Хабарҳо

Касифе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Ифротии салафӣ – Муҳаммадиқболи Садриддин, ки баъди содир кардани ҷиноятҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ва мардуми кишвар гурехта, дар Фаронса панаҳ бурдааст, ба амали пасту ноҷавонмардона, яъне бофтану паҳн кардани туҳмату буҳтон нисбати кишварамон машғул аст.
Барои ин амали палидонааш вай аз тарафи сарпарастони хориҷиаш пул мегирад. Албатта рӯзе ин душмани мардум ва хоини миллат ба даст меафтад ва муҷозот хоҳад шуд. Аммо ба эҳтимоли зиёд аксарият дар бораи ин махлуқи касиф маълумоти дуруст надоранд.
Аз ин сабаб мо ҳафт чизи ҷолиби донистаниро дар бораи М.Садриддин меорем, то хонанадагон чеҳраи аслии уро шиносанд ва минбаъд ба макру фиреби вай дода нашаванд.
Якум, М. Садриддин зодаи терроризм аст. Худи вай борҳо таъкид кардааст, ки ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ дар замонаш маҳз дар хонаи онҳо, дар шаҳри Бохтар бо ҳузури чанд тан аз муллоҳои ифротӣ таъсис дода шудааст. Садриддин Қаландар – падари М.Садриддин яке аз ташкилдиҳандагони ин созмони террористӣ будааст.
Дуюм, М.Садриддин замони хурдсолиаш дар маҳаллаи зисташон ба предмети хандаю масхараи ҳамсолонаш табдил ёфта буд. Ҳамсолонаш уро писари «Гусола» гуфта масхара мекарданд. Зеро падараш он замон бо мақсади таъмини талаботи шаҳвониаш бо як гусолаи бечорае кӯшиши алоқаи ҷинсӣ карда, ҳамчун зоофил ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Ин як зарбаи сахти равоние ба М.Садриддин буд, ки минбаъд барои ифротию инсонбадбин шуданаш таъсир доштааст.
Сеюм, М.Садриддин дар замони наврасиаш бо лақаби «кабутари сафед» шинохта шуда буд. Дар замони ба сифати гуреза дар ҳамсоякишвар қарор доштани хонаводаашон падари вай бо қумондонҳои гуруҳҳои террористии дигар иртибот доштааст. Вай М.Садриддин наврасро низ ҳамроҳи худ ба назди онҳо мебурдааст. Яке аз он қумондонҳои бадбахт, ки ҳамҷинсгаро будааст, М.Садриддини наврасро таҷовуз мекунад ва ба ӯ номи «кабутари сафед»-ро мениҳад. Рафта – рафта М.Садриддин дар байни он террористон ҷолибияти зиёд пайдо карда, бо номи «кабутари сафед» машҳур мегардад.
Чорум, М. Садриддин яке аз мубаллиғони асосии террористони наҳзатӣ ва паҳнкунандаи мазҳабу равияҳои бегона дар Тоҷикистон буд. Вай баъди аз гурезагӣ ба Тоҷикистон баргаштан бо пули ташкилотҳои террористӣ ва ифротгарои хориҷӣ, ки наҳзатро маблағгузорӣ мекарданд, як фонде ташкил дода, ба чоп ва паҳн кардани китобҳои экстремистӣ машғул буд. Ғайр аз ин дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонони ноогоҳ таблиғоти ифротгароёна бурда, онҳоро ба содир кардани амалҳои ҷиноятӣ ва хушунату зуроварӣ таҳрик медод. Айни замон М.Садриддин чунин амалҳояшро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи ифротиаш анҷом медиҳад.
Панҷум, М.Садриддин дар баробари ифротгароию терроризм ҷиноятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, аз ҷумла қаллобӣ низ содир кардааст. Ахиран, исбот гардид, ки вай пештар ба боварии чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фдаромада, бо ваъдаи додани фоиз аз фоида аз онҳо маблағи калони пулӣ гирифтааст. Аммо на танҳо фоизи ваъда кардааш, балки қарзи гирифтаашро низ барнагардондааст. Ин танҳо як ҳолати аз тарафи М.Садриддин сар задани чунин ҷиноятҳост. Ба эҳтимоли зиёд ин гуна амалҳои қаллобиро зиёд содир кардааст.
Шашум, М.Садриддин як оқипадар аст. Вай ҳамеша бо падараш мушкил дошт. Ҳатто дар ҷанозаи падараш ширкат накард. Ҳол он ки ба осонӣ ва камтарин хароҷот метавонист аз Фаронса ба Лаҳистон рафта, дар дафни падараш иштирок намояд.
Ҳафтум, М.Садриддин бо ҳамҷинсгароёни аврупоӣ пайвастааст ва дар созмонҳои онҳо аъзо мебошад. Мувофиқи нақли муҳоҷирони муқими Аврупо, сабаби асосии дар он кишвар соҳиби мақоми паноҳандагӣ шудани М.Садриддин маҳз ҳамҷинсгаро буданаш мебошад. Дар акси ҳол ба ин ифротгарои террорист мақоми паноҳандагӣ намедоданд.

Насим Шарифзода,
муҳаққиқи масоили муҳоҷират

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *