Вохӯри бо ҷамоат Хабарҳо

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар байни мардум

 

 

 

Тавре иттилоъ дода шуд, аз 2 то 9 январи соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ баромада, бо интихобкунандагони худ мулоқотҳо оростанд. 7 январ вакилони Маҷлиси намояндагон        Г. Шарофзода, З. Раҳмонзода ва Ҷ. Қурбонзода  ба ноҳияи Панҷ омада, бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузарониданд. Дар ин вохӯриҳо роҳбарони ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо, дигар фаъолони ноҳия  ва худи интихобкунандагон иштирок карда, гузоришҳои вакилонро бо мароқи том шуниданд.

Вакилон аслан дар бораи он қонуну санадҳое, ки дар давоми сол таҳия, баррасӣ ва қабул гардидаанд, суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо моҳияти муҳими танзимкунандаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фар-ҳангии мардуми кишвар ба ҳисоб мераванд. Қонунҳо маҳз ба хотири ҳимояи мардуми мамлакат, муайян намудани роҳҳои рушду тараққиёти ояндаи кишвар ва муваффақ шудан ба зиндагии шоиста қабул карда шудаанд.

ҳамзамон вакилон Г. Шарофзода, З. Раҳмонзода ва Ҷ. Қурбонзода  дар бораи он масъалаҳои мубрами рӯз, бахусус, истифодаи оқилона, сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ дар шароити зимистони нисбатан сарди имсола, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус (КОВИД-19), пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ,кишти зироатҳои кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, шудгори хушсифати заминҳо, омодагии хуб гирифтан ба киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва ёрирасон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани кори таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ, фарҳангӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти хӯроквории ниёзи мардум дар бозорҳо, саноаткунонии босуръати мамлакат ва амсоли инҳо барин масъалаҳои рӯзмарра суханронӣ намуданд.

 

 

Баъдан вакилон ба суолу таклифҳои интихобкунандагон ҷавоб дода, мушкилоти норавшани онҳоро воқеъбинона равшан сохтанд.

Вохӯриҳои вакилон ҳамин тариқа дар ҷамоатҳои деҳот низ гузаронида шуданд ва вакилон Г. Шарофзода, З. Раҳмонзода ва              Ҷ. Қурбонзода  оиди фаъолияти вакилиашон, ҳамчунин аз дастуру супоришҳои ҳукумати Ҷумҳурӣ, махсусан Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои болозикр ба интихобкунандагон ва аҳли заҳмати ноҳия муфассал ахборот доданд.

Вохӯриҳоро раиси ноҳия З. Шоҳиён ҷамъбаст намуда, вакилонро бовар кунонид, ки аҳли заҳмат дар иҷрои қонуну ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро гузошта, дастуру супоришҳои ҳукумати Ҷумҳуриро ҷиҳати иҷрои масъалаҳои мубрами рӯз бо масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард.

 

              Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *