадмадории ирониён. Моҳномаи шумораи 77, соли чаҳордаҳум. Octoder 2014). Воқеан, инсоне, ки аз фикру андеша кардан (дуруст фикр карда тавонистан худ ба марҳилаи истиқлоли фикрию зеҳнӣ расидан аст) дурӣ меҷӯяд, на танҳо ба қадри истиқлол намерасад, балки озодиро дар шакл ва сатҳи сатҳи зоҳирӣ ва ҳатто ифротӣ қабул намуда, бар асари нодонию ноогоҳӣ ва бемасъулиятию бетафовутӣ ба қувваи вайронкору тахрибкори иҷтимоӣ табдил меёбад. Маҳз мушкилоти зеҳнӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ аз ин нуқта сарчашма мегиранд ва пасон паҳну густариш меёбанд. Ба ин маъно:
Мушкилоту уқдаҳо такрори мост,
Решаи ҳар уқда дар афкори мост.
Ё ин ки:
Ҳар баду неке, ки дар кирдори мост,
Решааш, оре, ки дар афкори мост.
Чаҳорум. Дар доираҳои илмию фаннӣ ва ихтисосӣ мафҳуми “Озодӣ” ҳамчун арзиши олии инсонию ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва дар ҳавзаи аксиология, ки ҳамчун илми арзишшиносӣ ё арзишдоварӣ маъмул аст, низ матраҳ мегардад. Донишмандон се арзишро ба сифати арзишҳои асосӣ ва зарурӣ ёдовар шудаанд: арзиши аввалӣ ҳаёту зиндагӣ, арзиши дувумӣ истиқлолу озодӣ ва арзиши севумӣ илму хиради фардию ҷамъӣ. Аз ин ҷост, ки барои ҳар як фард дар баробари ҳаёту зиндагӣ озодӣ низ арзиши асосӣ ва зарурӣ мебошад. Агар вазифа ва рисолати илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносиро, ки дар саргаҳашон фалсафа қарор дорад, пайгирӣ намоем, ба ин натиҷа мерасем, ки вазифаи таърихии илмҳои фалсафӣ (гуманитарӣ) инсонро аз ҳолати ноозодӣ ба сатҳи озодӣ расонидан аст. Ба ин маъно, озодӣ кашфиёти илми фалсафа аст.
Панҷум. Озодӣ барои як инсон ҳамеша ба унвони як арзиши фундаменталӣ ва бунёдӣ будааст. Дар ибтидои асри бисту як дар миёни табақаҳои иҷтимоии ҷомеаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Россия назарсанҷии ҷомеашиносӣ гузаронида шуд ва суоле ба ин мазмун – аз кай озодӣ барои инсон арзиш пайдо мекунад? дар доираи пурсишномаҳо матраҳ мегардад. Аз хулосаҳои назарсанҷӣ бармеояд, ки дар бисёре аз кишварҳо озодӣ ба унвони арзиши асосӣ ва зарурӣ чандон аҳамият надоштааст. Ҳатто дар кишварҳои мутараққӣ ва мутамаддини ҷаҳонӣ низ ба шинохту зарурати озодӣ ва махсусан, истиқлоли зеҳнӣ бетаваҷҷуҳӣ ба назар мерасад. Масалан, дар Россия 30 дар сад, дар Аврупо 75 дар сад ба масъалаи озодӣ таваҷҷуҳ кардаанду халос. Акнун таваҷҷуҳ менамоем, ки озодӣ ва истиқлол дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимои ҷаҳонӣ ҳанӯз ба таври бояду шояд роиҷ нашуда ва аҳамияти махсус пайдо накардааст. Ҳатто ҷомеаҳое ҳастанд, ки бар асари ноогоҳию камогоҳӣ аз масъулияти пазируфтани озодию истиқлол сар боз задаву мезананд. Ин нуктаро файласуф, ҷомеашинос ва равонков-психоаналитики маъруфи олмонӣ Эрих Фромм дар китоби “Гурез аз озодӣ” (Бегство от свободы) матраҳ мекунад.
Шашум. Ҳанӯз дар қадимтарин замонҳо истиқлолталабӣ ва истиқлолхоҳӣ дар шакли зеҳнию фикрӣ аслу ҳақиқати зиндагии инсонӣ маҳсуб меёфтааст ва инсони бостонӣ дар маҳдудаҳои танги фикрию маданӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба дарки мафҳум ва моҳияти истиқлол расида будааст. Низомҳои муосири демократӣ ва мардумсолорӣ, ки давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бидуни ин ҳолу ҳаво дигар нафас намекашанд, бар мабнои истиқлоли фикрию сиёсӣ устуворанд ва ҳанӯз дар қадимтарин намунаю моделҳои давлатдории миллӣ зуҳур кардаанд. Ба ин манзур, муҳаққиқон ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд, ки тамрини демокросӣ ва мардумсолорӣ асрҳо қабл дар сарзамини Бохтари Эрон ба вуҷуд омада, решаҳои онро дар достонҳои қадимаи юнонӣ ҷустан норавост. Аз ин лиҳоз, тамрини демокросӣ аз Шарқ ба Юнонзамин мунтақил гардидааст. Барои намуна, пажуҳишгарон менависанд, ки подшоҳи Ҳахоманишӣ Дориюш дар соли 492-и қабл аз милод сардори бузурги эронӣ Мордуниё (шавҳари хоҳари Дориюш)-ро барои саркӯби шӯриши юнониён ба фармондеҳии кулли қувваҳои Эрон мансуб мекунад. Мордуниё ҳамроҳ бо артиши бузург ва неруи дарёии азими худ зимни убур аз соҳилҳои Мадитрона (баҳри Миёназамин) ва шаҳрҳои мухталиф подшоҳон ва фармонравоёнро яке пас аз дигаре маѓлуб ва азл мекунад ва ба ҷойи онҳо намояндагони мунтахаби мардумро дар як Шуро (Маҷлис) ба раҳбарӣ мегуморад (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.39). Бад-ин минвол Ҳукумати мардумсолорро Мордуниё ба Юнон интиқол дод. Демокросии Шуроӣ, ки дар Эрони бостон оғоз шуд, ҳудудан 550 сол пеш ба Юнон ва баъд ба Рум интиқол ёфт, вале тайи қарнҳо тадриҷан рӯ ба завол ниҳод ва ҳамзамон бо тавсеахоҳӣ ва қудратталабии мазҳаб нопадид шуд. Ин аст, ки мардумсолорӣ, яъне ташхиси андешаманд будани инсон, арҷ ниҳодан ба хиради инсон ва эҳтиром ба ҳуқуқи табиӣ (озодӣ, ирода ва интихоб)-и инсон аст. Мунтаҳо, вожаи юнонии демократия аз ду реша – “демос” мардуми муфаккир, соҳибандеша, соҳибтафаккур, мустақиландеш ва “кратос” ҳокимият таркиб ёфтааст. Ба сухани дигар, дар доираи мафҳуми демокросӣ ҳокимият ва ё ҳукумати мардуми муфаккир ва мустақилфикр фаҳмида мешавад. Аз ин ҷост, ки да
