Исбот шудааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба хотири манфиати шахсиаш якбора ба чанд равияю созмонҳои ифротии динӣ иртибот дорад ва аз онҳо фоида мебардорад. Аммо вай аслан як салафии тундгаро мебошад ва бо истифода аз ин мавқеъ аз доираҳои динии хориҷӣ пештар ҳам маблағи зиёд гирифтааст.
Яке аз сабабҳои асосии дар гузашта ба ӯ нафрат доштани як қисми наҳзатиҳои дигар маҳз ба ҳамон пулҳо аз хориҷиҳо талабидааш марбут буд. Яъне наҳзатиҳо аз он норозӣ буданд, ки Муҳаммадиқбол ба номи ин ташкилоти террористӣ аз доираҳои манфиатдори хориҷӣ пули калон гирифтааст, аммо онро барои худаш харҷ кардааст.
Дигар иғвоангезӣ, дасисабозӣ, ҳангомаҷӯӣ ва тафриқаандозӣ ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи Муҳаммадиқболи Садриддин табдил ёфтааст. Номбурда ибтидои фаъолияти худро аз қаллобӣ шурӯъ намуда, моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубай ҳамватанони худро бо макру ҳиллаи он ки тоҷири муваффақ аст, фиреб дода, маблағи махсусан калон мегирад. Ба онҳо ваъда медиҳад, ки ҳам пули қарз гирифтаашро медиҳад ва ҳам фоизи ҳармоҳаро дар ҳаҷми 10-12 фоиз пардохт мекунад. Пас аз маблағро ба даст овардан, аз Дубай ба Бишкек ва аз он ҷо ба Европа фирор мекунад.
Ин палидак дар Европа сомонаи ифротиеро таъсис дода, ҳамон тавре, ки 10 сол қабл, ҳангоме ки шаҳрвандони тоҷикро фиреб дода буд, бо онҳо низ ҳангоми суҳбат аз ояту ҳадисҳо мисол меовард. Ин яке аз усулҳои маъмулии қаллобон аст, ки худро муъмину мусалмон нишон дода, ба боварии ҳар кас медароянд ва баъдан ҳадафҳои худро амалӣ месозанд. Дар сомонаи ифротии таъсисдодааш низ аз ин усул истифода бурд ва худро ҳамчун як шахсияти парҳезгор ба намоиш гузошт.
Вай иттилооти бардурӯғ ва муғризонаро дар сомонаи ифротиашон таҳия ва нашр мекунанд ва пайваста аз ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом ҳимоят ва ҷонибдорӣ мекунанд. Ин нафари қаллоб ба хотири пулу мол ва сарват имону виҷдонашу танашро ҳам фурӯхтааст.
Саиди Салим,
муҳаққиқ

