Тавре мардуми сарбаланди кишвар огоҳанд, рӯзи 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе омада, шахсан дар маросими қабули мушти хок аз оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур ва ҳамчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Ширкати бевоситаи Сарвари давлат дар ин ҳодисаи мондагори таърихӣ ифодаи арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, истиқлол ва гиромидиошти хидматҳои фарзандони ҷонфидои Ватан барои расидан ба озодиву Истиқлол мебошад.
Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссу хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз хизматҳои таърихию сарнавиштсози фарзандони фарзонаи Ватан шоиста қадршиносӣ мешаванд.
Дар ҷаҳони имрӯз, ки ҳар лаҳза дигаргуниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуқуъ меоянд, тақвияти хотираи таърихӣ аҳаммияти хосси сиёсӣ ва фарҳангӣ дорад. Чунонки аз аз сафҳаҳои таърих ба мо маълум аст, он давлату миллате, ки гузаштагони худро фаромӯш мекунад ва корнамои онҳоро арҷ намегузорад ояндаи норавшане ӯро интизор аст. Аз ҳамин дидгоҳ иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки ҳифзи арзишҳои меҳварии давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб мешавад.
Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи шахсиятҳое буданд, ки барои таъсиси давлати тоҷикон дар солҳои 20-30-и асри XX, ки давраи бениҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ буд, ҷаҳду талоши хастанопазир карданд ва он самара дод. Чунонки аз таърих бармеояд, дар оғози асри ХХ масъалаи тақсимоти миллӣ ва ҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ сарнавишти халқҳоро муайян мекард. Дар ҳамин шароит ин фарзандони ҷонфидои миллат барои исботи ҳаққи тоҷикон ба давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мубориза бурданд. Онҳо медонистанд, ки агар тоҷикон соҳиби давлат нашаванд, хатари аз байн рафтани миллат ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикӣ вуҷуд дорад. Хушбахтона, ин муборизаи онҳо ҷомаи амал пӯшид ва соли 1929 Тоҷикистон 7-умин ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ гардид.
Арҷгузорӣ ва гиромидошти хотираи онҳо аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ дорад, чунки давлату миллате, ки фарзандони қаҳрамони худро гиромӣ медорад, ба шаҳрвандони имрӯзаи кишвари худ сабақи ватандӯстӣ ва худшиносӣ медиҳад.
Дар радифи номи Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур номи Нисор Муҳаммад низ қарор дорад, ки ходими намоёни давлатӣ ва яке аз поягузорони соҳаи маорифи Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 1920 бо ходимони намоёни давлатӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев аз наздик шиносоӣ пайдо мекунад.
Дар солҳои мураккаби 20-ум ва аввали 30-юми асри гузашта Нисор Муҳаммад дар вазифаҳои гуногун – раиси комиссияи илмии тоҷикии Комиссариати халқии маорифи Туркистон, раиси комиссияи илмии маорифи ҶШС Ӯзбекистон, раиси идораи нашриёти давлатии ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст. Инчунин, ӯ аввалин ректори Дорулмуаллимини тоҷик дар Тошканд буд ва дар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳисоби тоҷикон хидматҳои арзанда кардааст.
Моҳи октябри соли 1924 дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, барои тоҷикон давраи ниҳоят муҳим ва тақдирсоз буд, зеро дар ин давра тақсимоти миллию марзӣ гузаронида шуд. Аммо душманони халқи тоҷик талош бар он мекарданд, ки аз ҳисоби тоҷикон ҷумҳурии алоҳида таъсис наёбад.
Дар чунин вазъияти мушкил Нисор Муҳаммад дар қатори Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Саидаҳмад Анваров ва дигар фарзандони баруманди халқи тоҷик талош бар он намуданд, ки дар рафти тақсимот ҳуқуқҳои тоҷикон ҳамчун миллати қадимтарини Осиёи Миёна поймол нагардад. Мавсуф ба маҳалҳои тоҷикнишин рафта, аҳаммияти тақсимоти миллию марзиро ба мардум мефаҳмонд.
Пас аз ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон Нисор Муҳаммад ду маротиба солҳои 1928-1929 ва 1930-1932 ба вазифаи Комиссари халкии маорифи Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин давра шумораи мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олии бозшуда зиёд шуд. Аввалин бор дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе таъсиси мактабҳо ба роҳ монда шуданд.
Ин фидоии давлату миллати тоҷик дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз корҳои зиёди илмию маънавӣ карда метавонист, вале тақдир амри дигар кард. Соли 1937 бо туҳмат ба ҳабс гирифта шуд ва дере нагузашта, қурбонии беадолатию бадкирдориҳои замон гардид.
Имрӯз ёдоварӣ аз номи ӯ ва ҳамсафони ӯ натанҳо эҳтиром ба як шахс аст, балки арҷгузорӣ ба тамоми насли равшанфикрон ва фарзандони содиқи миллати тоҷик мебошад.
Иқдоми навбатии хирадмандона ва ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи майи соли 2026, нишон дод, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳама давру замон фарзандони фарзонаи худро арҷгузорӣ ва шаъну шарафи онҳоро ҳимоя мекунад.
Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун пирӯзии ҳақиқат, барқарорсозии адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт хоҳад гардид.
Хоки мадфани ин қаҳрамонони миллӣ ва фарзандони сарсупурдаи миллат дар Тоҷикистони азиз он марзу буме, ки барояш ҷони худро нисор кардаанд, қарор гирифт. Аллакай он ба макони шинохт ва ташаккулди худшиносию худогоҳӣ ва намои ҷоннисорӣ барои Ватан табдил шудааст.
Ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат, муҷиби оромиши руҳу равони ҳамаи муборизони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Корномаи қаҳрамонону фидоиёни роҳи Истиқлоли сиёсӣ ва муборизони озодии миллӣ ҳамчун ифодаи олии ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад, зеро миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ба бузургони худ эҳтироми хосса дорад.
Иқдоми созанда ва дурбинонаи навбатии Пешвои миллат дар арафаи 35- солагии Иқтиқлоли Тоҷикистон идомаи сиёсати фарҳангмеҳвар, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ яке аз самтҳои муҳимму меҳварии сиёсати давлатӣ буду ҳаст.
Фирдавс Ниёзӣ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
