Сиёсат

Нишасти матбуотӣ дар назди раиси ноҳия

Тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми марти соли 2005, №1677 дар як сол ду маротиба дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад. Ба ҳамин мақсад дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони ВАО, дар ҳузури раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулин нишасти матбуотӣ доир гардид.

Сараввал раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯа Фақер ҳамаи намояндагони васоити ахбори оммаро барои ташриф оварданашон ба ноҳия пазироӣ намуд. Сипас намояндагони ВАО ҳар кадом масъалаҳои мавриди таваҷуҳи худро аз раис ва роҳбарон пурсон шуданд.
Тавре аз пурсишҳои намояндагони ВАО маълум гардид, таваҷуҳи онҳоро ба таъхир гузоштани пардохти маблағи омӯзгорони ба курсҳои бозомӯзӣ фарогирифташуда ва сабабу омилҳои ин мушкилот, корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Панҷ, кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои он, қарздории баъзе ташкилоту муассисаҳо аз пардохти маблағи телефонҳои ҷои кор,ҷалби сармоя барои корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун, омодагии ноҳия барои пурра гузаштан ба хизматрасонии ғайринақдӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, Нақшаи генералии шаҳраки Пан, кӯчондани бозори марказӣ ба дигар ҷой, рӯшди корхонаҳои саноатӣ ва тадбирҳо дар ин самт, таъсиси ҷойҳои сайёҳии ноҳия, таъмиру азнавсозии роҳи Ҷайҳун-Панҷ- Фархор ва мӯҳлати оғози ин сохтмон, осорхонаҳои мавҷудаи ноҳия, корҳои тарғиботӣ оиди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зарари малахи Марокаш ба кишоварзон, чораҳо оиди таъмини сару либоси мактаббачагон, ҳолати омодагии муассисаҳои маориф ба соли нави хониши 2023-2024 ва амсоли инҳо ба хӯд ҷалб карда буд.

Раиси ноҳия, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳо ва дигар роҳбарон ба пурсишҳои намояндагони ВАО ҷавобҳои далелноку мушаххас доданд.
Дар фарҷоми нишаст раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯа Фақер ба намояндагони васоити ахбори омма барои чунин як нишаст, ки омили пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мегардад, изҳори миннатдорӣ намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *