Ба диққати тамоми сокинони ноҳияи Панҷ расонида мешавад, ки санаи 23.05.2026 соати 9 00 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи қабули шаҳрвандон” доир мегардад.
Последние записи
ВОРУХ ЧӢ ГУНА “АНКЛАВ” ШУД? ТАЪРИХИ НИЗОЪИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ Муаллиф: Баҳманёр Надиров, Азия-Плюс, 05.04.2021.
Оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳо, ки дар натиҷаи онҳо Ворух “анклав” шуд. Собиқ мири шаҳри Исфара ва иштирокчии чандинкаратаи музокироти байниҳукуматӣ Мирзошариф Исломидинов ба «Азия-Плюс» дар бораи таърихи низоъҳо дар сарҳад –оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳое, ки дар натиҷа Ворух “анклав” шуд, чунин нақл кард: Санадҳои ҳуқуқӣ: таърихи он, ки Ворух […]
Китоб-муниси кӯдакону наврасон
3 апрели соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия Фестивали «ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» баргузор гардид. Дар Фестивал бачагону наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дӯстдорони китоб ва шеъру адаб, шоирону адибон, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд. Мудири Бахши фарҳанги ноҳия Ш. Бухоров Фестивалро ҳусни оғоз бахшида, […]
ЭЪЛОН !!!
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ ( даъвати ҳафтум) санаи 29 сентябри соли ҷорӣ соати 08 00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо рӯзномаи зерин даъват карда мешавад: -рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 22 апрели соли 2022, / 571 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 январи соли 2022, […]
