Month: May 2026
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ПАНҶ МУҲТАРАМ ИБРОҲИМИЁН А.К. БА МУНОСИБАТИ ИДИ САЙИДИ ҚУРБОН.
Ҳамдиёрони азиз! Иди сайиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, ки бо сиёсати оқилонаву хирадмандона ва фарҳангдўстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар такя бо фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ, инчунин риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» […]
ҚАДРДОНИ НАМУДАНИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНҲОИ ВИЛОЯТӢ, ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ.
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомот ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар озмунҳои сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои 1,2 ва 3 гардидаанд, ҳамзамон ба устодони онҳо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад. 2. Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад. 3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни […]
ТИБҚИ “НАҚША-ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ҚАБУЛИ ШАХСӢ АЗ ТАРАФИ МАСЪУЛИНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР СОЛИ 2026”
Имрӯз, 23 май дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули шахсии сокинони ноҳияи Панҷ аз ҷониби Сардори раёсати кадрҳои мақомоти болозикр, полковники адлия Раҷабзода Сайдмумин Раҷаб баргузор карда шуд. Дар қабули сайёр 10 нафар сокинони ноҳия аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, бо масъалаҳои таъмин бо оби полезӣ, расонидани кумакӣ моддӣ, кандани каналу […]
ЭЪЛОН !!
Ба диққати тамоми сокинони ноҳияи Панҷ расонида мешавад, ки санаи 23.05.2026 соати 9 00 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи қабули шаҳрвандон” доир мегардад.
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО АҲОЛИИ НОҲИЯ.
Имрӯз, 21 май гурӯҳи кори бобати иҷрои Фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2026,✓ 315 бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ” Дар бораи тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба ноҳия ташриф овардан ва бо мардум ҷаласа баргузор намуданд.
Рузи Оилла
Оила ҳамчун нахустин зинаи иҷтимоишавии шахсият дар камолоти минбаъдаи он нақши калидӣ дошта, ин омил дар сатҳи ҷомеа мавқеи фарогирро касб намуда, таъсири бевоситаи худро ба камолоти худшиносии миллат мерасонад. Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи фарҳангу фароғатии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи оила чорабинии сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуд.Дар […]
ҶАЛАСАИ ФАВРИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯ.
Имрӯз, 12 май бо ташаббуси прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 мӯҳтарам Зувайдуллозода М.М ва бо иштироки муовини раиси ноҳия, муовини сардори ШВКД дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ, шӯъбаи маориф, сардори идораи сухторхомушкунии ноҳия,сардори ҲФ ва МГ дар ноҳия, сартабиби беморхонаи марказӣ,КАТС, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷаласа баргузор […]
