Вохӯри бо ҷамоат

Хизмати ҳарбӣ-қарзи имонию виҷдонӣ

Дар марҳилаи ҳозираи ҷомеаи инсонӣ терроризму экстремизм ҳамун зуҳуроти хатарбор ба душмани асосии давлату миллат, қавму халқҳои гуногуни минтақаҳо ва ҷаҳон, дар маҷмуъ ба душмани воқеии башарият табдил ёфтааст. Маҳз ба ҳамин маънӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба экстремизим ва терроризм барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ шуда истодааст. Тибқи муқаррарот ин ҳуҷҷат ба хотири пешгирӣ аз хатарҳои даҳшатафкану инсонбадбинонаи марговар таҳия ва тасдиқ гардидиааст ва дар давраи амали худ бобати илавгирӣ аз ин зуҳуроти марговар як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини зиндагии осоиштаю оромона хосатан Қувваҳои мусаллаҳ нақши муҳиму бориз доранд.

Аз ин лиҳоз, дар асоси Амри раиси ноҳия аз 28 июли соли 2023, №91«Дар бораи таъсиси Ситоби корӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2023 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ»Ситодии корӣ дар ҳайати Раабзода М – мовини раиси ноҳия, сардори Ситод, аъзоён Нуруллоев М.-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия, Ғоибзода И. -комиссари ҳарбӣ, Расулов Д.- сардори шуъбаи РКДАМҶТ дар ноҳияи Панҷ, Табаров Д.- муовини сардори ШВКД дар ноҳия, Н.Холиқов -и.в директори Литсейи касбии техникии ноҳия Файзизода К.- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Саидзода Л- мудири Бахши кор бо занон ва оила, Самиев М.- сартабиби беморхонаи марказии ноҳия, Одинаев М.- менеҷери Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, Одилзода А.-мудири шуъбаи маориф таъсис дода шуд.
Ба хотири иҷрои Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Амри раис дар ҷамоатҳи деҳоту шаҳрак таҳти роҳбарии Раҷабзода Мизроб, муовини раиси ноҳия ва аъзоёни Ситод оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳамчунин ҷалби ихтиёрии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоикистон бо мардум мулоқотҳо ороста шуд.

Ҳамин гуна мулоқотҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат, ба номи Сайфуддинов Кабут, Меҳвар, Намуна, Озодагон, шаҳраки Панҷ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид.
Дар ҷамъомадҳо азоёни гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷилавгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, омодагӣ ба даъвати тиромаҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои замин, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашну маросимҳо, таълиму тарбияи фарзанд, озодии виҷдон суҳбатҳо намуданд.
Махсусан омилҳои асосии рушди терроризм ва ифродгароӣ, пешгирӣ аз ин зуҳуроти зиддиинсонӣ дар маркази таваҷуҳи баромадкунандагон қарор дошт, зеро ин хатарҳои даҳшатафкан воқеан ҳам душмани асосии башарият ва ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад.
Тазаккур бояд дод, ки дар шароити фаъолшавии чунин зуҳуроти номатлубу даҳшатафкан хизмати ҳарбӣ ниҳоят зарур ва қарзи имонию виҷдонии ҳар як ҷавон мебошад. Моро зарур аст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ муташаккилона ва сари вақт иҷро кунем, зеро маҳз хизматчиёни ҳарбӣ зиндагии осоиштаи мардумро таъмин ва миллату ватану дастовардҳои истиқлолиятро содиқона ҳифз карда метавонанд.

Н.Фозилон, П.Нуров

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *