Нуқтаи назар

Нақши Президент дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ

Ба наздикӣ дар толори Маркази эҷодии бачагону наврасон, ки бинои он ба тозагӣ дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 ноябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ноҳия ва раиси он Манзар Каримов конференсияи илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Конференсия дар мавзуи «Нақши Президент дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ» гузаронида шуд. Баромадкунангони конференсия аз ҷумла чунин гуфтанд:
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдодит тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур – ин оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Панҷ ҳам дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ интизор аст. Дар чунин вазъияти ҳассос Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид ва қарорҳои он ватанамонро наҷот дод.
Бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумии ин Иҷлосия аз иҷрои вазифаҳои худ сарбаландона баромаданд. Иҷлосия аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок дошт ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Дар ҳамин Иҷлосия вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон Парчами кишварро бӯсида, савганд ёд карданд ва ба иштирокчиёни Иҷлосия рӯ оварда, гуфтанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».
Роҳбари тозаинтихоби давлат мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».
Бешак, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ рӯи кор овард ва ин шахсият на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуданд, балки дар бунёди давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми босазо гузоштанд.
Манзар Каримов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *