Хабарҳо

Садоқат ба Президент – муҳабат ба Ватан

 

 

Бахшида  ба  рузи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Панҷ  бо  иштироки  масъулини  нохия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул  ҷамъомад баргузор гардид  . Дар  баргузори ҷамъомад Раиси ноҳияи Панҷ дар суханронии худ зикр намуд, ки   тӯли чанд соли охир дар кишвари маҳбуби мо рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Президент аз он ҷиҳат рамзи эҳтирому садоқат ва вафодорӣ маҳсуб меёбад, ки ба рӯзи кушодашавии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.  Маҳз дар ҳамин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба ҳайси Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия интихоб гардиданд. Ин шахсият дар андак муддат асосан ба ҷанги хонумонсeзи таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва дар назди мардуми Тоҷикистон ҳамчун як фарзанди фидокор, босадоқат, вафодор ва ташкилотчию ташаббускор шинохта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат дар назди Парчами кишвар қасам ёд кард ва ба мардуми шарифи мамлакат  содиқона кафолат дод, ки барои онҳо сулҳ меоварад, мардумро сарҷамъ мекунад, ваҳдату ягонагии миллиро барқарору устувор месозад.  Ин ниятҳои наҷибонаи худро иҷро кард, кишварро аз ҷанги бародаркуш раҳоӣ бахшид, ба қалби ҳар як сокини ҷумҳурӣ умед ба

 

ояндаро бедор сохт ва роҳи бартараф кардани харобаҳои ҷанг, созандагию бунёдкориро пеш гирифт.

Гуфта шуд, ки фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат мухтарам Эмомали Рахмон тавонит нуфузи миллати точикро дар чахон баланд бардошта, Точикистонро ба як давлати мутарақиву рушдкарда тадбил дихад. Сипас барномаи консертии санъаткорони шуъбаи фарҳанги назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Панҷи вилояти Хатлон бо сурудҳои ватандўстонаи худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *