Фаъолияти намояндагон

Баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати шашум)

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 10 июни соли 2020, №812 “Дар бораи даъват намудани иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати шашум) санаи 24 июни соли 2020, иҷлосияи сеюми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар кори ин иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва  раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

Дар кори иҷлосия инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Зуҳурзода Маҳмадсаид иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар иҷлосия рафти иҷрои қарори раиси ноҳия Панҷ аз 7 сентябри соли 2018, №857 “Оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини раиси ноҳия оид ба соҳаҳои саноат ва сохтмон (Кенҷаева Х) шунида шуд.

Сипас бобати рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи омори давлатӣ” сардори шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия (Мирзоев З)  ҳисобот дод.

Дар охири иҷлосия раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба  вусъати корҳои ободонию созандагӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, яъне президентӣ, сурат бахшидани кишти такрорӣ аз ҷумла картошка, пиёз, ҷуворимака, мошу, шолӣ ва дигар лубиёгиҳо, таъмини  амнияти озуқаворӣ ва захираи хӯроки дусола, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ дар самти пешгирии вабои аср яъне бемории «Коронавирус», мунтазам доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии ин беморӣ, истифодаи ҳатмии ниқоб, риояи ҳамешагии гигиенаи шахсӣ   ҷоннок намудани фаъолияти бунгоҳҳои тиббӣ, безарар гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю маҳаллаҳо  ва ҳар як хонаву ҳавлӣ, дастгирии ҳамешагии ниёзмандон, маъюбону, ятимон ва эҳтиёҷмандон, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул  супоришҳои мушаххасу қатъӣ доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *