Хабарҳо

Дар масири ҳифзи Истиқлоли давлатӣ чун Шириншоҳ Шоҳтемур бояд буд

Миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик аз бомдоди таърих масири паҳновар, вале мушкилгузару пурпечутоберо тай намуда, дар ҳама марҳилаҳои мураккабу душвор ин итиҳони таърихро сарбаландона паси сар кардааст. Ҳанўз аз аҳди қадим фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик роҳи фарҳангу маърифат ва илму донишро равшан карда, дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррасе гузоштанд.
Хушбахтона, дар тамоми лаҳзаҳои ҳассос, барои ҳалли мушкилоту раҳо ёфтан аз варта халқи шарифи тоҷик ҳамеша аз хиради азалии хеш кор мегирифт. Дар саргаҳи ин ҳаракат ҳанўз аз аҳди давлатдории Каёниёну Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониён, Саффориёну Тоҳириён, Ғуриёну Сарбадорон, Оли Курт то кунун ҳамеша шахсиятҳои миллатдўсту меҳанпараст ва афроде, ки хидмат дар роҳи истиқлоли меҳану озодии миллатро бузургтарин арзишҳо ва ҳадафи ҳастии хеш медонанд, қарор доштанду доранд. Дар асри ХХ, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷикро ду лаҳзаи бисёр ҳассос, марҳилаи душвор ва имтиҳони сангин пеш омад, зуҳури ин ҷавонмардони далеру шуҷоъ ва ҷасуру диловар миллати тоҷикро наҷот бахшиду меҳани тоҷиконро эҳё кард.
Пас Ҷанги якуми фаҳонӣ, ки тамоми ҷомеаи башарӣ бар марҳилаи комилан нави давлатдорӣ ворид гардид ва тақсимоти дигарбораи ҷаҳон шурўъ намуд, барои аксар халқияту миллатҳо мураккабию душвориҳои зиёдеро пеш овард. Аз ҷумла, Осиёи Марказӣ чун гавҳари кашфношуда ва дорои захираҳои бузурги табиӣ диққат тамоми абарқудратҳоро ҷалб намуд. Агар он замон абарқудратҳо бештар захираҳои табиию ҷанбаҳои моддиро фикр мекарданд, душманони миллати тоҷик низ кам набуданд, ки маҳви таъриху фарҳанги онро тарҳрезӣ менамуданд. Мисоли равшани инро дар Осиёи Марказӣ мушоҳида карда метавонем.
Дар ҳамин марҳилаи ҳассоси барои яке таърихсўз ва барои дигаре таърихсоз фарзонагони миллати сарбаланди тоҷик, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Аббос Алиев, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон бо далерӣ, ҷасорат ва шуҷоатмандӣ аз зуҳури хеш дарак доданд. Дар қатори ин ҷонфидоёни миллат ва таъсисгарони давлати навини Тоҷикистон ҷаҳду талошҳо ва заҳмату машаққатҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат Ширншоҳ Шоҳтемур лозим ба ёдоварӣ ва шоистаи таҳсину офарин аст. Ва бо ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва ҳар нафаре, ки худро соҳибватану намояндаи ин миллати куҳанбунёд меҳисобад, баҳри таъмини истиқлолу озодии ин марзу бум чун Шириншоҳ Шоҳтемур гомҳо бардорад.
Шириншоҳ, ки дар байни кўҳҳои устувору сарбаафлоки сарзамини тоҷикон тавлид ёфта ва ба воя расида буд, дар масири огоҳию бедории миллӣ ва ҳифзи истиқлолу озодии меҳан, чун кўҳҳои ватани маҳбубаш устуворонаю сарбаландона қадам гузошт. Ў, ки марди далеру қасур ва таҳамтансирату қавиирода буд, аз вазъияте мавҷуда заррае наҳаросидааст.
Бо ҷаҳду талош Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзонагони ин миллат баҳри ташкили Тоҷикистон ва ба ин восита бароварда кардани орзуҳои чандҳазорсолаи миллати хеш камари ҳиммат бастанд ва дар ниҳоят худро қурбону миллати тољҷикро соҳибватан гардониданд. Аз ин рў, ҳар як қадами гузошта ва ҳар як хидмати ин абармарди майдони сиёсат дар масири таъсиси давлати миллӣ, бароварда кардани орзуи деринаи мардуми тоҷик, ҳастии худро қурбони эҳёи миллат намудан, бунёд гузоштан ба маорифи миллӣ ва таъсиси нахустин рўзномаи тољикӣ на танҳо шоистаи таҳсину офарини хушку холӣ, балки бари ҳар фарди огоҳу бедор ва миллатдўсту меҳанпараст дарси бузурги сабақомўз аст.
Аз ин рў, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ огоҳ будан аз зиндагӣ, фаъолияти давлатию сиёсӣ ва хидматҳои миллатсозию давлатсозии Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам қарз асту ҳам фарз. Зеро ҳар як намояндаи миллати мо ва ҳар як ҳаммеҳани мо бояд бидонад, ки барои ба озодӣ ва истиқлол ин марзу бум, сарварону диловарони миллатдўсте, чун Куруши Кабир, Ардашери Бобакон, Абумуслими Хуросонӣ, Бобаки Хуррамдин, Исмоили Сомонӣ, Яъқуби Лайс, Тоҷири Ҳусайн, Ғиёсуддини Ғурӣ, Абдураззоқи Бошинӣ, Рукнуддини Марғонӣ, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи ин абармардони майдони сиёсат ва шахсиятҳои давлатсозро идома медиҳанд, хеле ҷаҳду талош кардаанд ва аз ҷони хеш гузашта, миллату меҳанро ба соҳили мурод расонидаанд.
Бинобар ин, огоҳ будан аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, кору пайкор ва хидматҳои мондагори саркардагони масири истиқлолу озодии миллат ва бунёдгузорони давлатҳои миллӣ, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур мояи ифтихор ва сарфарозӣ хоҳад буд. Зеро тақдири миллату меҳан ин ҷавони огоҳу бедорро дар чунин вазъият ором гузошта наметавонист ва Шириншоҳ огоҳонаю ҳадафмандона ин роҳро интихоб кард. Фаъолияти давлатию сиёсии ў аз лаҳзаи фаъолият дар шуъбаи русии мактаби мењнатӣ-педагогии шаҳри Тошканд оғоз меёбад, ки дар ин ҷо ба узвияти Ҳизби коммунистӣ (болшевикони) Россия пазируфта мешавад. Моҳи майи соли 1921, бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Шириншоҳ дар ҳайати 500 «донишҷўи пролетарӣ» дар тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд ширкат варзидааст. Пас аз чанде ўро ба КИМ-и Туркистон даъват намуда, дар ҳайати Сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ-сиёсӣ барои барпо намудани Ҳокимияти шўроҳо њамроҳи Т.Дяков ва Ҳ.Ҳусейнбоев ба Бадахшон (Помир) мефиристанд. То охири соли 1922 дар ин љо кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода мешавад ва пас аз бозпас хондани Т.Дяков ба Тошканд Шириншоҳро раиси Кумитаи инқилобии Помир интихоб менамоянд. Дар баробари ташвиқи зарурати таъсиси кумитаҳои инқилобӣ дар Помир Шириншоҳ дар оғози фаъолият ба ислоҳоти замину об ва тақсими одилонаи он ба деҳқонон, таъсиси анборҳои захираи озуқа барои дастгирии камбағалон, ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ шурўъ менамояд.
Бо дарназардошти хизматҳои бенуқсон, донишу фарох ва малакаи баланди корӣ соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват гардида, инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар шуъбаи тољикӣ таъин мешавад. Марҳилаи нави фаъолияти сиёсии Ширишоҳ мањз дар ин ҷо оғоз меёбад. Ҳарчанд мақомоти ҳизбию давлатии ҷамоҳири Туркистон – Бухоро ва Хоразм бањри амалӣ кардани тақсимоти марзию миллӣ корҳои зиёди ташкилию фаҳмондадиҳӣ анҳом доданд. Вале зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби КМ Ҳизби коммунисти Туркистон омода шуда буданд, Шириншоҳ доир ба мавҷудияти миллати худ, ҳамчун халқи асосию таҳҷойии Осиёи Марказӣ ҳатто ишорае ҳам пайдо накард.
Албатта, чунин муносибат нисбат ба тақдири миллат Шириншоҳи миллатдўсту меҳанпарастро ором нагузошт. Ў дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳояибоев, Саидаҳмад Анваров, Абдуқодир Муҳиддинов ва равшанфикрони миллӣ ба воситаи мактубу муроҷиатнома ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Россия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи тоҷикро қотеона талаб кард. Далели равшан ва раднопазири ин гуфтаҳо «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон» мебошад.
Сипас, давоми солҳои 1925-1926 Шириншоҳ дар вазоифи корманди масъули Инспексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори КМ Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Ўзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳамзамон, Комиссари халқии молияи Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ ва барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ дар навоҳии минтақаи Кўлоб фаъолият кард. Солҳои 1926-1929 намояндаи доимии Тољикистон дар Шўрои Комиссарони Халқии Ўзбекистон таъин гардида, дар як вақт чун шунавандаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ ба номи И.В. Сталин таҳсил менамояд. Соли 1929 фавран ба Тоҷикистон даъват шуда, котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Тоҷикистон, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шўравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1932 барои такмили дониш ба шаҳри Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват гардида, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон, яке аз муовинони раиси Комитети Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шўравиро иҷро мекунад.
Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани макотиби Шўравӣ дар ҳама гўшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ буд. Зеро маъхазҳои зиёди таърихӣ собит менамод, ки саволи аввалину дўстдоштаи Шириншоҳ зимни сафару вохўриҳо «Шумо мактаб доред?» будааст. Ў ҳамчун роҳбари миллатдўсту меҳанпараст ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босубот ва ҳамаҷонибаи Тояикистонро бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рў, таъсиргузор шудани сохти нав ва рушду пешрафти соҳаҳои фаъолиятро дар манотиқи мухталифи кишвар пеш аз ҳама дар маҳви бесаводӣ, бахусус, байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзои онҳо медид. Шириншоҳ худ мактабшинос буда, аз 17 ҳуҷҷати расмии мавҷудаи шарҳиолиаш, дар 5-тояш касби хешро коргар, дар 6-тояш омўзгор, дар 1 ҷой педагог ва дар 5-тои дигар корманди ҳизбӣ навиштааст. Бо назадошти касбият ва зарфияти дониш муддате роҳбарии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба маҳви бесаводиро ба уҳда дошт.
Азбаски Шириншоҳ шахсияти миллатдўст ва марди огоҳ буд, аз ин рў, ба ҳайси раиси Комиссияи таҳия ва қабули Конститутсия, Нишон, Парчами давлатӣ фаъолияти пурсамар дошт. Ҳамчунин, ин роҳбари донишманд дар саргаҳи ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳимми дигар низ қарор доштааст. Масъулият ва ҷуръати беандозааш буд, ки моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон ошкоро сухан кард ва беасос маҳбас шудани як қатор ходимони ҳизбию давлатиро маҳкум намуд. Дар баробар ин, Шириншоҳ Шоҳтемур дар поягузории матбуоти тоҷик баробари устодони бузург Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев ва Нисор Муҳаммад, дар таъсис ва нашри аввалин рўзномаҳо саҳми арзанда гузошт. Чун роҳбари давлат бо ҳамроҳии алломаҳо Айнӣ ва Лоҳутӣ дар соли 1934 ҷашни 1000-солагии ҳаммосасарои бузурги ҷаҳонӣ Ҳаким Фирдавсиро баргузор намуд, ки нишонаи баланди миллатдўстию меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати хеш мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *