Имрӯз, 12 май бо ташаббуси прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 мӯҳтарам Зувайдуллозода М.М ва бо иштироки муовини раиси ноҳия, муовини сардори ШВКД дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ, шӯъбаи маориф, сардори идораи сухторхомушкунии ноҳия,сардори ҲФ ва МГ дар ноҳия, сартабиби беморхонаи марказӣ,КАТС, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷаласа баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои пешгирии офатҳои табии, худкуши, ғайрқшавӣ, сӯхтор ва дигар омилҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар раванди ҷаласа прокурори ноҳия вобаста ба пешгирии омилҳои дар болозикргардида ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Махсусан таъкид карда шуд, ки дар масчидҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъияти корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид пешгирии сӯхтор, ғарқшавии ҷавонону наврасон, худкушии ноболиғону наврасон пурзӯр намоянд.
Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор карда шуданд, ки дар маҳал бо аҳли деҳа чунин ҷаласаҳо гузаронанд ва ҷараёни ҷаласаро протоколу аксбардори намуда аз натиҷааш ба прокуратураи ноҳия ахбори муфассал ирсол намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа прокурори ноҳия бори дигар аз аҳли толор муроҷиат ба амал овард, ки ҷавононро таҳти назорат гиранд ва нагузоранд ки ҷавонону наврасон даст ба ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб зананд. Зери шиори риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳамаррӯза амал намоем.

