Хабарҳо

Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории андоз дар қисмати пешгирии зиёдшавӣ, ситонидани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии ҳолатҳои бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ гардид. Дар ҷаласа аз тарафи раиси Шӯрои ҳамоҳангсози прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло, ҷиҳати руёнидани бақияпулиҳои андоз, дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ва пешгирии тамоми қонунвайрокуниҳо дар ин самт ба кормандони мақомоти андоз, прокуратураи ноҳия ва дигар масъулин дастурҳои мушахас дода шуд. Аз аъзоёни Шуро ҷиддан талаб карда шуд, ки баҳри баҳри ситонидани андозҳои давлатӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз баҳри ғани гардонидани буҷаи давлат бояд ҳама самаранок фаъолият намоянд. Доир ба ҷаласа қарори дахлдор қабул гардида вазифагузори карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *