Имрӯз, 23 май дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули шахсии сокинони ноҳияи Панҷ аз ҷониби Сардори раёсати кадрҳои мақомоти болозикр, полковники адлия Раҷабзода Сайдмумин Раҷаб баргузор карда шуд.
Дар қабули сайёр 10 нафар сокинони ноҳия аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, бо масъалаҳои таъмин бо оби полезӣ, расонидани кумакӣ моддӣ, кандани каналу ҷӯйҳо, сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф ва пешгирии ҳамаи омилҳои омадани сел дар деҳотҳо баромад намуданд. Аз ҷониби масъулини соҳа қисмати зиёди муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳал карда шуда боқимонда мавриди баррасӣ қарор гирифта рӯзҳо наздик ҳалли худро меёбанд.

