Ҳисоботҳои ҳармоҳа ва ҳарсола

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нимсолаи якуми соли 2020

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ давоми шаш моҳи соли 2020  бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд,  бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои ҷойдошта ҷиҳати рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия як зумра корҳои назаррасро анҷом дод.

Дар 6-моҳи соли ҷорӣ  кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 274,4 миллион сомонӣ маҳсулотҳои кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,9 миллион  сомонӣ кам мебошад,  ё суръати афзоиш 4,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон корхонаҳои саноатии ноҳия давоми шаш моҳи соли 2020 ба маблағи 39,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ  гардиши мол дар тамоми соҳаҳои савдо ба 79,5 миллион  сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Хизматрасонии пулакӣ бошад дар ин давра ба 30,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 900 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар ин замина бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2019-2020”,  ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27 марти соли 2019, №356 қабул гардидааст, дар маҷмуъ аз 82 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2019-2020  ба ҳолати 1 июли  соли 2020  42 лоиҳа бо маблағи 32 миллиону  259,2 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 51,2 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

Ҷӣ тавре, ки  аз ҳисоботҳо бармеояд имрӯз раванди амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2019-2020” мувофиқи матлаб набуда, фоизи иҷрошавии он қаноаткунанда намебошад. Бо дарназардошти он ки соли 2020 муҳлати охирини амалишавии ин Барнома мебошад мудирони шуъбаву бахшҳои марбутаи дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулин вазифадор карда мешаванд,  ки  бо мақсади пурра амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷораҳои амалишавандаро роҳандозӣ намоянд.

Ҷӣ тавре дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буд, имрӯз баланд гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба рушди бемайлони соҳаи иқтисодиёт вобастагии калон дорад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 12 миллиону 102 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба 94,0 фоизи нақша баробар буда, нисбати нақшаи пешбинишуда 805,6 ҳазор  сомонӣ  ва дар қиёс  ба ин давраи соли гузашта 1 миллиону 39 ҳазор сомонӣ кам  мебошад. Дар ин давра нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 141 фоиз таъмин гардида,  ба ҷойи 2 млн. 391,1 ҳазор  сомонии пешбинишуда, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 млн. 368,3  ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 977,2 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯ нақшаи қисми даромади андоз бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нимсолаи аввали сол 2020 101,1 фоиз таъмин гардид.

Бо мақсади саривақт ворид намудани маблағҳои андозу даромадҳо аз ҷониби кормандони андоз дар шаш моҳи солӣ ҷорӣ  нисбати 90 нафар шахсон барои қонуншиканиҳои андоз ба маблағи 90,0 ҳазор сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз он 48,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ба буҷет ворид карда шудааст. Нисбати 125 андозсупоранда ба маблағи 1 миллиону 369,1 ҳазор сомонӣ  қарор дар бораи маҷбуран ситонидани андозҳо қабул гардида, 1 миллиону 238,7 ҳазор сомонӣ ва ба 261 адозсупоранда огоҳинома оид ба  саривақт пардохт намудани андозҳо ба маблағи 1 миллиону 652,8 ҳазор сомонӣ дода шуда аст. Аз ин ҳисоб  940,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Дар ин давра ба буҷети ноҳия аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба маблағи  11 млн. 93,7 {азор сомонb ворид гардид, ки 81,3  ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Аз маблағҳои умумии хароҷотшуда, ки 23 млн. 640,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 22 млн. 136,6 ҳазор сомони ё 93,6 фоизаш ба соҳаи иҷтимоии ноҳия рост меояд, аз ҷумла: ба со{а{ои маориф 62 фоиз, тандурустb 29 фоиз, {ифзи иxтимоb 0,8 фоиз, фар{анг 2 фоиз ва дигар соҳаҳо иҷтимоӣ 6,2 фоиз мебошад. Аз маблағҳои умумии хароҷотшуда 97,2  фоизаш, ё ки  22 млн. 962,2 ҳазор сомонӣ барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои хароҷотии ба он баробаркардашуда равона  гардидааст.

Музди меҳнати миёнаи моҳона дар давраи сипаригардида 792,12 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  20,39 сомонӣ, ё ин ки 2,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тибқи  маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 июли  соли 2020 шумораи умумии нафақахēрон дар ноҳия 9451  нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбати  ҳамин давраи соли гузашта 471 нафар зиёд гардида, аз он гирандаи нафақаи меҳнатӣ – 8218 нафар ва гирандаи нафақаи иҷтимоӣ – 1233 нафар мебошанд: Талаботи маблағи нафақахēрон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 15 миллиону 717,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 июни соли  2020 13 миллиону  103,8 ҳазор сомонӣ нафақулӣ пардохт шудааст.Талаботи якмоҳаи нафақахӯрон                        2 миллиону 614,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ҳисоби миёнаи моҳонаи нафақаи нафақахӯрон дар ноҳия  270,9 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи “Равзанаи ягона” дар Нозироти андоз    6281 нафар соҳибкорони хурду миёна ба қайд гирифта шуданд. аз ҷумла: 5244 нафар бо шаҳодатнома, аз ин 5087  хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 1037 нафар бо патент.

Низоми бонкӣ ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдо мусоидат намуда, сарҷашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат мебошад.

Имрӯз дар ноҳия бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва хизматрасониҳои молиявӣ филиали бонкҳои, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, бонки “Эсхата” инҷунин ташкилотҳои қарзии хурди  Финка, Оксус, Хумо, “Спитамен” ва Имон-интернешнл ҳамҷун манбаҳои қарзӣ фаъолият менамоянд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурди ноҳия ба 2062 нафар мизоҷон 17 миллиону 637,1 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 164,0 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Инҷунин, дар ин давра аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон  бо тариқи бонк{о 12 миллиону 357,2 ҳазор доллари ИМА интиrол гардидааст, ки нисбати {амин давраи соли гузашта 3,4 миллион доллари ИМА кам мебошад.

Масъалаи муҳиме, ки дар соҳаи савдо ва фаъолияти соҳибкории ноҳия вуҷуд дорад аз тарафи бонкҳои ҳудуди ноҳия пайваста дастгирӣ намудани соҳибкорон тавассути додани қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат бо фоизҳои кам мебошад. Зеро рушди соҳибкории хурду миёна ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин бонкҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунандаро лозим аст, ки бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти дастгирию кӯмак ба гурӯҳхои иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат диққати аввалиндараҷа дода, дар якҷоягӣ бо соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути расонидани кӯмакҳои яквақтаинаи моддию молиявӣ ба ин табақаҳои ниёзманд амалҳои хайру савобро дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳои давлатию миллӣ роҳандозӣ менамоянд.

Имрӯз  дар “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона”- и мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 94 нафар ниёзмандон ба қайд гирифта шудааст, аз он 23 нафарашон маъбон мебошанд. Дар ин муддат бо мақсади  иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи иду ҷашнҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ташкилоту муасисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0306 ва 0332-и Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, ятимони кулл, иштирокҷиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, камбизоату маъюб, нафақахӯрон, ашхоси барҷомонда, бепарстор ва яккаву танҳо ба маблағи 522,1 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъалаи таъсиси ҳарҷӣ бештари ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ дода истодааст. Дар давраи ҳисоботи  650 нафар шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат намуда, 308 нафараш ба ҷойи кор таъмин карда шуда, 95 нафарашон ба касбомӯзӣ сафарбар гардиданд.

Мувофиқи маълумотҳои бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия муҳоҷирони меҳнатие, ки аз ноҳия дар хориҷи кишвар қарор доранд, 7075 нафарро ташкил меди{анд, ки нисбати соли гузашта шумораи онҳо 200 нафар кам гардидааст. Аз ин шумора  194  нафараш занон мебошанд

Новобаста ба ин ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва ба шуғли доимӣ  фаро гирифтани шаҳрвандони бекори ноҳия нокифоя мебошад. Бинобар ин масъулини соҳаро лозим аст, ки ҷиҳати мунтазам доир намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ҷораандешӣ намоянд.

Соҳаи кишоварзии ноҳия рушд ёфта заҳматкашони ноҳия дар ҳамаи бахшҳо нишондиҳандаҳои назаррасӣ  истеҳсолӣ ба даст овардаанд.

Дар ноҳия 2 хоҷагии ҷамоавӣ, 5087 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 15 хоҷагиҳои деҳқонии ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.

Кишоварзони ноҳия ба ҳолати 1 июли соли равон дар майдони 15593 гектар кишти  зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки 100,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз он xумла: кишти ғаладонагиҳо дар майдони 6279 гектар, маккаи дон 316 га, зироатҳои техникӣ 6906 гектар, аз он ҷумла пахта 6674 га, хӯроки  ҷорво 560 гектар, картошка 478 гектар,  кишти сабзавот  дар майдони 583 гектар гузаронида шудааст, ки 360 гектари онро пиёз ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти ғаладонагиҳо  24114,  сабзавот 19728 тонна, аз он пиёз 14256 тонна, зироатҳои полезии 5395 тонна, меваҷот 2030 тонна,  хӯроки ҷорво 32500 тонна, аз он беда 9100 тонна ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 25  то 76 тонна зиёд мебошанд.

Соли ҷорӣ содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ мувофиқи дурнамо 2150 тоннаро ташкил медод ва ба ҳолати имрӯза ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 2165 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шудааст, ки 100,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия  7513 гектар кишти такрорӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла: ғалладонагиҳо 4481 га, аз он ҷуваримакка барои дон 2810 га, лубёгиҳо – мош 1571 га, сабзавот 1053 га, полезиҳо 274 га, хӯроки ҷорво 1271 га ва картошка 350 га. Ба ҳолати 1 июли соли 2020 дар майдони 6792 гектар ё 90,4 фоизи нақша кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла ғалладонагиҳо 4381 гектар,  аз он ҷуворимакка барои дон 3534 гектар, лубиёгиҳо 1047, аз он  мош 662 гектар, шолӣ 100 гектар, сабзавот 50 гектар, полезиҳо 130 гектар, хӯроки ҷорво 1612 гектар.

Дар шароити имрӯза гузаронидани кишти такрорӣ дар ҳамаи қитъаҳои холимонда ва гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол вазифаи аввалиндариҷаи заминистифодабарандагон ва сохторҳои марбутаи давлатӣ мебошад.

Аҳамияти соҳаи боғу токпарвариро мардуми ноҳия муҳим шуморида, барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат дар хусуси ҳарҷи бештар тараққӣ додани он ҷидду ҷаҳд карда истодаанд. Дар маҷмуъ дар ноҳия боғу токзорҳо 863 гектар мебошад , аз он  3 гектар боғи интенсивӣ ва 25 гектарро боғи ангур ташкил медиҳад.

Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ аз ҳашаротҳои зараррасон, аз ҷумла малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Бинобар ин дар мавзеҳои кӯҳии ноҳия аз моҳи феврали соли равон бо мақсади пешгирӣ намудани зарари ин гуна ҳашаротҳо аз ҷумла  паҳн гардидани малахи мароккашӣ ситоди ноҳия таъсис дода шуд. Мувофиқи мушоҳидаву таҳлилҳо аз 9000 гектар заминҳои мавзеҳои кӯҳӣ дар масоҳати 5025 гектараш  тухумгузорӣ ва паҳншавии маллах ба қайд гирифта шуда буд. Дар натиҷаи андешидани ҷораҳои зарурӣ бо дастгирии аҳолии баъзе деҳаҳои тобеъи ҷамоатҳои деҳот ва бо ҷалби 4 адад мошинолот, 45 адад дорупошакҳо, бо истифодаи 2040 литр заҳрхимикатҳо, ки аз ҷониби Филиали Муассисаи давлатии  “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” дар вилояти Хатлон  ва инҷунин 15000 сомонӣ аз маблағи буҷети маҳаллӣ ҷудогардида, дар майдони 6254 гектар коркарди химиявӣ гузаронида шудааст.

Ҷорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосӣ хоҷагии халқи ноҳия ба шумор рафта, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ  дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 1213 тонна гēшт, 5532 тонна шир, 2 миллиону 530 ҳазор донна тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан  аз 3 то 44 фоиз зиёд мебошад.  87 фоизи ҷорво ба хоҷагиҳои шахсӣ тааллуқ дорад. Аз 113,6 миллион сомонӣ ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, 42,5 миллион сомониаш ба соҳаи ҷорводорӣ тааллуқ дорад, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7  фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра саршумори ҷорвои калон асп ва моли майда дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ зиёд гардид. Аз он ҳайвони калони шохдор 42792 сар ва моли майда 98973 сар мавҷуд аст.

Дар ин замина хоҷагиҳои деҳқонии ҷорводориро зарур аст, ки бо мақсади рушди ин соҳа ҷораҳои заруриро амалӣ намуда, бо хоҷагиҳои  ҷорводории замонавӣ ҳамкорӣ намоянд.

Дар нимсолаи аввали соли  ҷорӣ кирмакпарварони ноҳия ба ҷои 14,2 тонна нақшаи истеҳсоли пилла  14,4 тонна пиллаи хушсифат истехсол намуданд, ки 101,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия ҷиҳати татбиқи амалии Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбēри асалпарварӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори парранда ба 77790 сар ва шумораи оилаҳои замбēри асал ба 2374 оила расонида шуд. Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 32,9 гектар ташкил карда шудааст.

Муттаасифона, фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Шуъбаи кишоварзӣ ва Кумитаи идораи заминро лозим аст, ки мониторинги ин соҳаро гузаронида самаранокии истифодабарии заминҳои ба моҳипарварон вобаста кардашударо муайян намоянд.ва барои беҳбудии ин соҳа ҷораҷӯӣ намоянд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат зикр гардид, ки: “Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои камасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем”.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашудаи мутахассисони кумитаи идораи замини ноҳия,  ҳолатҳои бекор мондани заминҳои корам, бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо, худсарона ғасб кардани қитъаҳои замини алоҳида ба назар мерасад. Айни замон дар ҳудуди ноҳия 571 га замини боир мавҷуд аст, ки аз он 455 гектарашро заминҳои обӣ  ташкил медиҳанд. Соли ҷорӣ дар майдони 233 га замини боир кишти зироатҳо гузаронида шудааст.

Дар ин давра аз тарафи нозирони давлатӣ истифода ва ҳифзи заминҳо оиди пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин, махсусан ҳолатҳои худсарона ишғол намудани заминҳо дар майдони 0,49 га замин нисбати 7 нафар ошкор карда шуда,  қитъаҳои замин аз сангу шағал ва симтурҳо тоза карда шуда,  ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Дар ҳудуди ноҳия  919 гектар замин ҳамҷун заминҳои хоҷагиҳои ёрирасонии шахсии шаҳрвандон ҷудо гардида, мавриди истифодаи сокинони ноҳия қарор дода шудаанд. Лозим ба ёдовари аст, ки ҷудо гардидани ин заминҳо, танҳо ба хотири кишти сабзавотҳои гуногун ва дигар зироатҳое, ки барои  таъмини амнияти  озуқавории аҳолӣ заруранд, нигаронида шуда буд.

Мутаассифона, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз тарафи хоҷагидорон заминҳои хоҷагиҳои ёрирасонии шахсии шаҳрвандон мувофиқи мақсад истифода бурда намешаванд. Ба назар мерасад, ки қисме аз шаҳрвандон  дар ин заминҳо ба ҷойӣ кишти зироатҳои гуногун ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии худ, баъзе  заминҳоро ба ҷарогоҳ табдил додаанд.

Айни замон вақти он расидааст, ки ин заминҳоро самаранок ва оқилона истифода бурда дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи якуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доданд, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳмгузор бошем.

Ҷиҳати  беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам  корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашонӣ, тоза намудани шабакаҳои обдиҳӣ заҳкашҳо, инҷунин барқарорсозии иншоотҳои обтақсимкунӣ дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида, 34,5 километр шабакаҳои обтақсимкунӣ, 16 километр заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, дар натиҷа ҳолати мелеративии  138,5 гектар замин беҳтар ва 30 гектар замини боир дар мавзеи Сомонии ҷамоати деҳоти Намуна ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.

Дар ин самт шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замин ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки бобати пешгирии худсарона ишғол намудани заминҳо, мақсаднок истифода намудани онҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекор ва саривақт таъмини оби полезӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.     

Дар шаш  моҳи соли 2020  мутахассисони  бахши  ҳифзи  муҳити  зисти  ноҳия ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани камбудиҳо 23 санҷишҳои нақшавӣ ва корҳои назоратӣ гузаронида, нисбати 37 нафар шаҳрвандони ноҳия барои қонуншиканиҳо ба маблағи 6670 сомонӣ ҷарима баста, маблағ пурра ситонида шудааст.

Ҳамзамон роҳбарияти бахшро лозим аст, ки дар оянда тибқи нақша-ҷорабиниҳои муштарак бобати тозаву озода намудани ҳудуди маркази ноҳия, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқолоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии камбудиҳои ҷойдошта мунтаззам Аксияҳои “Тозагии маҳал”-ро доир намоянд.

Имрӯз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ, ки тули як ҷанд соли охир сайёраро фаро гирифтааст, боиси нигаронии аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ  мебошад.

Бинобар ин бо мақсади саривақт пешгирӣ намудани офатҳои гуногуни табиӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия, раисони деҳаву маҳаллаҳо, фаъолон ва дигар шахсони масъулу мутасаддиро зарур аст, ки  имруз дар самти пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва дигар офатҳои таббии ҷораҳои зарурӣ андешида, ҳамзамон дар ин шабу рӯзҳои фасли тобистон бобати манъ намудани фарзандони худ ва дигар аҳолии ноҳия аз шиноварӣ дар ҷую каналҳои худуди ноҳия назоратро пурзур намоянд.

Тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ки: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамҷун ҳадафи ҷоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.

Дар ноҳия айни замон як корхонаи калони пахтатозакунӣ, як корхонаи равғанбарорӣ, 2 адад коргоҳи шағалбарорӣ, 5 адад сехи наву замонавӣ барои тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ, 5 адад сехҳои хурди истеҳсолкунии хишти сементӣ, 2 сехи истеҳсоли сафолакҳои ороишӣ ва 4 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият намуда, дар  ин корхонаҳо зиёда аз 141 нафар истиқоматкунандагони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.

Мутасаддиёни соҳаро лозим аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани нишондиҳандаҳои стратегияи саноатикунонии кишвар аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, бо ҷалби бештари соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳои инвеститсионии барои маҳал муфидро таҳия намоянд.

Тайи солҳои охир бемаҳдудият таъмин будани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо қувваи барқи доимӣ моро ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат давра ба давра наздик месозад. Дар давраи ҳисоботи ба ноҳия 57,1 млн. кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти нерӯи барқ бошад 7,8 млн кВт, ё ин ки 13,7 фоизро ташкил дод.

[амзамон 49,3 млн. кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 8 млн. 688,1 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо дода шуд. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 78 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 86 фоизро ташкил дод.

Дар робита ба ин масъала масъулини соҳа вазифадор карда мешаванд, ки бобати самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳаққи он, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди мавҷуд набудани лимити истифодабарии барқ дар ин давраи барои кишоварзон ҳасос таъмини табақаҳои оббарорӣ қаноатбахш нест. Қатъ кардани барқи шабакаҳои оббарорӣ боиси эҷоди мушкилот дар самти оббарорӣ зироатҳои кишоварзӣ гашта, набудани низоми зарурии корбариро дар шабакаи барқӣ ноҳия нишон медиҳад.

Имрӯз  Муассисаи давлатии ниго{дории  ро{{ои автомобилгарди но{ия 284,2 км ро{{ои истифодаи умумиро ба у{да дорад, ки аз ин 45,1 км ро{{ои а{амияти xум{уриявb буда, 239,1 км ро{{ои ма{аллb ба {исоб меравад. Барои таъмир ва ниго{дории ро{{о дар ин муддат аз тарафи Вазорати наrлиёт ва коммуникатсияи Xум{урии Тоxикистон 286,6 {азор сомонb маблағ ворид гардида, ин маблағҳо пурра аз худ карда шудаанд, аз он ҷумла барои пардохти музди меҳнат 162,0 ҳазор сомонӣ, барои нигаҳдори ва таъмири роҳҳо 110,0 ҳазор сомонӣ, дигар хароҷотҳо 14,6 ҳазор сомонӣ. Дар ин давра Муассиса корҳои мустаҳкамкунии канори роҳ ба маблағи 37,1 ҳазор сомонӣ, таъмири ҷорӣ ба маблағи  16,1 ҳазор сомонӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ бо маблағи 619 сомонӣ, таъмири 3 пул бо маблағи 2650 сомонӣ, таъмири 3 адад қубур ба маблағи 1100 сомонӣ ба анҷом расонидааст.

[амзамон дар {удуди xамоат{ои шаҳраку де{оти ноҳия аз ҳисоби а{олӣ ва соҳибкорон сангфаршкунию таъмири роҳҳо,  таъмиру сохтмони  пулҳои мошингузар ва ҷароғонкунии куҷаҳои маҳал дар  маҷмуъ ба маблағи  1 миллиону 451,9 ҳазор сомонӣ   ба анҷом расонида шудаанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ  дар ҳаҷми 9 млн. 100,1 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ҳамаи маблағгузориҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботи ба маблағи 7 миллиону 533 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра  9578 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ  мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3166 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва Нақша ҷорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст.  Тибқи ин Нақша ҷорабиниҳо 210 иншоот ба маблағи зиёда аз 96,4 миллион сомонb ба нақша гирифта шуда, то имрēз 125 иншоот ба маблағи 26,3 миллион сомонb сохта мавриди  истифодабарb rарор дода шуд, ки 59,5 фоизи  миқдори иншоотҳои ба Нақша гирифта шударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла иҷрои нақша ҷорабиниҳо  бахшида  ба ин ҷашни таърихӣ дар ҷамоатҳои  шаҳраки  Панҷ  43 фоиз,   деҳоти ба номи  Сайфуддинов Кабут  48 фоиз,  Намуна  56 фоиз, Меҳвар  47 фоиз, Озодагон 30 фоиз ва деҳоти Нури Ваҳдат 44 фоизиро дар бар мегирад.

Дар ин самт муовини соҳавии раиси ноҳия, бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракуни шаҳракро лозим аст, ки назорати риояи қоидаҳои сохтмон ва шаҳрсозиро пурзур намуда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи вилояту ҷумҳурӣ барои ба сифати баланд амалисози нақшаву ҷорабиниҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Имрӯз  тозаву озода нигоҳ доштани маркази маъмурии ноҳия, шаҳраки Панҷ ба зимаи КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и  ноҳия вогузор карда шудааст. Новобаста аз  рӯз то рӯз зебо гардидани симои маркази ноҳия  ҳанӯз ҳам вусъати корҳои ободонӣ қаноатбахш нестанд.

Корхонаи  фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия дар ин давра 19 адад  партовгоҳои назди биноҳои истиқоматиро   таъмир  намудаааст. Инҷунин Корхона дар ин давра  336 шартнома ба аҳолӣ, 130 шартнома бо мағоза ва 34 шартномаи дигар ба ташкилоту муассисаҳо баста ба онҳо хизмати коммуналӣ мерасонад. Аз тарафи корхона ва ҷамоати шаҳрак ҷароғонкуни маркази ноҳия таъмин гардида корҳо дар дигар куҷаҳои марказии шаҳрак идома доранд.

Масъулини соҳа ва роҳбарияти корхонаро лозим аст, ки дар самти вусъати корҳои ободонию тозагӣ, рангу бор намудани биноҳои маркази ноҳия, шинонидани гулу гулбуттаҳо дар назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо, сари вақт баровардани партовҳо аз маркази ноҳия ва мунтаззам тоза намудани қубурҳои обгузар тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Давоми шаш моҳи соли равон Корхонаи обтаъминкунии шаҳрак дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ  мувофиқи нақша 341,8 ҳазор метри муккааб оби нушокӣ истеҳсол намудааст, ки ба 96 фоизи нақша баробар мебошад. Даромади  маблағи аз ҳаққи истифодаи об 495,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корхона дар ин давра ба 4816 хонавода ва 57 ташкилоту муассиса ё ба 27,2 ҳазор аҳолии ҷамоати шаҳраки Панҷ ва деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Озодагон ва Сайфутдинов Кабут шартнома баста, ин аҳолиро бо оби тозаи ошомидани  шабонарӯзи таъмин намуда истодааст.

Дар ин робита масъулини соҳа ва роҳбарияти корхонаро лозим аст, ки бо мақсади ҳар ҷӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолияти худро дар самти таъмини аҳолии ҷамоати шаҳраки Панҷ ва як қисми деҳаҳои ҷамоатхои Озодагон ва ба номи Сайфутдинов Кабут бо оби тозаи ошомиданӣ боз ҳам беҳтар намоянд.

Тибқи маълумотҳои Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия соли 2020 дар 150 иншоот аз тарафи кормандони ин сохтор  оид ба ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор дар биноҳои шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, бозорҳо, нуктаҳои фурӯши сузишворӣ ва манзилҳои зисти сокинони ноҳия корҳои санҷиши ва азназаргузаронӣ доир карда шуд. Дар давраи ҳисоботи 4 ҳодисаи сӯхтор ба кайд гирифта шуда, зарари он 5750 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 3 адад зиёд  мебошад.

Бинобар ин масъулини соҳа ва роҳбарияту кормандони корхонаи мазкурро лозим аст, ки бобати пешгирии ҳодисаҳои сар задани сӯхтор дар байни аҳолии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуда, ҷиҳати коҳиш додани қонунвайронкуниҳо дар ин самт ҷораҳои зарурӣ андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки: “Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурӯстӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди соҳаи варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем”.

Давоми соли хониши 2019-2020 аз шумораи 1970 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1471 нафар хатмкунандагон ба Маркази Миллии Тестb {уxxат супориданд, ки  74,7 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 2,2 фоиз зиёд мебошад.

Яке аз ҷенаки дониши хонандагон ин олимпиадаҳои фаннии мактаббаҷагон мебошад. Дар олимпиадаи мактаббаҷагон дар соли таҳсили 2019-2020 дар давраи вилоятӣ 26 нафар хонандагони синфҳои 9-11 сазовори ҷойи якум, дуюм ва сеюм гардиданд, ки аз ин 9 нафар синфҳои 11 буда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар олимпиадаи наврасон ва ҷавонон бошад, 3 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ роҳхат гирифтанд.  Вобаста ба ин масъулини соҳа ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро лозим аст, ки  ҷиҳати самарабахш ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, баланд бардоштани сатҳу сифати хонандагон аз фанҳои дақиқ, таъмини омӯзгорони ин фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ, саривақт омода намудани хонандагон барои иштирок дар даври озмуни ҷумҳуриявӣ ҷораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар давоми 6-моҳи соли ҷорӣ дар муассиса{ои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳия 4 синфхонаи таълимӣ бо 100 ҷойи нишаст дар як баст анxом дода шуд. Инҷунин кор{ои сохтмонии 49 синфхонаи иловагb дар назди муасссиа{ои та{силоти миёнаи умумии но{ия ба наrша гирифта шудаанд.

Ҷӣ тавре, ки   ҳамаи мову Шумо огоҳи дорем дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди Роҳбари давлат ба хотири боз ҳам беҳтар намудани омӯзишӣ фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ солҳои 2020-2040  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

Вобаста ба ин шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулини соҳаро лозим аст, ки бобати рушди мунтазами фанҳои мазкур, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои дақиқ ва баланд бардоштани сифати дониши хонандагон ҷораандешӣ намоянд.

Ба мақсади таъмин намудани хонандагон бо сару либосӣ мактабӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ то ба имрӯза ба миқдори 5840 адад бо коргоҳои дӯзандагии нохия шартнома бастаанд ва корҳо дар ин самт идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия диққати аввалиндараҷа дода истодааст. Зеро солимии ҷомеа ва тандурустӣ яке аз омилҳои муҳими соҳаи иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ҷи тавре ҳамаи мову Шумо огоҳ ҳастем имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемории нави Коронавирус ба ташвиш овардааст, ки бори аввал моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Ухани Ҷумҳурии мардумии Ҷин пайдо гардида буд. Ин беморие, ки ҷони қариб ҳазорҳо инсонҳоро аллакай аз байн бурдааст, ҳамҷун вабои аср  ба ҷони башарият таҳдид карда истодааст.

Бо мақсади пешгирии ин бемории хатарнок Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365 “Оид ба амалӣ намудани ҷораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории нави сироятии Коронавирус (COVID-19)” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Ҳамзамон дар асоси Амри мазкур амри раиси ноҳия аз 1 апрели соли 2020, №27 ба қабул гардида, Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзур намудани ҷораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии ин беморӣ, таъсис дода шудааст.

Дар заминаи иҷрои амри мазкур тамоми аъзоёни ситод, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, корхонаву идораҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки бобати пешгирии ин бемории ба ҷони  инсоният  таҳдидкунанда бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои зарурӣ, ҷораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда, худ ва наздикони худро аз ин вабо эмин нигоҳ доранд.

Бобати пешгирӣ аз ин беморӣ имрӯз дар  Беморхонаи сироятии калонсолон, сироятии хурдсолон  100 кат аз он ҷумла 50 кат дар шуъбаи сироятии калонсолон ва 42 кати дигар дар шуъбаи сироятии кӯдакона омода карда шудааст. Ба ғайр аз ин бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ либосҳои махсус 20 адад, айнак 20 адад,  лампаи кварсӣ 6 адад, инҷунин маводҳо барои пешгирӣ ва бистарӣ намудан ва табобати беморони Коронавирус дар сатҳи ноҳия 134 адад болишт, 134 адад курпа, 134 адад рӯйпӯш, 45дона хилъати истифодаи яккарата, 300 кг хокаи хлор, 3 дона таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, ниқоб 734 дона ва дастпӯшак 545 ҷуфт дастпӯшак  тайёр карда шудааст.

Дар баробари ин аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимеологии ноҳия то имрӯз 39  муассисаи таълимӣ ва томактабӣ 67- масҷидҳо, 29-марказҳои савдо,  бозорҳо ва ошхонаҳо, 26- муассисаҳои тандурустӣ ва 11дигар иншоотҳои маъмурӣ, инҷунин 122 ханаводаи ҷамоати шаҳрак бо гипохло-риди калтсий корҳои  безараргардонӣ ва суҳбату вохуриҳо гузаронида  шудаанд.   

Дар доираи расонидани кӯмакҳои хайриявӣ саннаи 20 майи соли равон бо иқдомҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Корвони кӯмакҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат, ки 42 тоннаро ташкил мекард, дастраси Беморхонаи марказии ноҳия  гардонида шуд. Ин кӯмакҳо аз 8 тонна картоша, 8 тонна пиёз, 8 тонна сабзӣ, 7 тонна орд, 5 тонна биринҷ, 2 тонна равған, инҷунин 58 қуттии маводҳои гуногуни доруворӣ ва 6 намуди маводҳои хоҷагидорӣ иборат буданд.

Инҷунин аз тарафи як соҳибкори ватанӣ 36 номгӯи маводҳои дорруворӣ ва лавозимотҳои зарурии тиббӣ низ ҳамҷун кӯмак дастраси Беморхонаи марказии ноҳия гардонида шуд.

Дар баробари ин тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати безараргардонӣ ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ  ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, 100 литр сӯзишворӣ ва 5 либоси махсуси тиббӣ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллию ашхоси саховатпешаи ноҳия бошад маблағи 17 ҳазору 850 сомонӣ, 120 литр сӯзишворӣ , 120 кг гӯшт ва 10 адад либоси махсуси худмуҳофизатӣ ба беморону табибони Беморхонаи марказӣ ҳамҷун кӯмак расонида шуданд.

Дар шуъбаи карантинии Беморхона  то имрӯз  58 нафар шаҳрванди ноҳия бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш бақайд гирифта шуда, аз ин шумора 55 нафараш баъди табобат рухсат дода шуда, як нафараш айни замон дар табобати статсионарии Беморхонаи маркази қарор дорад. Аз ин шумора  2 нафараш мутаассифона фавтиданд.

Ба ғайр аз ин бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ дар беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ ва маркази санитари эпидемологии ноҳия  4011 ниқоби тиббӣ, 1500 ҷуфт дастпӯшак,  33 адад хилъати махсус, 45дона хилъати истифодаи яккарата, 80 адад бахил, 490 кг хокаи хлор, 160 литр гипохлориди натрий, 550 флакон (5,5литр), маъводҳои антистептикӣ, 46 литр моеи шуянда захира карда шуда, 3 адад дастгоҳи  нафасдиҳии сунъӣ, 3 адад термоскайнер, 4 адад дастгоҳи дорупошак  омода карда шудааст.

Ҳамзамон аз тарафи духтурону табибони Маркази саломатии ноҳия бошад, 155 нафар шаҳрвандони ноҳия баъди гузаронидани ташхис ва муайян намудани бемории илтиҳоби шуш ба табобати хонагӣ фаро гирифта шуда, то имрӯз 107 нафараш шифо ёфта, 47 нафари дигараш ҷиҳати табобат зери назорати духтурони оилавӣ қарор доранд.  Мутахассисони соҳа ва дигар кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини барномаҳои соҳа, беҳбуд бахшидан ба  шароит ва корҳои табобатии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, таъминот бо мутахассисони соҳибихтисос ва беҳтар ба роҳ мондани риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла бемории масунияти одам, мунтазам дар байни аҳолии ноҳия баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии ин вабои аср ҷораҳои саривақтиро амалӣ намоянд.

Соҳаи фарҳанг дар баланд гардонидани сатҳи маънавиёти аҳолӣ нақши басо муасир дорад. Бо ин мақсад бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи Нақша-ҷорабиниҳо зумрае аз корҳоро амалӣ намудааст. Вале дар баробари пешравиҳои ин соҳа ҳанӯз камбудиву нуқсонҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Бинобар ин ба масъулини соҳа, мудири бахши  фарҳанги ноҳия  дастур дода мешавад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию нуқсонҳои ҷойдошта, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар фаъолияти минбаъдаи худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон зикр карда шуд, ки “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамҷун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлату Ҳукумат боқӣ мемонад”.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия тибқи талаботҳои Барномаҳои соҳаи ҷавонон, ки ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон равона карда шудаанд, фаъолият намуда, ҷиҳати ташаккул ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва ватанпарастии онҳо корҳои назарасро ба сомон расонида истодааст.

Ба мақсади таъмини иҷрои самарабахши  “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шуда, барои футболбозони ноҳия шароити иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқи ва ташкилӣ фароҳам оварда шудааст. Айни ҳол дар ноҳия як варзишгоҳи  замонавии маркази футбол бо шаш ҳазор ҷойи нишаст, 155 адад майдонҷаҳои варзишӣ, аз он 5 адад майдонҷаҳои замонавии варзишӣ дар ихтиёри ҷавонон мебошад.

Дар ин давра беш аз 4  вохӯриҳо бо ҷавонони синну соли даъватӣ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳаёти сарбозон гузаронида шуд.

Хушбахтона солҳои охир сафи ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда, нақшаи сафарбаркуни  ҷавонони ноҳия  ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳорӣ  101 фоиз иҷро гардид.

Бояд иброз намуд, ки бобати иҷрои фармони мазкур Нақша даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат, Намуна,  ва шаҳраки Панҷ пеш аз муҳлат иҷро намуданд. Бинобар ин роҳбарият ва масъулини ин ҷамоатҳоро зарур аст, ки дар иҷрои Фармони Сарвари давлат ва таъмини иҷрои  Нақшаи даъват тирамоҳии соли ҷорӣ аз ҳозир ҷораҳои заруриро роҳандози намоянд.

Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, волоияти қонун, озодиҳои шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб ёфта дар ин самт нақши мақомотҳои  ҳифзи  ҳукуқ  назаррас мебошад. Аз 125 шаҳрванде, ки ба таври ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷ таҳсил менамуданд, 123 нафараш ба ватан баргардонида шуда,  оид  ба  баргардонидани 2 нафар шаҳрвандони боқимонда бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ  идома доранд.

Имрӯз  занон дар ноҳия 59940 нафарро ташкил меди{анд, ки аз ин шумора 27510 нафараш занони rобили ме{нат буда, 124 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамоянд.

Айни замон аз ҳисоби занон 1 нафар вакили вилоятӣ, 7 нафар ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 42 нафар занон ба вакили Маҷлиси вакилони ҷамоатҳо пешбарӣ ва интихоб карда шудаанд.

Ҳамзамон вобаста ба амалӣ намудани солҳои 2019-2021 ҳамҷун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷораандешӣ намуда, бобати зиёд намудани  сафи ҳунармандон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷораандешӣ намоянд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 1491 нафар навзодонро ба қайд гирифтааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 183 нафар кам аст. Ақди никоҳ бошад 395 нафари навхонадоронро дар бар мегирад,  ки нисбати  ҳамин давраи соли гузашта 121 нафар кам мебошад, қайди вафот 177 нафар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар кам, ивази ному насаб 74 нафар нисбати соли гузашта 96 нафар кам, фарзандхонӣ 6 нафар, муқаррар намудани падарӣ 248 нафар мебошад.

Дар ин давра бо мақсади таъмини талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои меъёрию – ҳуқуқии соҳавӣ ва қарору амрҳои  раиси ноҳия дар  соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Ҳамзамон дар ноҳия 7 масҷиди ҷомеъ ва 71 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудааст ва онҳо муътадил тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон амал намуда истодаанд.

Дар шаш моҳи  соли 2020 дар ноҳия 768 тӯйи домодию арӯсӣ, 1 хатнасӯри хайриявӣ барои 30 нафар кӯдакон барпо гардид. Хароҷоти умумии маъракаҳо 2 миллиону 374,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба ҳар як маърака 3091  сомонӣ рост меояд.

Дар ин давра вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 {олати қонуншиканӣ ошкор гардидааст.

Иттилоот яке аз воситаи муҳими тарғиботӣ ва инъикоскунандаи ҳаёти гуногунҷабҳаю фаъолияти гуногунмазмуни мардуми ноҳия мебошад. Бо ин мақсад ҳайати эҷодии рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» дар давоми шаш моҳи соли  2020, 14 маротиба рӯзномаро бо теъдоди 1140 нусхагӣ нашр намуданд. Камбудиҳои дар  ин самт  ҷойдошта, рафти иҷрои саривақтии нақшаи обуна  ба ин рӯзномаю маҷаллаҳо мебошад.

Бинобар ин  масъулини соҳа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади иҷрои саривақтии нақшаи обуна ба ин рӯзномаю маҷаллаҳо ҷораандешӣ намоянд.

Ҳамзамон вобаста ба иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» амалисозии самарабахши технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ, ҷалби занон ва ҷавонон ба хизматӣ давлатӣ давоми шаш моҳи соли ҷори  тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Бо ин мақсад дар ин давра, 1 маротиба барои ишғоли мансабҳои маъмурии холии хизмати давлатӣ озмун гузаронида шуда, 5 нафар довталабон ба вазифаҳои хизмати давлатӣ қабул карда шуданд.

Итминони комил дорам, ки мардуми бонангу номус ва шарафманди ноҳия, бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои абармарди арсаи таърих, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд ва  ба хотири  пешрафту тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон, инҷунин сазовор истиқбол гирифтани санаи муҳими таърихӣ, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда ва босазои худро хоҳанд гузошт. Зеро барои наслҳои ояндаи худ мулки ободе мерос гузоштан дар саҳифаи таърих бо хатҳои заррин навишта шуда, ояндагони мо аз заҳмати ватандӯстонаву пуршарафи мо ифтихор хоҳанд кард.

Дар ин роҳи пуршараф ва амалӣ гардидани ҳамаи умеду ормонҳо ба тамоми сокинони ноҳия ва Шумо ҳозирини арҷманд барору комёбиҳо таманно дорам.

 

      Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *