Оила ҳамчун нахустин зинаи иҷтимоишавии шахсият дар камолоти минбаъдаи он нақши калидӣ дошта, ин омил дар сатҳи ҷомеа мавқеи фарогирро касб намуда, таъсири бевоситаи худро ба камолоти худшиносии миллат мерасонад. Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи фарҳангу фароғатии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи оила чорабинии сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуд.Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Гадозода Паймона иштирок дошта ҳозиринро ба муносибати Иди оила табрик намуда ва ба як қатор оилаҳои намуна ва навхонадорон тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия ҳозиринро бо рақсу сурудҳои дилнишин шод намуд.



