Бо мақсади таъмини иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020, №9 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16 ва 17-уми апрели соли равон баён доштанд, инчунин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми майи соли равон ҳангоми вохӯриашон бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, ҷиҳати ҳаматарафа омӯхтани ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, вусъат бахшидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини полезӣ, чорабиниҳои экологӣ, соҳаи чорводорӣ ва таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳа, вусъати корҳои ободинию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, санаи 16 июни соли 2020 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Зоҳирзода У.Т дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Панҷ санҷиш доир намуданд.
Баъди санҷиш дар ҳузури муовини раиси вилоят муҳтарам Зоҳирзода У.Т ҷаласаи сайёр доир гардида, роҳбарони гуруҳҳои корӣ, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия санҷиш гузаронида буданд, пурсида шуданд
Муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зоҳирзода У бобати ислоҳи саривақтии нуқсону камбудиҳои дар соҳаҳои мухталифи ноҳия ҷойдошта ба муовини якум, муовинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони чамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.