Хабарҳо

Душанбе – муаррифгари мероси таърихию фарҳангӣ ва маркази давлатдории муосири тоҷикон

 

Шаҳр ҳамчун шакли мураккаби ташкили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии ҷомеа дар низоми давлатдорӣ мавқеи муҳим дорад. Пойтахт бошад, на танҳо маркази маъмурии давлат, балки маркази асосии фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мақомро шаҳри Душанбе иҷро менамояд.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди институтҳои давлатдории муосир мавқеи муҳим дорад. Мақоми пойтахт ба Душанбе хусусияти махсуси сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бахшида, шаҳрро ба яке аз марказҳои асосии ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии кишвар табдил додааст.

Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти махсуси сиёсӣ ва иҷтимоӣ буда, дар ташаккули симои муосири давлат, рушди шаҳрсозӣ, густариши инфрасохтор ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Идоракунии самараноки чунин шаҳр фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои шаҳрӣ ва сохторҳои хизматрасониро тақозо менамояд.

Пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо дар натиҷаи талошҳои пайвастаи роҳбарият ва сокинони шаҳр  ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, ки тақозои идомаи ислоҳоту навсозӣ, инчунин татбиқи нигоҳи муосир ва такмили равишҳои мудирияти самараноку ҷасуронаро фаро мегирад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли нави роҳбарият ба идораи пойтахт ҷалб гардид. Таъин гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе, идомаи мантиқии ин раванд буда, барои таъмини рушди босуръат ва расидан ба як навъ ҷаҳиш ва таҳаввулоти сифатӣ дар рушди пойтахт заминаи мусоид фароҳам овард.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки усули роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар низоми шаҳрдории муосир бо таваҷҷуҳи хос ба принсипҳои суръат ва сифат тавсиф мегардад. Чунин равиш бо такя ба усулҳои муосир тадриҷан унсурҳои қолабиро коҳиш дода, бештар ба натиҷаи ниҳоӣ равона гардидааст.

Нақши муҳтарам Рустами Эмомалӣ пеш аз ҳама дар табдили сифатии муҳити шаҳр ва боло бурдани мақоми пойтахт дар арсаи байналмилалӣ зоҳир мегардад. Душанбе аз як маркази маъмурии анъанавӣ ба фазои муосири таҳавули шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии дорои инфрасохтори пешрафта, меъёрҳои баланди хизматрасонӣ ва симои меъмории ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин раванд моҳияти ниҳодӣ дошта, ба ташаккули муҳити устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе аз доираи як маркази маъмурии дохилӣ баромада, ба як субъект ва бренди фаъоли сиёсати байналмилалӣ табдил ёфт. Пешрафти босуръати Душанбе ҳамчун «Шаҳри сулҳ ва эътимод» имкон дод, ки пойтахти мо мизбони ҳамоишҳо ва форуму конфронсҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ гардад.

Рушди пойтахт ба фаъолияти босамари низоми идоракунии шаҳрӣ, банақшагирии дурусти шаҳрсозӣ ва ташкили хизматрасониҳои босифат вобаста аст. Аз ин рӯ, Душанбе ҳамчун пойтахт на танҳо маркази сиёсӣ ва маъмурии Тоҷикистон, балки низоми мураккаби иҷтимоию иқтисодии шаҳрӣ мебошад, ки идоракунии самараноки он яке аз омилҳои муҳимми рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад.

Аҳаммияти Душанбе ҳамчун муаррифгари мероси таърихию фарҳангӣ пеш аз ҳама дар мавҷудият ва фаъолияти муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва осорхонаҳо, инчунин дар ҳифз ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ зоҳир мегардад. Дар муҳити шаҳрӣ унсурҳои гуногуни фарҳанги миллӣ, меъморӣ, санъат, адабиёт ва таърих таҷассум ёфта, барои омӯзиш, нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда замина фароҳам оварда мешавад.

Аз нуқтаи назари илмҳои ҷомеашиносӣ, мероси таърихию фарҳангӣ яке аз унсурҳои муҳимми ташаккули ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд Душанбе ҳамчун муҳити иҷтимоии мутамарказ барои муаррифии арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон нақши муҳим мебозад. Тавассути муассисаҳои фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар пойтахт масъалаҳои таърихи давлатдорӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва аҳаммияти мероси маънавии миллат мавриди омӯзиш ва тарғиб қарор мегиранд.

Душанбе баъд аз соҳибистиқлолӣ намои худро куллан дигаргун карда, ба як шаҳри азиму муҳташам аз назари меъмориву фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёд гардидани маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, иморатҳои маъмуриву истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил ёфт.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушду пешрафти шаҳри Душанбе бесобиқа аст. Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун қалби Тоҷикистони азиз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо рушду пешрафти худ шинохта гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир қалби Тоҷикистон, Душанбе дарвозаи худро ба рӯйи садҳо ҳазор сайёҳ боз кардааст. Воқеан, имрӯз таҳти сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ободу зебо гардида, ба яке аз шаҳрҳои амнтарин дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифии бештар гардидааст.

Душанбе имрӯз рамзи сулҳу дӯстӣ, маркази баргузории конфронсу нишастҳо ва вохӯриҳои сатҳи баланди чумхуриявию байналмилалли, ки ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ бахшида шудаанд, ба ҳисоб меравад. Душанбе мизбони мардумони гуногун аст, ки дар паноҳи сулҳу оромии он бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва ин гуногунрангӣ боиси зебогии бештари он гардидааст.

Дар пойтахт мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои марказии идоракунӣ, муассисаҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ҷойгир шудаанд. Маҳз дар ҳамин муҳити сиёсӣ ва маъмурӣ қисми зиёди қарорҳои дорои аҳамияти миллӣ таҳия ва амалӣ гардида, самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ муайян карда мешаванд.

Пайванди мероси таърихию фарҳангӣ бо давлатдории муосир дар Душанбе тавассути ҳамгироии арзишҳои миллӣ бо институтҳои муосири сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Дар ин замина, пойтахт на танҳо маркази амалигардонии идоракунии давлатӣ, балки муҳити ташаккули фарҳанги шаҳрвандӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ва худшиносии миллӣ низ мебошад.

Тайи чанд соли охир тавассути кӯшишҳои бевоситаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаҳониён шоҳиди он гардида истодаанд, ки шаҳри Душанбе дар баробари тарҳу симои хешро дигаргун намудан, ба яке аз марказҳои бузурги тамаддуни инсонӣ, муаррифгари ҳақиқии фарҳанги бузурги шаҳрсозии милли мубадал гардидааст. Дар кӯтоҳтарин фурсат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чандин боғҳои бузурги фарҳангиву фароғатӣ ва эҳёи фарҳанги миллии тоҷикон, унсурҳои тамаддуни шаҳрофарӣ ва шаҳрдорӣ ном ва корномаҳои шахсиятҳои беназири миллати моро зинда мегардонанд. Аз ҷумла, ба номи Куруши Кабир, Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ номгузорӣ шудани ин маконҳои беназири фарҳангӣ оламиёнро дар вусъати ин шаҳри азизи тоҷикон ба ҷаҳони маънавият ва адабу фарҳанги миллӣ раҳнамоӣ мекунанд.

Симои шаҳри Душанбе дар солҳои охир куллӣ тағйир ёфта, ба пойтахти муосир, зебо ва ободу сабз табдил ёфтааст, ки дар ин раванд нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле бузург ва назаррас аст. Ӯ бо роҳбарии оқилона ва ташаббусҳои созандааш тавонист сиёсати ободонисозии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, Душанберо ба яке аз шаҳрҳои беҳтарини минтақа табдил диҳад.

Дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси шаҳри Душанбе, дар рушди пойтахт таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба такмили инфрасохтори шаҳрӣ, рушди нақлиёти ҷамъиятӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ, густариши хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии шаҳр равона гардидааст. Ин равандҳо ба ташаккули муҳити муосири шаҳрӣ ва баланд гардидани иқтидори Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Дар маҷмуъ, рушди пойтахт дар шароити муосир қисми муҳимми раванди навсозии шаҳрӣ ва ташаккули симои муосири давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони мақбулу писандидаи ҷаҳониён гардидааст. Душанбе дар шароити давлати соҳибистиқлол ҳамчун маркази ҳамгироии мероси таърихию фарҳангӣ, ҳувияти миллӣ ва институтҳои давлатдории муосир ташаккул ёфтааст. Нақши он на танҳо дар иҷрои вазифаҳои маъмурию сиёсӣ, балки дар ҳифзи хотираи таърихӣ, рушди фарҳанги миллӣ, ташаккули сармояи инсонӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ифода меёбад.

Аз ин рӯ, Душанбе метавонад ҳамчун яке аз муҳимтарин марказҳои таҷассуми пайдарҳамии таърихӣ ва инкишофи давлатдории тоҷикон арзёбӣ гардад. Рушди минбаъдаи он дар заминаи принсипҳои шаҳрсозии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди илм ва маориф ва такмили идоракунии шаҳрӣ метавонад барои таҳкими мавқеи пойтахт дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар аҳаммияти дарозмуддат дошта бошад.

Ҳар яки мо муаззафем, ки фарҳанги баланди шаҳрнишинии худро ба меҳмонону дӯстони хориҷӣ нишон диҳем,  гулгашту хиёбонҳои зебо ва хонаву коргоҳҳои барҳавои худро тоза нигоҳ дорем, барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ҳамеша дар паҳлӯи шаҳрдори зебоиофари худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бошем, бо кабудизору дарахтзоргардонӣ шаҳрамонро ба биҳишти ҳақиқии заминӣ мубаддал гардонем, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фарҳанги волои муоширату муносибатро тарғибу риоя намоем. Ин таъкиди хирадмандона ва саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як сокини пойтахти зебоямон қарор бигирад: «Агар мо давлати сохибистиқлолу озоди худро дӯст дорем, дар навбатии аввал пойтахти онро ободу зебо гардонем, барои рушди он ҳама имконияту захираҳоро истифода барем ва исбот кунем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».

Метавон ба ин натиҷа расид, ки нақш ва фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи навини давлатдории мо танҳо як намунаи муваффақи идоракунии шаҳрӣ маҳдуд намегардад, балки ҳамчун ифодаи равиши нави созандагӣ ва таҷассумгари иродаи қавии насли ҷавони роҳбарият арзёбӣ мегардад. Таҷрибаи идоракунии пойтахт нишон медиҳад, ки рушди устувори шаҳр на танҳо ба фаъолияти ҷудогонаи мансабдорон, балки пеш аз ҳама ба ташаккули дастаи ҳамфикру маърифатноки идоракунӣ вобаста аст, ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ фаъолият менамояд.

 

Солиҳзода Наҷмиддин

номзади илмҳои филологӣ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *