Нуқтаи назар

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон.

Дар ҳақиқат ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон буда, барои рушду инкишоф ва пешравии миллати тоҷик дарси нангу номусу  садоқат ва барои дигарон дарси ибрату сармашқи ваҳдатофарӣ мебошад. «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро  қавӣ намоем.

Албатта, инсонҳо дар раванди рушду такомули хеш дар тӯли ҳазорсолаҳо аз фард ба хонавода, қабила, қавм ва билохира ба марҳилаи миллат ё давлат- миллат расидаанд. Дар чунин давлат, миллат ба як андешаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ табдил гардида, оҳиста-оҳиста моҳияти қавмии худро аз даст медиҳад. Маълум аст, ки миллатҳо ба таври механикӣ сохта намешаванд ва бо гузашти замон ва тағйири шароитҳо метавонанд мустаҳкам ва ё заифу нотавон бошанд. Бинобар ин, агар қабул намоем, ки миллат иттиҳоди ризоияти шаҳрвандони як ҷомеа дар як давлати миллӣ аст, пас се омили асоси унсурҳои ваҳдати миллии воқеъиро дар як кишвар ташкил медиҳад: давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ризоият.

Муҳимтарин унсур ва ё омил дар ин байн, давлати миллӣ мебошад, яъне давлате, ки дар асоси иродаи озоди мардум ба вуҷуд омада, адолати иҷтимоиро барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар фароҳам месозад. Дар чунин давлат тафаккур ва эҳсоси шаҳрвандӣ низ рушду инкишоф ёфта, заминаҳои  хуберо барои давлати миллӣ фароҳам меоварад. Давлати миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои эҷоди ваҳдати миллӣ шароит фароҳам месозанд, вале такмилдиҳандаи раванди ваҳдати миллӣ «ризоият» мебошад, ки онро баъзан ризоияти миллӣ низ мегӯянд.

Маҳз ҳамин ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ сабаб мегардад, ки ваҳдатро ҳамчун падидаи инъикосгари пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мешиносанд. Инро мо дар мисоли ваҳдати миллии тоҷикон, ҳамчун дастоварди нодир ва инъикоскунандаи ризоияти миллӣ ба хубӣ дарк менамоем.

Ба даст овардани сулҳу салоҳ махсусан, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба хотири ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо унвони « Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида буд, барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт. Ин санаи таърихӣ оғози давраи нави бо ҳам омадани миллати тоҷикро муаррифӣ  менамояд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *