Имрӯз, 1 октябри соли ҷори бобати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи ба эҳтиёт русат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати давлатиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар варзишгоҳи марказӣ маросими гусели наваскарон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок ва суханрони намуданд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷавонони даъватшуда дастархони идона ороста ва барои болидахотирии онҳо барномаи консертии идона омода ва пешкаш карда шуд.

