Сиёсат

Баргузории Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш” андешаҳо атрофи хинаткориҳои наҳзат дар филми мустанади “Хиёнат”

 

Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмию амалӣ санаи 9 июли соли 2020 Конференсияи ноҳиявӣ дар мавзӯи “Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва амалҳои ошкоргардидаи хоини миллат” баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва як зумра фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Дар кори Конференсия муовини раиси ноҳия Хайринисо Кенҷаева иштирок ва суханронӣ намуд.

Иштирокчии Конференсия котиби озоди Шӯрои Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Нуров Пирмуҳаммад қайд намуд, ки воқеан пеши назари ҳар як иштирокчии Конференсия бори дигар ҳамон рӯзҳои даҳшатбору сахт ва вазнинеро, ки дастандаркоронаш Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва роҳбари хиёнаткору ватанфурӯши ӯ Муҳиддин Кабирӣ буданд, пеши назар меоварад.

Ин филм ҳақиқати ошкор оид ба хиёнатҳои сахту нангини ин Ташкилоти экстремистиву террористӣ, роҳбарияти он бахусус Муҳиддин Кабирии хоин ва дигар ҳаммаслакони ӯ мебошад.

Сипас мудири шуъбаи рушди иҷимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Сироҷов Мансур баромад намуда оид ба тамошо намудани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки вокуниши шадиде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва баёни пурдарди шоҳидони ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ далели он аст, ки ҳамеша дарахтро кирми худаш мехӯрад. Дар ҷомеае, ки як нафар тафриқаандози ашадӣ, ҷудоихоҳ ва разилу бераҳм зиндагӣ мекунад, мисли ҳамон оилаест, ки дар он суботу оромӣ ҳукмфармо нест.

Вале мутаассифона ин хиёнаткори  ошкор имрӯзҳо аз хориҷи кишвар шармандавор ҳадси тоҷику тоҷикистонӣ буданашро мезанад, ки воқеан барояш дар қиболи ин гуфтаҳои тафриқаангезонааш, хубтару беҳтар маргро барояш сазовор медонад. Ин хоин аллакай унвони хиёнаткор, ватанфурӯш, разил, бераҳм, мардумфиреб, тафриқаангез, ҷудоихоҳ ва мисли инҳоро гирифтаву ба ғайр аз шармандавор дар мулки бегона касифона қадам мондану ҳар лаҳза сар хам кардан назди хоҷагонаш баҳри илоҷ, дигар чора надорад.

Инчунин дигар иштирокчиёни Конференсия рафтору кирдорҳои Кабирии мунофиқ ва ҳаммаслакони ӯро қотиона маҳкум намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *