Дар муқадимаи ҷилди дуюми асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» чунин оварда шудааст: «Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рўзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмўи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад». Пешвои миллат дар ин асараш ҳамзамон ибрози андеша намудаанд, ки: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муоишират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад».
Ба муносибати таҷлили ин сана, яъне “Рўзи забони давлатӣ” тамоми мардуми ноҳия ва Шумо ҳамдиёрони гиромӣ, махсусан устодону омўзгорон ва аҳли зиёи ноҳияро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо бо мақсади ҳифзу гиромидошт ва рушди забони давлатӣ барору комёбӣ таманно дорам.
Тавре мову Шумо аз таърих огоҳ ҳастем забони тоҷикӣ дар асри Х дар давраи нави таърихии худ, яъне замони давлатдории Сомониён ба авҷи камолот расида, як даврони тиллоиро ба сар бурд. Вале зиёда аз ҳазор сол пас аз барҳам хурдани давлати Сомониён то даврони Истиқлолияти давлатӣ, яъне то замони ташкили давлати навини тоҷикон ба маҳдудиятҳои зиёде дучор гардида, дар арсаи таърих тақдири он дар дасти бегонагон буд.
Ин забони дорои воқеан таърихи чандинасра дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳомии ҳақиқиву аслӣ ва воқеии худро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд. Зеро Пешвои муаззами миллат бо камоли ғамхориву дилсўзӣ ва фарҳангдўстӣ дар қатори дигар арзишњои миллӣ муқаддас будани забонро пайваста таъкид намуда, дар роҳи ҳифзу гиромидошт ва эҳёи он заҳматҳои зиёде кашида, миллати куҳанбунёди моро барои муқаддас нигоҳ доштани ин ёдгории беназири ниёгон ҳидоят намуданд.
Дар доираи иқдомҳои фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман «Рўзи забони давлатӣ» эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Бори дигар тамоми сокинони ноҳия, бахусус, аҳли зиёро ба муносибати таҷлили «Рўзи забони давлатӣ» самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо файзу баракати рўзгор ва саодати зиндагонӣ ва фараҳу шодмонӣ хоҳонем.
Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азизу арҷманд!

