Сиёсат

Баргузории мулоқот оид ба интихоботи президентӣ

 

Дар доираи иҷрои нақшаи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳои аъзо ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот оид ба масъалаҳои омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 августи соли 2020 дар ноҳияи Панҷ бо иштироки котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини роҳбари гуруҳ) Хидирзода Махфират Умар мулоқот доир гардид.

Мулоқотро бо сухани ифтитоҳӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер оғоз намуда, ҷиҳати ташриф оварданашон ба гуруҳи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Зимни баргузории ин мулоқот муҳтарама Хидирзода Махфират Умар бобати раванди дар сатҳи лозима гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои марбут ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муфассал суханронӣ намуд.

Сипас декани факултаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафарбекзода Ҳукмиддин ва роҳбари гуруҳи ҷавонони «Авангард» дар вилояти Хатлон Гуломов Меҳроҷ вобаста ба паҳлуҳои гуногуни баргузории интихоботи дар пешистода фикру андешаҳояшонро баён намуданд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *