Сиёсат

Қаллобе гузаро дар пардаи синамо (дар ҳошияи филми мустанади телевизионии “Бешарафӣ”)

 

Андеша.  Шаби гузашта, дақиқтараш, 20 январи соли 2021, соати нуҳи шаб филми мустанади телевизионии “Бешарафӣ”-ро, ки дар доираи силсилафилми “Хиёнат”-и истеҳсоли Тоҷикфилм таҳия гардидааст, аз тариқи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон тамошо кардам. Филми мустанади телевизионии “Бешарафӣ”, асосан, доир ба фаъолияти тахрибкоронаи яке аз наҳзатиёни сарсахт, қаллоби гузаро, таъсисдиҳандаи сомонаи зиддидавлатии “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин ҳикоят мекард. Филми мустанади “Бешарафӣ” зиёда аз як соат давом кард ва таҳиягарони ин филмнома дар ин муҳлат ба таври густурда фаъолияти қаллобӣ, фиребгарӣ, муздурӣ, ифротгарӣ, бадахлоқӣ ва аъмоли ғайриахлоқии Муҳаммадиқболи Садриддинро мавриди гуфтугӯ  қарор доданд.

Муҳим ин аст, ки муаллифони филмномаи мустанади телевизионии  “Бешарафӣ” бо такя ба далелҳои шайъӣ саъю талош карданд, ки симои воқеии Муҳаммадиқболи Садриддин ва падари ӯ Садриддинов Қаландарро, ки миёни мардуми маҳал бо номи Мулло Қаландар маъруф буда, яке аз асосгузорони собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба шумор мерафт ва пас аз табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода (соли 2015) ба хориҷ аз кишвар фирор карда, соли 2019 дар Полша аз дунё гузашта буд, кушоянд.

Дар бахши оғозии филмнома аз қаллобии М. Садриддин сухан ба миён меояд ва шоҳидон дар бораи соҳиби чаҳор хонаи истиқоматӣ будани ӯ дар Бохтар ва аз ҳисоби тақаллуб ва фиребу найранг пур кардани ҷайбаш суҳбати ҷолиб анҷом доданд. Ҳамчунин М. Садриддин аз доираҳои муайян қар гирифта, бизнеси худро гардон намудааст. Шикояткунандагон тариқи ариза ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда, иддао намуданд, ки М. Садриддин аз онҳо ба унвони қарз маблағҳои зиёд гирифта, бо гузашти солҳо қарзашонро пас нагардонидааст. Ҷабрдидагон иддао карданд, ки М. Садриддин онҳоро бо оёту сураҳои қуръонӣ фиреб дода, ба бовариашон даромада, аз онҳо маблағҳои калони пулӣ гирифта, барои корҳои шахсиаш сарф намудааст. Дигар ин ки М. Садриддин аз ҳисоби маблағҳои тариқи фиребу найранг бадастовардааш дар ҳудуди Бохтар чаҳор хонаи истиқоматӣ харида, ба иҷора додаааст. Дар ин маврид шоҳидони иҷоранишин ва ҳамсояҳои М. Садриддин хеле хуб иттилоъ доданд.

Ба ин тартиб, аз сужаи филмнома маълум мегардад, ки М. Садриддин ба сифати як шахси қаллоб (мошенник) миёни доираҳои соҳибкорӣ маълум будааст. Ҳангоми ба бизнес ва соҳибкорӣ машғул шудан М. Садриддин нафарони зиёдеро фиреб дода, аз онҳо пул қарз гирифта, дигар барнагардонидааст. Аз ин рӯ, то имрӯз нафарони соҳибкор дунболи қарзҳои худ мегарданд, вале М. Садириддини мутақаллибро намеёбанд. Онҳо маҷбур шудаанд, ки ба мақомоти марбута муроҷиат намуда, додхоҳӣ кунанд. Ин гуна шахсро ба ҷуз қаллоб боз чӣ гуфтан мумкин аст?!

Аз гузаштаи ташкилаи наҳзатӣ хуб медонем, ки падари М. Садриддин Мулло Қаландар дар таъсиси ҳизби террористӣ саҳми асосӣ доштааст. Маҳз дар хонаи онҳо Мулло Садриддини Қаландар (падари М. Садриддин) ташкилаи наҳзатӣ созмон меёбад ва ӯро аз аввалин муассисони наҳзат медонанд. Падари М. Садриддин Мулло Садриддини Қаландар дар миёни ҳамммаслакон ва умуман, ошноён бо лақаби “Гӯсолагов” маъруф будааст ва гоҳ-гоҳе элитаи ҳизбӣ ва наздикон ҳангоми шӯхию хушҳолӣ ӯро бо ин тахаллус ёд мекарданд.

Дар филмномаи мустанади телевизионии  “Бешарафӣ” шоҳидони ҳол аз ҳисоби ҳамсояҳо ва муаллимони деҳае, ки хонаводаи Садриддиновҳо сукунат доштаанд, дар бораи хонаводаи иртиҷоӣ ва мутаассиб будани аъзои хонавода, махсусан, Мулло Қаландар (падари Муҳаммадиқбол Садриддинов Қаландар дар назар аст) суҳбати ҷолиб карданд. Мувофиқи суҳбати шоҳидони ҳол, падари Муҳаммадиқбол Мулло Қаландар ба фурӯши мол машғул буд ва дар баробари ин, фаъолиятҳои пинҳонии мазҳабӣ мебурд. Тарбияи хонавода бар фазои усулҳои хурофотӣ иттифоқ меафтод ва натиҷаи тарбияти нодурусти мазҳабиро мо дар фаъолияти минбаъдаи Мулло Қаландар мушоҳида мекунем, ки дар қолаби Ҳизби наҳзати исломӣ ташаккулаи зиддимилиеро созмон дода, боиси фоҷеаи миллӣ мегардад. Манзур аз  фоҷеаи миллӣ ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки маҳз бо “ибтикор”-и Мулло Қаландарҳо барин наҳзатиёни мутаассиб сурат гирифт ва ҳазорон нафарро аз ҳаёт маҳрум сохта, кишварро ба вартаи ноумедию залолат тела дод.

Ин ҳам маълум аст, ки муассиси сомонаи наҳзатии «Ислоҳ. нет» М. Садриддин ҳар гоҳе ки тариқи расонаҳо ва сомонаҳо аз муваффақияту комёбиҳои давлату миллат иттилоъ меёбад,  нафраташ афзун мегардад, зеро ки андаруни ќалби тангу торики вай ба ҷуз бадӣ, палидӣ, нафрату адоват чизи дигаре намеғунҷад. Сабаби дигари нафрати М. Садриддин ба давлат ва раҳбарияти олии он ба идеалҳои пӯсидаи ӯ созгор наомадани мафкураи давлатӣ, ки аз махсусиятҳои миллию мардумӣ таркиб ёфтааст, мебошад. Мафкураи М.Садриддин дар асоси афкори асримиёнагӣ созмон ёфтааст ва он мафкураи хурофотӣ ӯро то охир раҳнамоӣ мекунад. Аз тарафи дигар, мафкураи мурда ва пур аз таассуб М.Садриддинро намегузорад, ки қадамро фаротар аз арзишҳои хурофӣ гузорад ва воќеиятҳоро бубинад. Ин аст, ки аз пешрафтҳо ва таҳаввулоти миллӣ бадаш меояд ва забони иттиҳому таҳќирро боз мекунад ва бебаркаш музахрафот мебофад. Дигар чӣ ҳам аз дасташ меояд?

Ҳамин тариқ, филмномаи мустанади телевизионии  “Бешарафӣ” аз бешарафӣ ва беномусии як наҳзатмаобу мутақаллибу фосиди гузаро, ки бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ ҳангомасозӣ мекунад, қисса менамояд. Бовар дорем, ки баъди тамошои ин филмнома насли ҷавони ҷомеаи мо дар симои М. Садриддин ашхоси нолоиқ, мутаассиб, мутақаллиб ва пур аз нуқсонҳои равонӣ ва ахлоқиро дуруст мешиносанд ва аз онҳо канора гирифта, дар масири миллатсозӣ ва давлатдории дунявӣ саҳми муносиб мегузоранд.

 

Ф. Нуров, узви ИЖТ

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *