Ҳозирин ва ҳамдиёрони азиз!
Ҳар сол дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳафтаи аввали моҳи октябр «Иди касбии омўзгорон» ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили иди касбии ин машъалафрўзони илму маърифат аз сиёсати хирадмандонаву илмдўстона ва фарҳангпарваронаву инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, далели равшани он аст, ки Роҳбарияти олии кишвар аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ, новобаста аз вазъияти бисёр мураккаби сиёсӣ ба рушди тамоми соҳаҳо, махсусан соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имрўзҳо низ ин равандро идома дода истодааст.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми устодону омўзго- рони ноҳияро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, дар рўзгор ва фаъолияти пурмасъулият ва бошарафашон сарбаландӣ ва барору комёбӣ хоҳонам.
Устодону омўзгорони арҷманд!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз зери роҳбарии Пешвои маҳбубу муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароитҳои муосир барои фаъолияти омўзгорон ва дар ин замина баланд гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон диққати аввалиндараҷа дода истодааст.
Ҳамаи мову Шумо огаҳӣ дорем, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маорифпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаи иҷтимоӣ, махсусан омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба андозаи 25 фоиз зиёд гардид.
Бинобар ин ҳамаи кормандони соҳаи маориф, яъне устодону омўзгорон, ашхосе, ки имрўз ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд зарур аст, ки бо донишу малакаи андўхтаи худ шогирдонро дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром гузоштан ба соири муқаддасоти миллат тарбият намоем.
Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Зеро вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон, яъне насли ояндасоз дода, хешро хушбахт меҳисобад. Гузашта аз ин рисолати асосии омўзгор ва муаллим дар руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, дўст доштани Модар – Ватан ва тамоми муқаддасоти миллии ниёгон тарбия намудани шогирдон мебошад».
Дар ашъори пурғановати Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ омадааст:
Дарси адиб гар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумла ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Дар яке аз асарҳои мутафаккир ва суханвар Ҳусейн Мазорӣ низ чунин оварда шудааст: «Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷўҳи љиддӣ дошта бошад. Омўзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ў қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некў гардонад».
Устодон ва омўзгорони азизу арҷманд!
Дар чунин марҳалаи басо ҳассос ва муташанниҷи сиёсии минтақа ва ҷаҳон гузашта аз ин муборизаҳои ошкору ниҳон, ки дар қисме аз кишварҳои сайёра рух дода истодаанд моро бетараф гузошта наметавонад. Зеро рисолати мо насли калонсол тарбия намудани ҷавонону наврасон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва сазовор шудан ба гузаштагони ба ору номуси миллатамон гардонидани ин қишри ҷомеа мебошад.
Бори дигар ҷойи таъкид аст, ки мо насли наврасро дар руҳияи ифтихори ватандорӣ тарбият намуда, дар муҳити оила, ҷомеа ва махсусан њангоми дарс дар муассисаҳои таълимӣ доир ба ахлоқу одоби ҳамида, маърифати инсонӣ ва шањрвандӣ, риояи қоидаҳои сару либос ва дигар масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия суҳбат намоем.
Ҳозирин ва омўзгорони арҷманд!
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки санаи 25-уми июни соли 2026 Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳод ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2027-2036- ро “Даҳсолаи байналми-лалии таҳкими сулњ барои наслҳои оянда” эълон намуда, Қатъномаи худро ба имзо расонид. Ин пешниҳод хушбахтона аз ҷониби тамоми давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки ҳадафи асосии ин даҳсола, пеш аз њама таҳкими сулҳу субот, рушди фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва ҳамдигарфаҳми байни халқҳо, инчунин ҷалбу фарогирии ҷавонон ва наслҳои оянда ба ҳифзи арзишҳои сулҳ мебошад. Ин Қатънома ба он таъкид мекунад, ки сулҳи пойдор танҳо тавассути ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамдигарэҳтиромӣ таъмин мегардад. Инҷо метавон махсусан таъкид намуд, ки дар меҳвари ин эҳтирому таҳамулпазирӣ байни инсонҳо, таҳкими сулҳу субот ва пойдории он пеш аз ҳама омўзгор меистад, зеро рисолати асливу касбии ў тарбияи насли ояндасозу бунёдкор ва ватандўст мебошад.
Ин даҳсола барои наслҳои оянда як иқдоми муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба таҳкими сулҳу амният, тарбияи насли ҷавону ояндасоз дар рўҳияи инсондўстӣ ва таҳкими ояндаи осоиштаи башарият равона шудааст. Инчунин амалӣ гардидани ҳадафҳои ин даҳсола метавонад барои бунёди ҷаҳони орому босубот ва рушди ҳамкории байни миллатҳову халқҳо заминаи басо муҳим фароҳам оварда, саҳми арзишманд гузорад.
Бори дигар ҳамаи Шумо устодону омўзгорони азизро ба муносибати иди касбиатон самимона табрик намуда, дар рўзгори Шумо файзу баракат, оромиву суббот ва дар фаъолияти ҳамарўзаатон муваффақияту комёбӣ хоҳонем.
Иди касбиатон муборак омўзгорони азиз!
