Сиёсат

Эй хасу хоки зарнисори Ватан, дӯст дорамат (Ватандорӣ- имондорӣ)

 

Баъд аз ҳазор сол халқи тоҷик боз соҳиби давлати комилҳуқуқ гардид. 9 – сентябри соли 1991 Ҷумҳӯрии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд.
Соҳибихтиёр шудани ватани азизамон масъалаҳои зиёди ихтисорӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро пеш овард.
Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи идеология ва низоми тоталинтарии (яккаҳизбӣ, ҳукумати фармонфармоии ягона) империяи бузург арзи фаъолият намуд.
Дар он солҳо системаи ягонаи сотсиалистии ҷаҳонӣ буҳрони идеологӣ мубтало гардид. Мамлакатҳои сотсиалистии аврупо дар ин буҳрони шадиди идеологӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ роҳҳои милликунонии худро ҷустуҷӯ мекарданд ва пояи ин системаро суст намуда, ба пош хурдани он замина мегузоштанд. Ба ҳар роҳу воситаҳои ҷангҳои сардро аҳддори худ қарор дода, муборизаҳои идеологиро бо диди нав ба роҳ монда, барои ба пош хӯрдани системаи сотсиалистӣ ва истиқлолият ба даст оваранд.
Иттиҳодияи абарқудрати Шӯравӣ, ки яке аз асосгузорони идеологияи сотсиалистӣ ба шумор мерафт дар солҳои 90-уми асри ХХ дар ин набарди идеологӣ шикаст хӯрд ва оҳиста -оҳиста ҷумҳуриҳои иттифоқи Шӯравӣ ва мамлакатҳои сотсиалистӣ паси ҳамдигар худашонро соҳибихтиёр эълон намуданд.
Ана дар ҳамин давраи ҳасос Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлатҳои тоҷикон шуруъ намуд. Тоҷикистонро ҳамон солҳо вазъияти ниҳоят сангини дохилӣ ва минтақавӣ фаро гирифта буд. Зиддиятҳои дохилӣ ва кашмакашҳо боиси фалаҷ шудани иқтисодиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Ватанамон гардида буд. Сохтори давлатӣ аз кор монда мардуми Тоҷикистонро буҳрони маънавӣ, ахлоқи ҳамидаи аҷдодӣ фаро гирифта, вазъияти иҷтимоию сиёсиро мутташаниҷ менамуд. Ҳатто ба пора – пора шудани Тоҷикистон ва хавфи аз харитаҳои ҷаҳон нест шудани он ба назар мерасид. Лекин чораҳои оқилона барои рафъи мушкилиҳо ва сабру таҳамул дар душвориҳо аз фарҳанги воло ва таҳаммулпазирии азалии халқи тоҷик гувоҳӣ медод, ки мо бухронеро ҳал карда метавонем.
Иҷлосияи XIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 кори худро оғоз бахшида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав барқарор намуд ва даҳҳо масъалаҳои пешорӯи роҳбарияти кишвар омадаро оқилона, дурбинона истифода аз хиради азалии миллиамон мавриди баррасӣ қарор дода, ҳаллу фасл намуданд.
Дар ҳамин давраи ҳасос ва мураккаб фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари мамлакат интихоб шуд ва аз рӯзи нахустин зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро, ки фалаҷ гардида буданд оқилона ва хирадмандона ба хотири якпорчагии Тоҷикистони азизамон ҳал намуда, сохтори давлатдориро барқарор кард. Ҳалли дурусту саривақтии ин мушкилиҳо барои сарвари тозаинтихобшуда осон набуд. Аммо ҷасорат, матонати роҳбарӣ ва эҳтирому садоқат ба ватани ин сарзамин, хоку марзу бум роҳбари ҷавону дурандешро водор намуд, ки заҳмати шабонарӯзӣ кашида бо дилу нияти нек меҳнат карда, дар сатҳҳои баланди байналмилалӣ баромад намуд ва кишвари маҳбубамонро аз вартаи нестӣ ва гирдобҳои даҳшатбори сиёсӣ халос карданд.
Ин боси гардид, ки давра ба давра вазъи душвории ҷумҳурӣ ба эътидол ояд. Дар баробари ҳалли масоили зимоми давлатдории нави тоҷикон асоситарини он қабул намудани конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он сохтори давлат ва қишрҳои онро аз нуқтаи назари қонун ва адолат пеш гузошт ва ҳал намуд. Ёдовар мешавем, ки дар моддаи 1-уми конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ба маврид аст, ки вожаи «дунявӣ»-ро шарҳ диҳем, ба маънои «дунявӣ» кас сарфаҳм равад баъзе гапу гапчаҳо ва нофаҳмоиҳо оиди ин ва дунят кам мегарда ва хонанда метавонад ба ҳар саволи марбут ба дунявӣ будани Ҷумҳурии мо посухи амиқ диҳад.
Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз аз донишҳои мукамали замон, пешрафти илму техникаи ҷаҳонӣ, донистани бархурди тамадунҳо дар шароити ҷаҳонишави ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангиву ахлоқии шаҳрвандӣ моро бахусус ҷавонони ояндасози миллатро водор месозад, ки дониш омузанд, ҳамқадами замон бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъмати бебаҳои Худодиро яъне Истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Дунявият як шакли сиёсии таъминкунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ё бединӣ буданро дар ҷомеа надорад ва ҳамзамон маънои атеизмро надорад, баракс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми қишру табақа ва намояндагони динҳоро наздик ба иттифоқ будан ҳидоят мекунад.
Ҳамин нуқтаро қайд бояд кард, ки дар низоми давлатдории дунявӣ иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд, вале давлати дунявӣ ба дин ҳамеша ҳамчун арзишҳои фарҳангӣ муносибат мекунад ва падидаи фарҳангии ахлоқӣ эътироф шуда, ба он шароити мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Дар ин замина моро зарур аст, ки аҳли ҷомеа хоса, ҷавононро аз равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва аҳдофи созмону гуруҳҳои тундраву бадхоҳу ифротгаро, ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳшуда огоҳ намоем, то ба доми ингуна бадхоҳони миллат беватан гирифтор нашаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш таъкид намуда буд: «Мо бояд ҳаргиз фаромуш накунем ва ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои констутитсионӣ оқибатҳои даҳшат накуфоҷиа бори мухолифати мусаллаҳона ва ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандон бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобутшавӣ оварда расонд»
Оре, гуфтаҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баръало ҳаққанд ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бадхоҳони миллат ва хоҷагони онҳо ба ҳар роҳу усулҳои ба худ хос ва истифода аз дини мубини Ислом ҷавононро ба гуруҳҳои худ ҷалб месозанд ва ба ин восита мехоҳанд, ки сулҳу амниятро дар кишвари мо барҳам зананд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашию нооромӣ ҳам харобиовар гирифтор намоянд. Мақсади аслии ин афрод, ифротгароён ба истилоҳ онҳоро террорист мегӯянд, дар ҷомеа даҳшатафканӣ, вайронкорӣ ба даст овардани сарват, пулу моли зиёд ва ниҳоят ба ҳокимияти конститутсионӣ мебошад. Бадбахтӣ дар он аст, ки роҳбарони созмонҳои ифротӣ аз аҳком ва шароити дини мубини Исломро бо андешаҳои ғаразноки шахсиашон олуда намуда, ақидаҳои разилонаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой мекунанд. Дар натиҷаи аъмоли терористии хеш сабабгори марги ҳазорон мардуми осоиштаи бегуноҳ мегарданд.
Ба ин гуна амалҳои бадкешонаашон онҳо нуфузи дини Исломро, ки воқеан дини покӣ, адолат, инсоф ва ғайра мебошад, то андозае обурӯйи онро дар байни динҳои дигар коҳиш медиҳанд.
Тоҷикистон давлати демократӣ нишон дод, ки ҳамагуна ҳиҷобҳои сиёсӣ метавонанд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишварамон озодона ва ба манфиати ободии он рушди ҳамаи хоҷагиҳои халқ фаъолият намуда, дар идоракунии давлат фаъолона ширкат варзанд. Мутаассифана дар давраи Истиқлолияти давлатӣ комил ба даст овардани Ватани азизамон Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳадафҳои номатлуби худро аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлат мақсад ва мароми худоро роҳандозӣ намуд.
Аз ибтидои фаъолияти Тоҷикистони экстремисти терористии Ҳизби Наҳзат дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон назар намоем, Ҳизби Исломӣ ҳамчун ҳаракати озодихоҳии мардумӣ шинохта шуда буд. Баъди фаъолият ва дар байни мардуми сустирода аз ин дини поки мубини Ислом ва ба мақсадҳои ғаразноки худ ва ба сари қудрат омадани Ҳизби наҳзат ва ташкил намудани давлати Исломӣ ошкор шуданд, то имрӯз давом дорад. Солҳои охир бо кушиши сарварони он ва сарпарастони хориҷӣ даст ба падидаҳои номатлуб монанди террор ва воҳимаю даҳшати мардуми осоиштаи кишвар даст доштанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳамчун ташкилоти экстремисти- терористии Ҳизби наҳзат эълон шуда, фаъолияти он бо қарори суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Дар айни замон Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо пуштибони бо ном «дӯстони хориҷиамон» ва сапарстону хоҷагони бурунмарзӣ кушиш мекунанд, ки ба ҳар роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ, террори иттилооти истифода аз шабакаи иҷтимоӣ интернет ба туҳмат ба дар ғами мардум ҳиссу бадбиниро бедор карданианд. Фаромӯш накардаанд, ки худи онҳо зодаи ин сарзамини сабзу биҳиштосо, Тоҷикистони азизанду аз оби софи он нӯши ҷон кардаанду аз ҳавои софу беғубораш нафас кашидаю фарзандони худро дар ин сарзамин ба воя расонидаанд. Курдилони миллат аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 29 сол мардуми шарифи Тоҷикистон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст, нодидагарои карда, чашм пӯшида , бо туҳмату буҳтонҳои хиёнаткоронаашон давлати навини тоҷиконро дар чашми ҷаҳониён сиёҳ карда, ба минвол аз хоҷагону сарпарстонашон қисса пур менамоянд. Худро ҳамчун ватандор ва ғамхори мардум нишон медиҳанд. Он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Имрӯз Тоҷикистонро давлатҳои пешрафта ва тарақикардаи ҷаҳон ҳамчун давлати амн ва рушдкарда мешиносанд. Амну субот, ороми, сулҳи бемайлон, ваҳдати саросарии кишварро ин ашхоси ғарибу хиёнаткор, курдилон ватанфурӯшон чашми дидан надоранд.Ҳар лаҳзаву ҳар замон барои вайрон кардани ин фазои суботу ором ва созандагии Тоҷикистони биҳиштосо аз ҳадафҳои нопоки худ терроризм ва дигар омилҳои ваҳшиёна истифода мебаранд. Ва ба миллати тамадддуновари худ инсон ва қатлу ғоратро раво мебинад.
Ватан ба мисли модар, падар азиз аст. Онҳо ба падару модари худ аз дуриҳои дур санг мезананд. Ин ба ягон гуфтаҳои шариати Ислом рост намеояд, ҳол он ки онҳо аз дини мубини Ислом сухан мегуянд. Бояд таъкид намуд, Ҳизби наҳзат мисли аксарият ҳизбу ҳаракатҳои ифротии дини сиёсӣ мисли «ихвон-ул-муслимин» «Толибон» «Ҳизбул таҳрир» ва дигарон бозичаи дасти давлатҳои абатқудрат буда, ҳамчун воситаи амалисозии манфиатҳои геополитикӣ истифода мебаранд. Ҳаминро ёдовар шавем, ки бисёри ин ташкилотҳои террористию ифротӣ маҳсули дасти онҳост яъне ин қудратҳо бо дасти худ ва ҳадафмандона дар мамлакатҳои мусалмонӣ чунин ҳизбу ҳаракатҳоро таъсис доданд. Кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ насбат ба ин падидаҳои номатлубу хатарноки глобалӣ дар канор намонда барои руйи об баровардани ҳадафҳоинопоки онҳо мубориза мебарад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш аз минбарҳои баланди ҷаҳони имрӯз вазъиятро бо таҳлилҳои дурбинонаи амиқ нишон дод, ки чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ барои мардуму давлатҳо хатари бузурги сиёсию иҷтимоиро пеш меоранд. Дар паёмҳои чандсолаи худ пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим, ба масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодию истқлолияти кишвар ва махсусан пешгирии тероризм ва экстремизм таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.Агар бо чашми сар бинем дар Тоҷикистони азизамон дар самти озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои диннӣ дар замони истиқлолият хелло назаррасанд. Чунин дастовардҳо саркардаҳои ташкилоти экстремистӣ- терористи Ҳизби Наҳзат нодида гирифта ғояҳои иғвоангез барои афрухтани низоъҳои сиёсию диннӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд.
Ҷаҳонро бемории COVID-19 такон дод. Давлатҳои мутарақикарда бештар ба ин вабо гирифтор шуданду ба хисороти моллии зиёд мубтало гаштанд. Мутаассифона ин ба Тоҷикистони азизи мо низ гузашт дар ин рӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, табибону муттахассисони соҳаи тандурустӣ барои пешгирӣ ва паҳн нашудани он тамоми имкониятҳоро дида барои авҷ гирифтани он мубориза мебаранд. Хушбахтона бо иқдоми Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон бемории COVID-19 пешгирӣ карда шуд ва барои пурра аз ин вабо халос шудани мардум шароити хуб ва дар сатҳи баланд ташкил намуданд. Ба беморон шароити хуби тартибиро фароҳам оварданд. Барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ ворисони Синои бузург шабу рӯз заҳмат кашида қаҳрамониҳо нишон доданд. Мутаассифона нафароне аз хориҷи кишвар ин бемориро яроқи ғаразноки худ карда, ба Ҳукумат ва табибони мо тир меандозанд ва мисолу фактҳои бедалел ва дуруғини худро дар матбуоти худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ менамоянд. Ба ин афрод боз ҳамон ашхосоне ҳастанд, ки ҳар чиро баҳона карда, ба сохтори давлатдории мо санг мезананд: Муҳиддин Кабирӣ, Салимпур, Аюбзода, Истарафшанӣ, Варақӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ғайраҳо. Симои ин ашхоси беномус, беватан бо ном тоҷик, ки лухтаки дасти хоҷагони хориҷианд дар филми мустанади «Хиёнат», ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ нишон дода шуд бараъло зоҳир гардид. Бинандагони ҳушёру закии телевизион дидаед, ки хоинони ватанфурӯш барои як пуч пули сиёҳ модар ва ватанашонро мефурӯшанд ва барои амали шудани мақсадҳои бадбинонаи хоҷагонашон аз ҳеҷ чиз рӯ нагардонида ҳамма корро мекунанд.
Хонандаи ҳушманд танҳо ва танҳо дар якҷоягӣ дар фазои амну субот, якдигарфаҳми таҳаммулпазири, садоқат ба ватан меҳр ба давлати соҳибистиқлоли миллиамон аз ин гуна афроди бегонапараст, ватанфурӯш бо корҳои созанда дидаи нав ба ҷаҳони имрӯза, заҳматҳои шабонарӯз баҳри дастовардҳои боз ҳам бузурги иқтисодӣ, фарҳангӣ рушд диҳем ва нишон диҳем, ки тоҷикон халқи тамаддунофар ва созанда аст, на сӯзанда.
Ватанро дӯст доред!
Модар яктост, Ватан яктост.

Муовини директор оид ба
корҳои тарбияви МТМУ №5 Отахон Туғонов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *