Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҳисоботҳои ҳармоҳа ва ҳарсола

Соли 2022 ҷамъбаст шуд

Ба наздикӣ дар ноҳия маҷлиси ҷамъбастии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2023 баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи зикршуда муовини якуми раиси ноҳия ҳ. Нидозода гузориши муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия як зумра корҳои назаррасро ба сомон расонидааст. Тибқи маълумот-ҳои оморӣ хизматрасонии пулакӣ дар соли 2022 ба 71,7 млн. сомонӣ расонида шуд. Гардиши савдои чакана бошад, дар ҳамаи бахшҳо 237, 2 млн. сомониро ташкил дод. Нақшаи қисми даромади буҷет ба маблағи 33 млн.742 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд , ки он 100, 1 % иҷро гардид. Нақшаи пардохти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 % иҷро шуд. Дар маҷмуъ буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100, 3% иҷро гардид. Вале бақияпулиҳо аз ҳисоби фаъолияти мунтазам надоштани баъзе ташкилоту корхонаҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд.

Музди меҳнати миёнаи моҳона дар соли 2022 1137 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21 % афзоиш ёфтааст. Дар ноҳия ба якуми январи соли 2023 шумораи нафақахӯрон 10212 нафарро ташкил медиҳанд. Пардохти маблағи нафақаи онҳо ҳамеша зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Тибқи “Равзанаи ягона” дар соли 2022 аз тарафи нозироти андоз 6651 нафар соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла 5510 хоҷагии деҳқонӣ, 952 нафар соҳибкор бо патент ва 189 нафар соҳибкори инфиродӣ бо шаҳодатнома дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5, 7 млн. доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи азхудшудаи онҳо 382, 8 доллари амрикоӣ ё 6, 7 % умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1230 нафар бароии пайдо кардани ҷои корӣ муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 475 нафарашон занонанд. Аз шумораи умумии муроҷиатку-нандагон 1155 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1120 нафар таъмин шуданд.Дар ин давра 13 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 89 ҷои кори холӣ пешниҳод шуда буд. Дар давоми сол 190 нафар ба ҷои кор роҳхат гирифта, 200 нафар ба касбомӯзӣ ва 55 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд.
Ҳ. Нидозода ҳамчунин дар бораи соҳаи кишоварзӣ ва рушди он, кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, нуқсону камбудиҳои ҷойдошта, фаъолияти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист, корҳои ободонию созандагӣ, рушди босуръати саноат, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, сохтмонҳои манзилҳои шахсӣ ва иншоотҳо ба муносибати 35- солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат, фаъолияти самарабахш дар фасли зимистон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, дастгирии маъюбону ятимону ниёзмадон ва дигар самтҳои фаъолият гузориши муфаcсал дод.
Ҳамзамон мавсуф баробари муваффақиятҳо камбуду нуқсонҳои ҷойдоштаро дар ҳар як соҳа ошкор намуда, роҳу усулҳои бартараф кардани онҳоро нишон дод ва роҳбарону саварони корхонаю коргоҳҳоро муваззаф намуд, ки ҷиҳати бартараф сохтани камбуду норасоиҳо чораҳои муассир андешанд.
Дар ҷамъомад муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода Амонулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З. Ф. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, аз масъулини соҳаҳо ҷиҳати сабабу омилҳои сар задани камбуду нуқсонҳо пурсиш ба амал овард ва роҳҳои бартараф кардани норасоиҳоро нишон дод.
Дар хотима муҳтарам Шоҳиён З. Ф меҳмононро бовар кунонид, ки мардуми меҳнаткашу шарафманди ноҳия аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода бурда, ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнати фидокорона ва дастовезҳои шоён истиқбол хоҳанд гирифт
Н. Фозилҷон, Ш.Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *