Ҳамдиёрони азиз!
Иди сайиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, ки бо сиёсати оқилонаву хирадмандона ва фарҳангдўстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар такя бо фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ, инчунин риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.
Бо истифода аз ин фурсат тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ин иди сайид самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ, комёбӣ ва файзу баракати ҳамешагии рўзгорашонро таманно дорам.
Ҳамватанони гиромӣ!
Моҳияти аслии Иди сайиди Қурбон, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, дар ҳақиқат ба маромҳои инсондўстиву мурувват, сулҳофариву меҳрубонӣ бунёд ёфта, дар ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо низ нақши барҷаста дорад.
Шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хислатҳои хеле қадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рўзи муборак дили касеро ба даст овардан, нисбат ба ятимону бепарасторон, муҳтоҷону барҷомондагон, камбизоату маъюбон хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб мебошад. Зеро хайру сахо кардан аз ҷумлаи воҷиботи дини мубини Ислом ва беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Бинобар ин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди сайиди Қурбон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва ашхоси саховатманди ноҳия ба чунин ашхос, ки воқеан ниёз ба кўмаку дастгирии моддиву молиявӣ доранд, кўмакҳои хайриявӣ расонида шуда, ин иқдоми наку дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Инҷо лозим ба зикр аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надода, таљлили ҷашну маъракаҳо аз ҷумла, Иди Қурбонро бе зиёдаравӣ ва исрофкорӣ пешвоз гиранд.
Гузашта аз ин бо дарназардошти вазъияти бисёрҳам мураккаб ва ҳассоси имрўзаи минтақа ва ҷаҳон ба ҳар як сокини ноҳия муроҷиат намуда, бори дигар таъкид месозам, ки бояд аз ҳар ваҷаб замин,махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон самараноку оқилона истифода намуда, дар таъмини зиндагии шоистаи худ ва фарзандон саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои динию мазҳабӣ кўшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода мебаранд”
Бинобар ин бо итминони комил иброз медорем, ки тамоми мардуми шарафманду меҳнатдўсти ноҳияи мо минбаъд низ барои таҳкими қимматтарин арзишҳои инсониву имонӣ пеш аз ҳама сулҳу ваҳдат, дўстиву бародарӣ нисбат ба ҳамдигар, муҳаббату садоқат ба Ватан ва саховату муруват ба дармондагон Иди сайиди Қурбон ва дигар ҷашну чорабиниҳои дар пешистодаро низ тавлил хоҳанд кард.
Бори дигар тамоми сокинони ноҳияро бахшида ба таҷлили Иди сайиди Қурбон табрик намуда, барояшон саодати рўзгор, хушбахтиву шодмонӣ, оромию субботро тамано дорам.
Иди сайиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
