Сиёсат

Муҳтавои Паём ба мардум

Дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021 №989 аз 4 -ум то 10-уми январи соли 2022 вакилони Маҷлиси намояндагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрию мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон бобати баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Бо ҳамин мақсад вакилони Маҷлиси намояндагон Раҳмонзода Зоир ва Гавҳар Шарофзода ба ноҳия омада, бо интихобкунандагон мулоқотҳо оростанд. Нахуст дар маркази ноҳия бо иштироки кулли роҳбарони муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, инчунин аҳли заҳмати ноҳия ва баъдан дар ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат, Намуна бо сокинони маҳаллаҳо вохӯриҳо гузарониданд.

Вакилон дар ин вохӯриҳо аз Паёми Сарвари кишвар, ки 23- юми декабри соли 2022 ироа шуда буд, ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бори дигар дуруст таъкид намуданд, ки бо вуҷуди буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар аксарияти кулли мамолики дунё ҳукмрон буд, кишвари мо бо ҷаҳду талошҳои аҳли заҳмати ҷумҳурӣ ба он муваффақ шуд, ки раванду рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро нигоҳ дорад ва ҳатто то дараҷае инкишоф диҳад. Соли 2022 бо вуҷуди таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ рушди иқтисодиёти кишвари мо дар 5 соли охир 7, 3 % таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 млрд ба 115 млрд сомонӣ расид. Сатҳи некуахволии мардум баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ ба 87 млрд сомонӣ расид. Сатҳи камбизоатӣ аз 27, 4 % соли 2018 ба 22, 5 % дар соли 2022 коҳиш ёфт. Танҳо дар соли 2022 190 ҳазор ҷои кории нав таъсис дода шуд. Умуман рафти тараққиёти ҳамаи соҳаҳо дар 5 соли охир дар ҳоли рушд қарор дорад, ки ин натиҷаи заҳмату меҳнати фидокоронаи мардуми кишвар мебошад.
Вакилон қайд карданд, ки дар 5 соли охир рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, сохтмон, алоқа назаррас буда, ҳадафҳои асосии ҳукумати ҷумҳурӣ- таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва рушди борсуръати саноат амалӣ шуда истодаанд.
Ҳадафҳои асосии кишвар дар самти соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт, фаъолияти бонизоми ҷавонон, занон, амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муваффақиятҳо дар ин самтҳо дар баромади вакилони Маҷлиси намояндагон бори дигар ёдовар шуданд.
Вакилон ҳамчунин дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ сухан ронда, бори дигар хотиррасон карданд, ки пешниҳоди панҷуми Пешвои миллат, Сарвари кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Миллаи Муттаҳид бо ҳаммуаллифии 153 кишвари ҷаҳон ва ҷонибдории аксарияти кулли давлатҳои узви Созмон қабул карда шуд. Ин рӯйдоди навин обрӯю эътибори кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт. Дар асоси ҳамин пешниҳод соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо, 21- уми март Рӯзи ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. ҳамчунин пешниҳод гардид, ки соли 2025 дар пойтахти кишвари мо Конфронси сат-ҳи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо баргузор шавад ва Бунёди ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. ҳамаи ин кишвари моро ҷиҳати ҳалли масоили глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам машҳур намуд.
Вакилон вазъи имрӯзаи ҷаҳон, сиёсати хориҷии кишвари мо ва муносиботи ҳасанаи бисёрҷонибаи Тоҷикистонро бо мамолики минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки аз Паёми имсолаи Сарвари кишвар бар меоянд, ҳаматарафа ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар охири ҳар як мулоқот байни иштирокчиён ва вакилон суолу посухҳо доир гардид. Вохӯриҳо дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва маънавӣ баргузор шуданд.
П.Нуров, Ш. Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *