Имрӯз, 8 май дар боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия ба муносибати ҷашни 81-умин солагии Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчамбаргузорӣ ба муҷассамаи модару аскар баргузор карда шуд. Инчунин бахшида ба ин ҷашни Зафар раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А.К. мардуми ноҳияро табрик намуда ва барои болидаруҳии сокинони ноҳия чорабинии фарҳангӣ бо суруду таронаҳои ватандусти пешкаш карда шуд.


