Хабарҳо

Паёми табрикии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён З. Ф ба муносибати фарорасии «Соли нави мелодии 2021»

 

Ҳамдиёрони азиз!

Соли сипаригардида соле буд, ки тамоми мардуми кишвари азизамон, аз ҷумла сокинони шарафманду меҳнатдӯсти ноҳияи мо низ дар партави сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷлили яке аз санаҳои муҳими таърихӣ, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Аз ин фурсат истифода намуда,  тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии “Соли нави мелодии 2021” самимона табрик намуда, таманнои онро дорам, ки соли нав барои тамоми мардуми кишвар ва аз ҷумла сокинони ноҳияи мо низ бурдборӣ, тансиҳатӣ, рӯзгори осуда ва саодату комёбиро ба бор орад.

Соли 2020 воқеан соли таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии босуръати иқлими сайёра, амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, ҷони ҳазорҳо инсонҳоро аз байн бурда истодаанд, шомил шудани ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ ва таҳдиди воқеии ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон, қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа, таҳдиду амалҳои гуруҳҳои трансмиллӣ, муташаниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар кишварҳои Ховари Миёна, сар задани муноқишаҳои диниву мазҳабӣ дар қисме аз кишварҳои олам ва дар баробари ин интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва ҳамзамон хуруҷи босуръати мавҷи дуюмбораи он дар баъзе аз мамлакатҳои Аврупо, ба ҳисоб меравад.

Имрӯз бо мақсади аз ин таҳдиду хатарҳо наҷот ва раҳоӣ бахшидани башарият созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бахусус Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузори  конфронсу ҷаласаҳо тадбирҳои зарурӣ ва чораҳои саривақтиро амалӣ намуда истодаанд.

Ҷиҳати эмин нигоҳ доштани инсоният аз тамоми хатару таҳдидҳое, ки соли сипаригардида қариб тамоми сайёраро фаро гирифтанд, имрӯз сарони давлатҳои абарқудрат низ зимни баргузории видеоконфронсҳо пешниҳодҳои судмандро иброз намуда истодаанд.

Вале новобаста аз ҳамаи ин таҳдиду хатарҳои сиёсиву глобалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву оқилона ва сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо ҷаҳду талош ва андешидани тадбирҳои заруриву саривақтӣ соли равонро сипарӣ намояд.

Чӣ тавре зикр намудем айни замон хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус қисме аз бештари кишварҳои олам, бахусус мамлакатҳои Аврупоро фаро гирифта, ҷони садҳо одамонро аз байн бурда истодааст. Мусаллам аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин вабои аср тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус баргузор намудани тамоми ҷашну чорабиниҳо низ манъ карда шудааст.

Хуруҷи ин бемории сироятӣ дар амалӣ намудани қесме аз нақшаву ниятҳо монеагӣ эҷод намуд, вале бо андешидани тадбирҳои зарурӣ давоми соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумла сокинони ноҳияи мо низ ба як зумра дастовардҳо ноил гардида, умед аст, ки соли 2021 он нақшаву ниятҳое, ки бо сабаби паҳншавии пандемияи COVID-19 амалӣ нагардидаанд, роҳандозӣ хоҳанд гашт.

Имрӯз яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, ки ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ мегардад, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар расидан ба ин ҳадаф заминаи боустувор барои рушду нумӯи ҳама гуна соҳаҳо ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар заминаи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баромаду суханрониҳои худ вобаста ба таъмини нерӯи барқ ба аҳолии кишвар баён медоранд санаи 30 июли соли 2020 муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 декабри соли равон бошад муроҷиатномаи “Ширкати барқи тоҷик” ба аҳолии кишвар пешниҳод карда шуд.

Дар муроҷиатномаҳои мазкур истифодаи сарфакоронаву оқилона ва мақсадноки нерӯи барқи истифодашуда, сари вақт пардохт намудани нерӯи барқи истифодагардида, роҳ надодан ба талафот ва зиёдшавии қарзи маблағи нерӯи барқ, таъмини муштариён ба ҳисобкунакҳои барқӣ баён гардидаанд.

Бинобар ин ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият, корхонаву идора, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини сохторҳои марбутаро лозим аст, ки бо мақсади амалӣ намудани муроҷиатномаҳои мазкур ва бобати истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ тадбирҳои зарурию саривақтӣ андешида, ҳамзамон тибқи амри раиси ноҳия дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотиро амалӣ намоянд.

Давоми соли 2020 ташкилоту муассисаҳои ноҳия новобаста аз шакли моликият, корхонаву идораҳои ноҳиявӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот новобаста аз баъзе мушкилотҳои дар боло зикргардида ба як зумра дастовардҳо ноил гардиданд.

Дар ин давра рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2019-2020, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27 марти соли 2019, №356 қабул гардидааст, ки дар маҷмуъ аз 82 лоиҳа бо маблағи умумии 147,6 миллион сомонӣ иборат мебошад, зери назорати доимӣ масъулини соҳа қарор дошта, то имрӯз ҷиҳати иҷрои он корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла  аз 82 адад лоиҳаҳои дар Барнома воридгардида, 55 лоиҳа ба маблағи 42,8 миллион сомонӣ  иҷро гардидааст, ки иҷроиш аз ҳисоби шумораи умумии лоиҳа 55 фоиз ва аз руи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 29 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар  доираи иҷрои Нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 210 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба маблағи зиёда аз 96,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд  ва   то имрӯз  153 иншоот ба маблағи 28,2 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд,  ки 72,8 фоизи ҳаҷми умумии Нақша чорабиниҳоро дар бар мегирад.

Хушбахтона имрӯзҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорону ашхоси саховатпеша ва хайрхоҳ раванди корҳои бунёдкориву ободонӣ ва созандагӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома ёфта истодаанд.

Дар доираи иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор таҷлил намудани ин санаи муҳими таърихӣ давоми соли 2020  сокинони меҳнатдӯсту шарафманди ноҳия, ба як зумра дастовардҳо ноил гардиданд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои гузаргоҳ ва толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, бинои панҷошиёнаи маъмурии шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағи 6 миллион сомонӣ, бинои шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолон бо маблағи 3 миллиону 870 ҳозор сомонӣ, бинои  панҷошёнаи  истиқоматӣ дар кӯчаи А. Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва коллеҷи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, нуқтаи таъмир, шустушӯи мошинҳо ва дар ошёнаи дуюми бино сехи дӯзандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 50- солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ, идома доранд.

Дар арафаи таҷлили ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ кӯмак расонидан ба ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва ашхоси ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар доираи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳандозӣ намудани амалҳои хайру савоб дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ санаи 31 декабри соли равон  аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 38 нафар ятимон ва оилаҳои камбизоату маъюб ва аз ҷониби ҶДММ «Шимшо» бошад ба 200 нафар маъюб, ятимони кулл ва табақаҳои ниёзманди ноҳия маводҳои аввалияи ғизоӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ҳамчун кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Инҷо лозим ба ёдоварӣ аст, ки тибқи қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон пешгирии хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ баргузор намудани тамоми чорабиниҳои тантанавӣ, фарҳангиву оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Соли нави мелодии 2021” дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Вобаста ба амалӣ намудани қарори мазкур тамоми шаҳрвандони ноҳияро зарур аст, ки тамоми ҷамъомаду нишаст ва шабнишиниҳоро ба муносибати соли нав танҳо дар доираи оила доир намоянд.

Итминони комил дорам, ки сокинони меҳнатдӯсту шарафманди ноҳияи Панҷ дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддасу воқеан бузурги миллиамон, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт. Зеро дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолияту озодии кишвари азизамон Тоҷикистонро чун неъмати муқаддаси таърихи ҳаёти худ ва гавҳари бебаҳои зиндагиямон гиромӣ дошта, барои ҳимояву ободии он ҳамеша омода бошем.

Дар амалӣ гардидани нақшаву ниятҳо ва тай намудани ин  роҳи пуршараф ба тамоми сокинони ноҳия барору комёбӣ таманно дорам.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *