Маориф

Конференсияи августии омӯзгорони ноҳияи Панҷ

 

Санаи 13 августи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер конференсияи августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид.
Дар ин конференсия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ ва як зумра омӯзгорони собиқадори соҳа иштирок намуданд.
Дар оғози кори конференсия паёми табрикии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст.
Дар қисмати охири конференсия аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ба як зумра директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони пуртаҷриба ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *