Ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» дар давоми фаъолияташ танҳо бо ифротгароӣ, ҷинояткорӣ ва авбошӣ шинохта шудааст. Аъзоёну саркардаҳояш то ҳадде авбошанд, ки ҳатто зимни барномаҳои онлайниашон ин гуна рафтори ғайриинсониашонро пинҳон карда наметавонанд.
Ҳар замон дар фазои маҷозӣ иғвогарию ҳангомасозӣ, тафриқаандозӣ ва туҳматпароканиҳои ин туда ошкор шуда меистад.
Аз ҷумла чунин амали яке аз саркардаҳои ин туда Ҳусейн Ашурови ҷиноятпешаву фирорӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол давом дорад. Ӯ таввасути канали ютубии худ “Ҳақ ва ботил” ба муқобили мардум ва Ҳукумат ҳамлаҳои иттилоотии худро сафарбар намудааст. Бо ҳамон усулу прёмҳои асосии аъзоёни ташкилаҳои террористии дигар, махсусан, ТТЭ ҲНИ, аз номи дину ойин сӯистифода карда, ин ё он масаларо дурӯғин ба он рабт медиҳанд ва дар ин росто ҳарзаҳои бофтаву дурӯғини худро иброз менамояд.
Найрангу ҳила ва ҳарзабофиву дурӯғгӯиҳо сифати хоси тамоми аъзоёни ташкилаи ифротии “Гурӯҳи 24” аст. Аъзоёни ташкилаи мазкур мехоҳанд бо дасисаангезӣ, тафриқаандозӣ ва ташвиқу тарғиб намудани ғояҳои ифротиву террористии эҷоднамудаи худ, ҷавононро дар бунбасти фикрӣ қарор диҳанд, ва баъдан, бо баҳонаи “пуштибонӣ аз дину мазҳаб” онҳоро ба доми худ афтонанд ва мағзшӯйи намоянд.
Дар канали ютубии “Ҳақ ва ботил” назару андеша ва хабару гузоришҳои зидду нақиз, ифротиву тафриқандоз ва зиддиинсонӣ мудом баён мегарданд. Ҳусейн Ашуров такрор ба такрор ғояҳояи радикалӣ ва ифротии гурӯҳи террористии худро тарғибу ташвиқ менамояд. Шахсияти террорист, худбохта, ифротиву мутаассиби худро як шахси огоҳу озодандеш ва ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” – ро ташкилаи мардумӣ нишон медиҳад. Ба худ ҳар гуна унвону мартабаҳои беасосу сохта ва дурӯғини мардумӣ дода, кӯшиш мекунад, ки аз худ як шахсияти миллӣ ва мардумӣ бисозад. Ин дар ҳолест, ки аз ҷурму ҷиноятҳои сангини ба сари мардуму давлат содир намудаи ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” ба хубӣ огоҳанд.
Ба таври ошкоро Ашур Ҳусейн дар сӯҳбатҳои худ, ки дар канали ютубиаш нашр мегарданд, фаъолияти дигар ташкилаҳои террористӣ ва ғояҳои онҳо, ки ба амнияти тамоми кишварҳои сайёра хатар эҷод мекунанд, тарғиб мегардад. Тамоми пайравони “Гурӯҳи 24” ба монанди пайравони дигар гурӯҳҳои террористӣ душманӣ ба илму дониш, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ доранд. Инкор намудани фарҳангу арзишҳои волои зиндагии инсоният ва баръакс густаришу ривоҷ додани ғояҳои ифротиву террористӣ дар ҷавҳари фаъолияти зиддибашаронаи аъзоёни ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” мехобад. Аз ин рӯ, канали ютубии “Ашур Ҳусейн” ҳамчун дастгоҳҳои таблиғотии терроризму эктремизм ба тамоми инсоният хатар дорад.
Раҳими Ҳошим,
муҳаққиқ
