Сиёсат

Доир намудани суҳбат оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқгардида оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳои аъзо ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот оид ба масъалаҳои омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 августи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ва муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед суҳбат доир гардид.

Дар баргузории ин суҳбат инчунин роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раис ва аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ оид ба баргузории интихоботи президентӣ иштирок намуданд.

Дар оғози суҳбат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ва муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед ҷиҳати баргузории ин суҳбат изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло вобаста ба паҳлуҳои гуногуни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳояшро баён намуда, ҳамзамон ба раис, аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ ва дигар шахсони масъул бобати дар сатҳи баланди сиёсиву шаффоф ва демократӣ баргузор намудани интихоботи дар пешистода дастуру тавсияҳо доданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *