Лозим ба ёдоварист, ки тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Кӯдак дар оила ба воя расида, ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон, меҳру шафқат нисбати ҳамсолону дӯстон ва рафтори дурустро дар ҷомеа дар ҳамин ҷо меомӯзад. Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва мардум мебошад.
Бояд гуфт, ки оила дар тарбияи фарзанд нақши муҳим ва марказиро мебозад, зеро он мактаби аввалини насли наврас аст. Агар падару модар бофарҳангу бомаърифат бошанд, фарзанди онҳо низ мисли волидайн бофарҳанг ва ботарбия мегардад. Волидоне, ки аз овони тифлӣ ба тарбияи фарзандон аҳамияти хоса медиҳанд, албатта, дар оянда самараи меҳнаташонро мечашанд ва тифли ба воя расонидаи онҳо боиси хурсандии оила ва ҷомеа мегардад.
Тарбияи оилавӣ кори муҳим ба ҳисоб рафта, аз волидайн масъулияти бузургро талаб менамояд. Оилаи муосир дар асоси тағйироте, ки дар ҷомеаи навин ба вуҷуд меояд, инкишоф меёбад. Васеъ паҳн шудани воситаҳои иртиботӣ, коммуникатсионӣ, пешравии илм ва дар ин замина дастовардҳои техника ва технологияҳои замони муосир на танҳо ба некӯаҳволии оила таъсир мерасонад, балки боиси инкишофи ҳамаҷонибаи насли наврас низ мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки фарзандони мо падар ва модари оянда хоҳанд шуд ва бояд барои соҳибмаърифат шудани онҳо ғайр аз ҷиҳати моддӣ ба ҷиҳатҳои маънавию маърифатнокии онҳо талош бояд кард, зеро ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллист.
Ҷавонӣ давраест, ки айёми салтанату комёбӣ дар ин давр мегузарад. Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад.
Нахустин донишгоҳи инсон оила мебошад. Оилаи солим онест, ки дар он зан ва шавҳар соҳиби фаҳмишу идрок ва донишу маълумоти лозимаанд, зиндагиро дар асоси якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром бунёд намуда, фарзандони боодобу поквиҷдон тарбия ва ба ҷамъият эҳдо менамоянд. Дар ҳама давру замонҳо вазифаи асосии оила тарбияи фарзанд мебошад, ки дар он нақши модар хело бузург аст, зеро ҳаштод фисади тарбияи фарзанд аз модар вобастагӣ дорад. Тарбияи кӯдак ҳамон вақт мукаммал мегардад, ки ҳамкории зич, ҳамбастагӣ байни кӯдакистону оила, мактабу оила ҷоннок карда шавад.
Масъулияти волидайн дар тарбия, таълим ва раванди инкишофи кӯдак нақши бағоят бузург дорад. Дар навбати аввал тарбия бояд ҷанбаи таълимӣ дошта бошад. Нахустин малакаи рафторро тифл аз волидайн меомӯзад. Ба шарофати онҳо ӯ таҷрибаи рафтору кирдор, фарҳангу ахлоқро аз бар намуда, бо суннатҳо анъана ва тарзи муносибат ошно мешавад. Муҳити хонаводагӣ ва фазои фарҳангии он ба ташаккули минбаъдаи шахсияти кудак таъсири бузург мерасонад ва ҷавҳари рӯҳи инсон ташаккул меёбад.
Тарбия дар чанд зина амалӣ мегардад. Дар зинаи якум, ки солҳои аввали зиндагиро фаро мегирад ташаккули одатҳо оғоз гардида, онҳо асосан зери таъсири падару модар ва муҳит суръат мегирад. Яъне хонавода аз муҳимтарин воҳид ва рукни тарбия дар ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад. Ба волидайн лозим аст, ба кӯдак худ таълиму тарбияи дуруст диҳанд, зеро ӯ ба ин ҳаққу ҳуқуқи комил дорад. Агар падару модар фарзанди худро бо гуфтор ё амал тарбияи нек дода бошад, фарзанд ҳам ба онҳо пайравӣ карда дар ҷомеа корҳои хайрро анҷом медиҳад. Баъзе сифатҳои нек дар вуҷуди инсон решаҳои фикрӣ доранд ва кӯдак бо онҳо фарқ менамояд, онҳоро дарк мекунад ва ба падару модар лозим аст он сифатҳои некро тавре парвариш диҳанд, ки кӯдак дар худ ташаккул ва инкишоф додани он сифатҳои некро дарк намояду вазифаи худ донад.
Дар хулоса ин се нуктаи файласуфи машҳури олмонӣ Иммануил Кантро (1724‐1804) доир ба ин мавзуъ зикр кардан ба мақсад мувофиқ медонам:
1. Ба кудак аз даврони ибтидоии синнусолиаш то ҳади имкон озодӣ дода шавад, бо ин истисно, ки натавонад ба худаш ва ба дигарон зараре ворид кунад.
2. Ба кудак талқин бояд кард, ки вай метавонад ҳадафи худро дар ҳолате ба даст оварад, ки ба дигарон ҳам имкон диҳад, ки онҳо ҳам ҳадафҳои худро ба даст биёваранд.
3. Кудак бояд бидонад, ки ӯро барои гуш кардан маҷбур мекунанд, ба хотири он, ки ба ӯ имконият диҳанд, ки аз озодии худ истифода барад ва ҳамзамон ӯро чунон тарбия менамоянд, ки дар оянда инсони озод тарбия ёбад ва аз дигарон вобаста набошад.
Дидавар Беков,
ходими илмии АМИТ
