Бузургдошт ва назари амиқ намудан ба таърих ва фарҳангу адабиёти ғании ниёкон яке аз падидаҳои нодиртарини Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Махсусан баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ дар самти шинохти шахсиятҳои варзидаи миллат аз ҷумлаи амалҳои неки даврони Истиқлолият аст. Таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳар сол дар таърихи 30 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мегардад, боз як бор моро ба сӯи баҳри маънии шеъри Мавлоно мебарад. Шеъре, ки ба таҳаммулпазирӣ, ваҳдату ягонагӣ ва инсондӯстиву олиҳимматӣ даъват мекунад, бевосита шеъри Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аст.
Дар ҳақиқат, Мавлоно Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273), яке аз симоҳои равшан ва пурҷилои адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик аст, ки бо осори гаронбаҳо ва саршор аз ақидаҳои таҳаммулгароёнаи худ дилҳоро тасхир намудааст.
Мафҳуми «таҳаммулпазирӣ», ки аз забони арабӣ ба забони мо иқтибос шудааст, дар радифи вожаҳои лотинии «tolerantia» ва англисии «tolerance» ба маъноҳои «бардошт кардан», «сабр намудан», «бузургворӣ дар шикебоӣ» нишон додан ва ғайра далолат мекунад. «Таҳаммулпазирӣ» ҳамчун истилоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ дар осори фарҳанги фалсафӣ ба таври гуногун шарҳу тафсир гардидааст, аз он ҷумла: «Таҳаммулпазирӣ – ин таҳаммул намудан (бо сабру шикебо будан) нисбати ақидаҳо, этиқодҳо, урфу одат, ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёти дигар халқу миллатҳо». (Краткая философская энциклопедия. М., 1994. С.457)
Имрӯз ин истилоҳ аз вожаҳои серистеъмолтарини илмҳои равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа ва ахлоқ гардидааст. Дар атрофи масъалаҳои таҳаммулпазирӣ мақола ва асарҳои илмӣ таълиф карда мешаванд, конфронсу мизҳои мудаввар доир мегарданд. Чунки воқеият ва равандҳои замони муосир дар баробари дигар гардидани сохторҳои ҷамъиятӣ онро тақозо мекунад, ки фарди ҷаҳони муосир новобаста аз дину эътиқод ва намояндаи кадом миллату халқият буданаш, нисбати арзишҳои миллию динии дигар қавму миллатҳо бояд таҳаммулпазир бошад.
Бояд қайд кард, ки идеяҳои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта дар таърих ва фарҳанги тоҷикон ҳамчун арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ шинохта шудаанд. Таҳаммулпазирӣ арзишест, ки дар натиҷаи зиндагии якҷояи инсонҳо ба вуҷуд омада, имрӯз як мизони иҷтимои ҷомеа шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Аммо воқеиятҳои замони муосир ба мо панд медиҳад, ки таҳаммулпазирӣ ҳам ҳадду ҳудуд дорад ва он бояд ба манфиатҳои миллӣ халал ворид накунад.
Мероси илмию адабии донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи мо то кунун арзишҳои волои худро нигоҳ дошта, мутобиқи талаботи давру замон зарурати пурра баррасӣ намудани онҳо пеш омадааст, зеро шинохти шахсиятҳои бузург ва омӯзишу таҳқиқи осори онҳо дар эҳёи анъана ва суннатҳои ниёгон, худшиносиву худогоҳии мардум, инчунин боло рафтани сатҳу сифати омӯзишу таълиму тарбия нақши муҳиму калидӣ хоҳад гузошт.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷумлаи шоир ва мутафаккирони маъруфи тоҷик аст, ки осори ӯ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр гардидаанд ва аз ҷумлаи серхонандатарин китобҳои дунё ба шумор мераванд. Чунки Мавлоно ба дили инсонҳо роҳ ёфта, афкори ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву маваддатро сурудааст. Ӯ ошиқи ишқи пок ва масти шароби ноб аст, на шароби сурх, балки шароби маърифат ва нобе, ки оламу одамро дигаргун мекунад, мебошад. Чуноне дар рубоии зерин мегeяд:
Ин мастии ман зи бодаи хумро нест,
Ман он мастам, ки бодаам пайдо нест.
Ҳаёти ӯ – ҳаёти ошиқ ва орифи шӯридадиле буда, ки дар ҷӯстуҷӯи ҳақиқат ва инсони комил сарф гардидааст. Мероси бою гаронбаҳои ин шахсияти шаҳир чун «Девони Шамс», «Маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳӣ» ва «Маснавии маънавӣ» асарҳои мондагоре ҳастанд, ки арзиши худро то имрӯз гум накардаанд.
Осори гаронбаҳои Мавлоно саршор аз меҳру муҳаббат, ваҳдату дӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва гуманизм аст. Вале имрӯз бисёр нуктаҳои осори ӯ кашф нашудааст. Яке аз вижагиҳои осори Мавлоно он аст, ки вай ба дилҳои тамоми инсонҳо, новобаста ба он ки онҳо ба кадом қавм ва оину дин таалуқ доранд, маъво гирифтааст. Пас, таҳаммулпазирӣ ва инсондустӣ дар андешаи Мавлоно пеш аз ҳама фарҳанги муҳаббат ва ҳамдилӣ аст. Ӯ инсонҳоро ба ҷои душманӣ ба дӯстӣ, ба ҷои кина ба бахшиш ва ба ҷои ҷудоӣ ба ваҳдат даъват мекунад. Аз ин рӯ, осори Мавлоно имрӯз ҳам барои тарбияи эҳтиром ба дигарон ва таҳкими ҳамзистии осоишта аҳамияти бузург дорад.Чунки ашъори пур аз меҳру муҳаббат ва самимияти ӯ саршор аз дӯстиву рафоқат ва даъват ба сулҳу маваддат буд:
«Баъзе аз абёти ӯ забон ба забон мегашт ва дар сиҳати назарот ва тасмимгириҳо нақши таъйинкунанда дошт. Маҳатмагандӣ падари бузурги Ҳинд, муборизи роҳи озодӣ Ҳиндустон, ки фалсафаи адами хушунатро дар маниш ва куниши худ татбиқ намуд, модом ин байтро дар мавриди мухталифи зиндагии худ такрор мекард ва сахт бар он таваҷҷуҳ дошт:
Ту барои васл кардан омадӣ,
Инсоне,ки Мавлоно дар ҷустуҷӯяш аст, инсоне дур аз ҷаҳлу таассуб ва буғзу кина. Вай дар талаби инсонест бомаърифат ва созанда,ки ботину зоҳираш як бошаду аз паси маънӣ равад:
Сурати зоҳир фано гардад бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳз бо «Маснавии маънавӣ» дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо нақши босазое гузошт. «Маснавии маънавӣ» фарогири мавзӯъҳои мухталифе мебошад, ки на ба ҳар кас имконияти дарки он муяссар мегардад. Дар ҳақиқат, касе метавонад ба мақсади Мавлоно пай барад, ки аниси ҳамешагии «Маснавии маънавӣ» бошад, чунон дар дафтари панҷуми ин асар омадааст:
Роҳ наёбад аз ситора ҳар ҳаввос,
Ҷуз, ки киштибони исторашинос.
Ошноӣ гир шабҳо то ба рӯз,
Бо чунин истораҳои девсӯз.
(Маснавии маънавӣ. Дафтари панҷум, байтҳои 4227-4230).
Бояд зикр намуд, ки дар осори Мавлоно ба вижа дар «Маснавии маънавӣ», ки иборат аз 26500 байт мебошад, мо дучори масъалаҳое мешавем, ки воқеан дар ҳар давру замон, аз ҷумлаи масъалаҳои бунёдӣ ва рӯзмараанд ва ҳеҷ вақт қуҳна намешаванд. Масалан, ӯ ба ибрози масъалаҳое ба монанди дӯстӣ, ишқу имон, ихтилофҳо, рафъи ихтилофҳо, масъалаи тарбият ва ғайра мепардозад, ки дар ҳар давру замон ҳамқадами инсоният буданд ва мебошанд.
Ба ақидаи Мавлоно, нисбат ба ҳақиқати мутлақ ақли башарӣ ва идроки он маҳдуд аст. Аз ин лиҳоз, одамӣ наметавонад ҳақиқатро чи тавре ҳаст, ҳамон тавр бишносаду ихтилофҳо амре табиӣ гарданд:
Аз назар гаҳ гуфташон шуд мухталиф,
Он яке долаш лақаб дод, ин алиф,
Дар кафи ҳар кас агар шамъе будӣ,
Ихтилоф аз гуфташон берун шудӣ.
Ҳамин тариқ, дар сурати ошноӣ бо осори Мавлоно, кас ба як ҷомеашиноси борикбин рӯ ба рӯ мешавад, ки бозгӯи асрори зиндагӣ аст. “Маснавии маънавӣ” саршор аз ғояҳои ваҳдату якдилӣ, таҳаммулпазириву гузашти якдигар, даъвати дӯстиву вафо ва саховатмандиву олиҳимматист. Ҳар байти ашъори Мавлони дорои чанд ҷиҳат маъниҳои фалсафӣ аст:
Ҳар дуконерост савдои дигар,
«Маснавӣ» дукони фақр аст, эй писар.
Қолаби кафшаст агар бини ту чуб…
Маснавии мо дукони ваҳдат аст,
Ғайри воҳид ҳар чӣ бинӣ он бут аст.
(Маснавии маънавӣ, дафтари 6. Байтҳои 1525-1527).
Тафриқа ва ҷудоиандозӣ боиси нооромии ҷомеа мегардад. Як сухани ноҷо метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад. Забон воситаи муҳими конроли инсон аст. Шахси оқилу солим пеш аз ибрози андеша бояд тааммул кунад, вагарна:
Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст,
В-он чи биҷҳад аз забон чун оташ аст.
Сангу оҳанро мазан бар ҳам газоф,
З-он ки торик асту ҳар сӯ пунбазор.
Дар миёни пунба чун бошад шарор.
З-он суханҳо оламеро сухтанд.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.
Мавлоно бо осори гаронбаҳою пурғановаташ, ки басо маъниҳои баланд сурудааст, тавонистааст, ки инсонҳоро ба сӯи хеш бихонад ва муҳаббати бепоёни худро изҳор намояд. Халқу миллатҳои дунё, ононе, ки аз осори Мавлоно воқиф гаштаанд, Мавлоно ва осори ӯро барои худ бегона ҳисоб намекунанд.
Имрӯз осори Мавлоно ба аксар забонҳои дунё тарҷима шуда аз серхонандатарин китобҳо ба шумор мераванд.Шарқшиноси машҳури аврупоӣ, профессори Донишгоҳи Кембриҷ – Рейнолд Николсон «Маснавии маънави»- ро ба забони англисӣ тарҷима карда (дар солҳои 1925-1937) ва онро дар 8 ҷилд тафсир намудааст. Хидмати бузурги Рейнолд Николсон дар он ифода меёбад, ки ӯ Мавлоноро ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Инчунин осори Мавлоноро, Аннемари Шиммел (1922-2003) ба забони олмонӣ ва Ева де Витрей-Майерович (1909-1999) ба забони фаронсавӣ тарҷима намудаанд. Бояд таъкид намуд, ки ин ду донишманд на танҳо осори ӯро тарҷима, балки паҳлуҳои гуногуни осори мутафаккирро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба осори ӯ таҳқиқотҳои илмӣ навиштаанд.
Ҳадафи Мавлоно дар дӯстиву маваддат зиндагӣ намудани инсоният аст. Коштани тухми кинаву адоват, танҳо душманӣ меорад, ки душмани ин ҷанг, тафриқа ва бадбахтист. Аз ин рӯ, даъвати Мавлоно ба сулҳу осоиштагӣ ва меҳру муҳаббат зиндагь кардан аст:
Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз ишқ дигар кор надорем.
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок,
Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз меҳр, дигар тухм накорем.
