Терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун як зуҳуроти номатлубе мебошад, ки бо истифода аз заифии инсонҳои камсаводу бетаҷриба решаҳои худро мустаҳкам менамояд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ алалхусус кишвари мо, ки аз ҳисоби даҳгонаи давлатҳои амнтарин дар байни ҷаҳониён муарифи гардидааст, ин зуҳуротро тадриҷан решакан ва нест месозад.
Мардуми шарафманди тоҷик ба суханҳои иғвоангези ин гурӯҳҳои ифротӣ бовар накарда намегузоранд, ки бори дигар мамлакати мо дучори фалокатҳои ногувор гардад. Дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.
Ҳамзамон, баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.
Бояд фаромуш насозем, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, имкон дорад, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо бирасад. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд.
Имрӯз терроризму экстремизм ба қатлу талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилиҳои аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, амалҳои он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як хавфе ба ҷомеаи оламиён ва ҷони ҳар як сокини рӯи замин аст.
Бинобар ин ҳар як узви комилҳуқуқи ҷомеаро зарур аст, ки аз хатарҳои ин зуҳуроти номатлуб худдорӣ намуда, доимо дар пайи ободкорӣ, бунёдкорӣ ва шукуфоии кишвари азизамон бошанд ва алайҳи ин гуна зуҳурот мубориза бурда, дар пойдории сулҳу осоиштагии кишвари азизамон камари ҳиммат бубанданд.
Эҳсони Маҷид
